Сол аз сол Ҷанги ҷаҳонии дувум бо мардуми дунё бештар фосила мегирад, аммо хотираи талхи мардум, таъсири баде, ки ин ҷанг дар дунё гузошт ҳеч гоҳе фаромӯши аҳли олам намешавад. Ин ҷанг қаҳрамонҳову хоинҳои зиёде дар сар то сари олам дошт. Матлаби имрӯз аз рӯзги ятимбачае қаҳрамоне қисса мекунад, ки довталабона ба ҷанг рафту барои ҳамеша ифтихори хонаводаву Ватану мардум шуд. Мирзо Бекматови машҳур...

Фоҷеа, ятимӣ ва рӯзгори сахти наврасӣ

…Овози гиря ҳама ҷоро фаро гирифта буд. Писараке бо чашмони ашколуд ба сӯи осмон нигоҳ мекарду мегирист. Ҳамсояҳо сари ӯро сила мекарданду тасаллояш медоданд. Лекин ӯ ҳеҷ касро намедиду намешунид. Дар пеши назараш танҳо рӯйи зебои модар ва падари меҳрубонаш ҷилва мекард...

Мирзо ҳамагӣ ҳашт сол дошт. Хоҳаракаш Зиёрат чорсола буд. Ӯ бо чашмони гирёну ҳайрон ба бародараш менигарист. Марги бераҳм дар як рӯз ин тифлаконро аз падару модар маҳрум сохт.

Пирони деҳ гуфтанд, ки аз як хона баровардани ду тобут хосияти бад дорад. Падари Мирзоро аз дар бароварданд. Деворро шикаста, аз пушти хона модарашро бароварданд. Мирзо намедонист, ки ба сӯи кадомаш бидавад…

— Очаҷон, отаҷон, наравед…,– фарёд мекард ӯ...

Ҳамсоязане ӯро сахт ба оғӯш гирифта, тасалло медод. Мирзо ҳамроҳи мардҳо ба гӯристон рафт. Тамоми дунё дар назараш торик менамуд. Ҳангоми ба хок супурдани волидонаш аз ҳуш рафт…

Солҳо мегузаштанд. Мирзои хурдакак бисёр сахтиҳои зиндагиро аз сар гузаронид. Ятимӣ барояш мактаб буд, санҷиш буд. Писараки хушзеҳни куҳистонӣ роҳи донишомӯзиро пеш гирифт. Хонданро аз ятимхонаи «Сари чашма» сар кард… 


Худам аз кӯдакӣ бори худамро мебарам бо худ

Мирзо, монанди садҳо нафар ҷавонони даврони худ тақдири худро бо дастони худ сохт. Ӯ баробари ташкилёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1924 ба дунё омада, ҳамқадами ватанаш буд ва баробари он обутоб меёфт...

Хатти тақдири умри 96-солаи Мирзо Бекматов пурпечу душворгузар ва ибратомӯз буд...

Дар синни хурдсоливу наврасӣ ӯро мактаб-интернати ноҳияи Шӯробод ва пасон педкомбинати Кӯлоб тарбият кард, сипас таҳсилашро дар техникуми автомобилӣ ва роҳсозии Сталинобод (ҳоло Душанбе)  идома дода, дар сохтмони роҳи Сталинобод–Хоруғ иштирок кард. Маҳз дар ҳамин сохмони роҳ бо шоири номдори тоҷик Мирзо Турсунзода шинос шуда, дӯстӣ пайдо кард...

Марҳалаи бунёдкориву ободонӣ дар ҷумҳурии ҷавони тоҷикон сол то сол инкишофу равнақ меёфт. Ҳукумати мамлакат аз ҳама бештар ҷавононро бо таълиму тарбия фаро мегирифт, то ки онҳо дар оянда ба халқу ватан хидмат намоянд.

Соли 1940 Мирзо ба Институти тоҷикии тарбияи муаллимони шаҳри Тошканд дохил шуд, вале таҳсилро ба охир нарасонида, ҷанги ҷаҳонӣ аланга зад. Душман дар як муддати кӯтоҳ марзҳои Укроину Белорус, соҳили Балтик ва Молдовро забт кард.


Бар ҳифзи Ватан чу як шери нар бувад тоҷик

Ҳамсабақони калонсоли Мирзо ба фронт сафарбар шуданд. Мирзо ва чанде аз ҳамкурсонаш ихтиёран ба ҷанг рафтанӣ шуданд ва ба номи маршал Ворошилов телеграмма фиристода, хоҳиш карданд, ки онҳоро ихтиёран ба ҷанг сафарбар кунанд, вале бо сабаби нарасидани синну сол ҳар якеи онҳоро бо роҳхат ба ҳайси муаллим ба зодгоҳи худ фиристоданд.

Мирзо дар мактаби деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи он замон Шӯрообод муаллим таъйин шуд. Ҳама фикру хаёли муаллими 17-сола ба майдони ҷанг банд буд. Баъди кор дар мактаб, бегоҳиҳо ӯ аз рӯзномаҳо ва радио ахбори ҷангро дар назди колхозчиён баён мекард. Мардум ба вай эътиқод баста буд ва одамони куҳансол аз ин бачаи ҷавон мепурсиданд, ки кай душман аз мамлакат ронда мешавад…

Вақте ки синни 18 – ро пур кард, боз ариза навишт ва ин дафъа аввали моҳи январи соли 1943 ба сафи Армияи Совети даъват шуд. Ӯ дар омӯзишгоҳи ҳарбии қӯшунҳои пиёдагарди Гомел илми ҳарбу зарб омӯхт ва ба ҷанг фиристода шуд. Дар бригадаи алоҳидаи 39-уми танкии гвардия, ки ба ҳайати Армияи 43-юм дохил буд, ба ҳайси командири ҳайати зенитии зиддиҳавоии бригадаи танкӣ хидмат мекард.

Дар бораи ҳаёти ҷангии ин марди далер соатҳо нақл кунем, кам аст. Дар ҷабҳаҳои гуногуни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, алалхусус дар амалиёти машҳури “Багратион”, ки дар рафти он Белорус, ҷумҳуриҳои Соҳили Балтик ва Лаҳистон озод гардиданд, ширкат карда, бо ордену медалҳо сарфароз шуда буд.

Соли 1944

Дар муқобили марг, дар роҳи пирӯзӣ

Дар моҳи ноябри соли 1943 бригадаеро, ки дар он Мирзои ҷавон хидмат мекард, ба ҳайати Фронти якуми Соҳили Балтик, ки фармондеҳии онро генерали армия Иван Баграмян ба ӯҳда дошт, гузаронданд.

Чунон ки ӯ баъдҳо ба ёд меовард, набарде, ки барои обод кардани шаҳри Витебски Белорус 13 декабри соли 1943 шурӯъ шуд, набарди хунине буд, ки дар он чандин ҳамяроқонаш кушта шуданд.

Ин амалиёт аз ҳамлаи танкҳо, нерӯҳои пиёдагарди советӣ ва ҳавопаймоҳои қиркунандаи «ИЛ-2» шурӯъ шуд. Фашистони гитлерӣ низ девонавор муқовимат мекарданд. Аммо барои зенитчиён ҳамлаи ҳавопаймоҳои қиркунандаи немис хатари зиёд дошт, зеро онҳо кӯшиш мекарданд дар навбати аввал силоҳҳои зиддиҳавоиро нобуд созанд.

Дар хотироти худ дар ин бора М. Бекматов менависад, ки ҳавопаймои бомбаандози “Ҳейнкел-111”-и немисҳо маъмулан аз осмон мавқеашонро муайян мекард ва ба сӯяшон ё оташ мекушод ва ё бомба мепартофт.

Аз ҳамин хотир, ҳар вақт, ки ғурроси мотори ҳавопаймоҳои қиркунанда ва ё бомбаафкани фашистонро мешуниданд, пушти пулемётҳои ДШК ҷой гирифта, ба сӯи онҳо тир мекушоданд.

Дар рафти ин набардҳо зенитчиён чандин тайёраҳои душманро зада нобуд карданд. Дар баъзе набардҳо сӯхтану афтидани ҳавопаймоҳо ва тавассути парашют худро партофтани лётчикҳои душманро низ бо чашми худ дида буд.

Мирзо Бекматов сар аз охири моҳи июни соли 1944 дар яке аз калонтарин амалиёти Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки бо номи «Багратион» машҳур аст, ширкат мекунад.

Соли 1943

Дар рафти амалиёти «Багратион» аскарони шӯравӣ ба душвориҳои зиёд рӯ ба рӯ шуданд. Аз як ҷониб муқовимати девонавори фашистон суръати ҳуҷумро паст мекард, аз ҷониби дигар, барои аскарони советӣ убур кардани минтақаҳои ботлоқнишини Белорусия мушкилиҳои зиёд ба бор меовард.

Дар рафти ин амалиёт теъдоди нерӯҳои шӯравӣ 1 миллиону 200 ҳазор нафарро ташкил дод. Онҳо дар ихтиёри худ 4 ҳазор тонк, 24 ҳазор силоҳ, 5,4 ҳазор ҳавопаймо доштанд.

Тобистон ва тирамоҳи соли 1944 Артиши Сурх ба муваффақиятҳои барҷастаи ҳарбӣ ноил гардида, фашистонро ба 550 - 600 км ба қафо партофт.

Артиши Сурх аз 34 дивизияи фашистӣ 28-тоашро нест кард. Ин бузургтарин пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ аз нигоҳи миқдорӣ буд.

Ҳамчунин, Артиши Сурх як қисми азими қаламрави Шӯравиро озод кард, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Соҳили Балтикро. Сипас амалиёт барои озод кардани Аврупои Шарқӣ идома кард.

Вақте ки Фронти якуми Соҳили Балтика вориди Прусияи Шарқӣ шуд, Мирзоро ғаму ғусса фаро гирифт. Ӯ дар хотироти худ дар ин маврид менависад, ки акнун онҳо ҷангро дар қаламрави кишварҳои бегона мебурданд. Ӯ фикр мекард, ки агар кушта шавад, пас дар сарзамини душман ҳалок мешавад ва дигар касе ёдаш намекунад...

Рӯзи ғалабаро Мирзо Бекматов дар шаҳри Кенигсберги Пруссияи Шарқӣ пешвоз гирифт. Он бегоҳ фармондеҳии бригада ба ӯ супориш дод, ки ба хотири пирӯзӣ бар фашизми гитлерӣ салют дода шавад.

Иҷрои ин вазифа ба зиммаи сержант Бекматов вогузор карда шуд. Ҳамин тавр, соати 21 ҳамаи пулемётҳои калонқутра ва тӯпҳои аз фашистон ғанимат гирифтаро ҷамъ оварда, салют доданд.

Чанги Бузурги Ватаниро бо унвони харбии сержанти калони гвардия ба охир расонида, соли 1946 аз Артишҷчавоб шуд.


Зандагии баъдиҷангӣ: аз дидорҳо то раҳбарӣ

Фармондеҳии Фронти якуми Прибалтикаро генерали артиш Иван Баграмян ба ӯҳда дошт. Мирзо Бекматов чанд лаҳзаи хотирмоне аз дидорҳо бо ин лашкаркаши бузург дошт.

Бори нахуст генерал Баграмянро дар охири соли 1943, дар рафти яке аз набардҳои хунин мебинад. Азбаски немисҳо бошиддат муқовимат мекарданду аксарони советӣ ба зӯрӣ пеш мерафтанд, барои бо чашми худ дидани вазъият фармондеҳи фронт ба хатти ҷабҳа меояд.Вақте ки аскарон генерал Баграмянро аз наздик мебинанд, рӯҳбаланд мешаванд, зеро на ҳар фармондеҳ ин гуна ҷони худро ба хатар мегузошт.

Мирзо Бекматов бори дуюм бо генерал Баграмян тобистони соли 1945 вохӯрда, аз одамият ва то кадом андоза дилсӯз будани ӯ нисбат ба аскарони қаторӣ мутаассир гардид.

Тобистони соли 1945 барои рафтан ба ҷойи нави хидмат Мирзо Бекматов ҳамроҳи сержант Пётр Беляков ба ситоди округи Прибалтика, ки дар шаҳри Рига воқеъ буд, ҳозир мешаванд.

Вақте ки ҳуҷҷатҳояшонро тайёр мекарданд, ба ҳавлӣ мебароянд ва ғайричашмдошт аз пешашон Фармондеҳи ҳавзаи Соҳили Балтик Баграмян, ки ҳамроҳи як гурӯҳи калони генералҳо мебарояд, рӯ ба рӯ мешаванд.

Фармондеҳ ин ду аскари ҷавонро дида, аз онҳо мепурсад:

-Чаро шумо рафиқон сержантҳо либосҳову пойафзолҳои кӯҳна доред ва дар ситоди ҳавза чӣ мекобед?

П. Беляков пешдастӣ карда, ҷавоб медиҳад:

-Рафиқ генерали артиш, мо аз қисми барҳамдодашудаи Бригадаи 39 буда, барои идомаи хидмат ба қисми ҳавопаймоӣ равона ҳастем ва либосу пойафзоламон аз замони ҷанг аст.

И. Баграмян ба яке аз афсарон чизе мегӯяд ва сипас ба Мирзо Бекматову Пётр  Беляков муваффақиятҳо орзу мекунад. Афсари супориш гирифта онҳоро ҳамроҳи худ мебарад ва ба зудӣ ба ҳарду либос ва пойафзоли нав медиҳанд.

Бори дигар Мирзо Бекматов сарлашкар Баграмянро соли 1964 –ум, ҳангоми таҳсил дар Мактаби олии партиявӣ, дар Даҳаи адабиёт ва фарҳанги тоҷик дар Маскав мебинад. Сарлашкари собиқ, аллакай рутбаи маршалӣ гирифта буд. Маршал Баграмян ду қатор дуртар, ҳамроҳи котиби Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС Георгадзе нишаста буд ва ҳарду баъди анҷоми ҳунарнамоии ҳар як ҳунарманди тоҷик гарму ҷӯшон қарсак мезаданд.

Мирзо Бекматов хурсанд аз он буд, ки фармондеҳи ӯ, сарлашкар, ки зери роҳбарияш дар ҷабҳаҳои гуногуни ҷанг хидмат мекард, аз ҳунарнамоии тоҷикон ба ваҷд омадааст.


Охирин бор маршал И. Баграмянро Мирзо Бекматов дар рӯзҳои  кори Анҷумани XXIII КМ ҲКИШ дар соли 1966 дид. Дар яке аз рӯзҳо ӯ ҳамроҳи Раиси Совети Вазирони Ҷумҳурӣ Абдулаҳад  Қаҳҳоров ва чанд вакили дигар ба фоейи Қасри Кремл баромада, маршалро дар иҳотаи вакилон мебинанд, ки аз ӯ соядаст мегирифтанд.

Абдулаҳад Қаҳҳоров медонист, ки Мирзо Бекматов зери фармондеҳии ин лашкаркаши бузург хидмат кардаас ва ӯ пешниҳод карда, ки наҳаросида, рафта аз маршал соядаст гирад.

Ҳамин тавр, Мирзо Бекматов аз миёни одамон гузашта, ба Баграмян бо садои баланд муроҷиат карда мегӯяд:

-Иван Христофорович, рафиқ маршал! Ман собиқ аксари Фронти якуми Соҳили Балтик ҳастам, иҷозат диҳед соядасти шуморо гирам.

Ва баъди ин суханҳо ба Баграмян бюлетени иттилоотии Анҷуманро дароз мекунад. Баграмян мепурсад, ки дар қадом қисми ҳарбӣ хидмат мекард? Ҷавоб медиҳад, ки дар Бригадаи 39-ум.

Маршал табассум мекунад ва мегӯяд, ки он қисм ва командирашро хуб ёд дорад ва меафзояд, ки барои аскараш соядаст менависад. Ӯ чунин менависад: “Ба аскари собиқи Ҳавзаи  якуми Соҳили Балтик аз фармондеҳ И. Баграмян”.                               

Раҳбарӣ ва хидмат ба мардум


Ҷанги Бузурги Ватанӣ барояш мактаби мардонагӣ ва ҷасорат буд, ки ба ҳаёти минбаъдааш таъсири калон расонид.

Баъди ҷанг бо синаи пур аз ордену медалҳо баргашта, Мирзо Бекматов ният дошт, ки таҳсили худро дар Дорулмуаллимин идома диҳад, аммо ӯро ба корҳои партиявӣ даъват карданд, зеро ҳанӯз дар фронт коммунист шуда буд.

Аз моҳи августи соли 1946 то сентябри соли 1947 Мирзо Бекматов мудири хазинаи амонатии ноҳияи Шӯробод ва баъд муншии Комсомолии ин ноҳия интихоб шуд.

Аз соли 1948 то соли 1950 дар шаҳри Маскав дар мактаби комсомолии назди КМ ВЛКСМ таҳсил кард.  Дар ин мактаб Мирзои ҷавон обутоби ғоявию сиёсӣ гирифт ва ба Кӯлоб баргашта, ҳаёти худро пурра ба корҳои ҳизбию давлатӣ пайваст.

Солҳои баъдӣ ӯ дар Мактаби олии ҳизбии шаҳри Маскав таҳсил намуда, ҳамзамон факултаи таърихи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанберо ғоибона хатм кард.

Солҳои 1952 то соли 1974 Мирзо Бекматов дар вазифаҳои масъули шаҳри Кӯлоб фаъолият карда, умри хешро барои рушди минтақаи Кӯлоб сарф кардааст. Аз он ҷумла, солҳои 1961-1964 раиси Кумитаи иҷроия ва аз соли 1965 то соли 1974 котиби якуми ҳизбӣ кор карда, барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳр, инфрасохтори он корҳои назаррасро анҷом додаанд. Гузаронидани хати обу корез, телефон, газ, сохтмони микрорайонҳо, мактабҳо, боғчаҳо барои кӯдакон, беморхонаҳо ва муассисаҳои фарҳангӣ аз ҷумлаи онҳост. Маҳз айёми фаъолияти Мирзо Бекматов Донишгоҳи ба номи Рудакии Кӯлоб бо биноҳои таълимӣ ва истиқоматӣ ба кор cap карданд, омӯзишгоҳи касбӣ техникии №32 бунёд шуд.

Хидматгузорие, ки бо рискҳо ҳамроҳ буд

Мирзо Бекматов ҳамчун депутати Шӯрои Олии ҷумҳурӣ ва вакили Анҷумани ХХIII КМ КПСС бо дастгирии роҳбарияти онвақтаи ҶТ кушиш ба харҷ медод, ки баъзе иншооту объектҳоро ба нақшаи ҳарсолаи рушди шаҳри Кӯлоб ворид созад.

Барои баъзе пешниҳодҳояш ҳатто аз мақомоти ҳизбии ҷумҳуриявӣ танбеҳ ҳам мегирифт. Аз ҷумла барои сохтмони фурудгоҳи Кӯлоб  (Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб) ба Мирзо Бекматов аз даст додани билети ҳизбӣ таҳдид мекард. Сабаб он буд, ки сохтмони фурудгоҳи нави замонавӣ майдони калонеро талаб мекард, ки аз рӯи пешниҳоди Мирзо Бекматов он бояд дар майдони васеи пахтазори ҷамоати Зиракии колхози “Ленинград”-и ноҳияи Кӯлоб сохта мешуд. Мирзо Бекматов роҳбариятт ҷумҳуриро мутмаин мекард, ки сохтмони фурудгоҳ истеҳсоли пахтаро коҳиш нахоҳад дод. Ӯ ваъда мекард, ки нишондодҳоро аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокии пахта афзун мекунанд.


Баъдан, маҳз бо пофишории Мирзо Бекматов аз ҷониби мутахассисони ҳавонавардии мулкӣ санҷишҳои махсус гузаронида шуданд ва сохтмони фурудгоҳ соли 1973 оғоз шуда, соли 1975 ба истифода дода шуд.

Ҳангоми муҳосираи шаҳри Кӯлоб дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ҳамин фурудгоҳ ягона пуле буд, ки ин шаҳрро бо ҷаҳони беруна пайваст мекард ва дар ҳифзи соҳибихтиёрии ҷумҳурӣ нақши назаррас дошт.

Мирзо Бекматов ба рушди хоҷагии қишлоқ таваҷҷуҳи махсус дошт. Ҳосилнокии пахта то 38,9 сентнер, ғалла 18-20 сентнер, дарави юнучқа 5 маротиба зиёд карда шуда буд. Дар соли 1973 пахтакорони ноҳияи Кӯлоб аз ҷиҳати ҳосилнокӣ дар ҷумҳурӣ баъди ноҳияи Восеъ ҷои дуюмро ишғол карданд.

Бо ҳама фазилату кордонияш ва шахси масъулиятноку ташаббускор буданаш ӯ тамоми умр хоксориро аз ҳама бештар меписандид. Корашро аз рӯи виҷдон иҷро намуда, аз дигарон низ покизагиро талаб менамуд. Маҳз ҳамин буд, ки роҳбарияти онвақтаи Ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистон ташаббусҳои ӯро дастгирӣ мекарданд ва меҳнаташро қадр менамуданд. Ҳамин боварӣ буд, ки ӯро соли 1974 раиси Комитети назорати халқии вилояти Кӯлоб таин намуда буданд ва дар ин вазифаи пурмасъулият ва мушкил ин марди шикастанафс то соли 1986 босамар кор карданд ва соҳиби унвони Аълочии Комитети назорати халқии ИҶШС шуд.

Баъди ба нафақа рафтан Мирзо Бекматов аз соли 1987 раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб интихоб шуда, дар тӯли 34 сол, то 96-солагиашон! ин вазифаро сарбаландона иҷро мекарданд.

Пирӯзӣ бар фашизм бе қаҳрамони ҷанг


Имсол 76 –умин солгарди ҷашни Ғалаба бар фашизм аст. Аммо бо мурури замон сафи онҳое, ки дар ин пирӯзии бузург саҳм гузоштаанд, камтар мешавад.

Чанд моҳ қабл дили Мирзо Бекматов барои ҳамеша аз тапидан бозмонд. Ӯ охирин сокини шаҳри Кӯлоб буд, ки  дар ин ҷанги хонумонсӯз иштирок дошт.

Иди Ғалабаро соли равон оилаи Бекматовҳо ва сокинони шаҳри Кӯлоб бе иштироки ин инсони комил, хоксор, поксиришт, нафсшикаста, шуҷоъ ва  адолатпарвар пешвоз мегиранд.

Ӯ яке аз собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд, ки чун анъана ҳамасола 9 Май новобаста аз синну солаш дар чорабиниҳои гуногуни ҷашнӣ иштироки фаъолона мекард ва мисли як рамзи Иди Ғалаба дар шаҳри Кӯлоб буд.

Тӯли ҳаёта дар паради Ғалаба, ки дар шаҳри Маскав ҳамасола баргузор мешавад панҷ маротиба иштирок карда буд:

Соли 1955, ӯ донишҷӯи мактаби олии комсомолии Маскав буд ва дар тантанаҳои бахшида ба 10-умин солгарди Ғалаба дар Маскав ширкат варзид.

Соли 1965 ӯ ҳамчун донишҷӯ дар Мактаби олии ҳизбии КМ КПСС дар Паради Ғалаба ба ифтихори 20-солагии Ғалаба ширкат варзид.

Соли 1985 вай дар ҳайати колоннаҳои Фронти якуми Белорус дар роҳпаймоии Паради Ғалаба дар Маскав иштирок кард.

Соли 1995 дар ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ дар Паради Ғалаба ба ифтихори 50-умин солгарди Ғалаба дар Маскав ширкат варзид.

Соли 2010, пас аз иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба 65-умин солгарди Ғалаба дар Париж, 9 майи соли 2010 дар Паради Ғалаба дар Маскав ширкат варзид.

Дар соли 2020, ӯ расман ба ҷашни бахшида ба 75-умин солгарди Ғалаба ва ширкат дар Паради бошукӯҳи Ғалаба дар Маскав даъват шуда буд, бинобар пандемияи Ковид-19, ширкат карда натавонист...

Бо ҳамсараш

Номи неки Мирзо Бекматов - Шаҳрванди фахрии Кӯлоб, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, узви Президиуми Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ҶТ ва узви Шӯрои собиқадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Шаҳрванди фахрии Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Литва, ки номаш дар Китоби фахрии собиқадорони ҷанг дар осорхонаи “Поклонная Гора”-и шаҳри Москва сабт карда шудааст, абадан дар қалбҳо боқӣ мемонад. Рӯҳашон шод бод!