Jump to content

Бҳакти

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нусхаи вироиш аз 13:58, 11 марти 2019 тавассути Шухрат Саъдиев (баҳс | ҳисса) (илова)
(фарқият) ←Нусхаи кӯҳнатар | Намоиши нусхаи феълӣ (фарқият) | Нусхаи навтарин→ (фарқият)

Бҳакти (санскр. bhakti – муҳаббат ва ихлос; аз бҳаҷ – бахшидан, ато кардан), дар афкори динию фалсафии Ҳинди Қадим унсу дилбастагӣ, садоқату ихлос ба Худованд аст. Таълимоти Бҳакти аз қадимтарин давраи ведоӣ (Ведаҳо) ибтидо гирифта, дар «Бҳагавадгита» ва веданта комилан инкишоф ёфтааст; шакли мутааххири таълимот дар бораи Бҳакти сикхизм аст. Дар таълимоти Бҳакти мақсади олӣ – раҳоӣ (мокша) тавассути иттисоли рӯҳ (нафс) бо манбаи илоҳӣ муяссар мегардад. Се роҳи расидан ба ин мақсад мавҷуд аст: ҳикмат (ҷняна), ки ҳамчун дониши ҳадсии (ғайриақлонии) мавҷудот фаҳмида мешавад; хидмат ба Худованд ё аъмол (карма) ва Бҳакти, яъне як навъ ишқ, ки ваҳдати рӯҳ (ошиқ) бо Худованд ва айнияти онҳост. Баъзан Б. ҳамчун воситаи дарёфти покии ахлоқӣ дониста шуда, ҳулул бо Худованд роҳи хосси Бҳактиро (Б.-марга) ташаккул медиҳад. Шанкара ва баъзе мутафаккирони дигар бар ин ақидаанд, ки Бҳакти чун карма ва йога танҳо ба ҷняна – ҳикмат меорад. Рамануҷа шарти бо роҳи Бҳакти (Б.-марга) ба мақсад расиданро дар беэътиноӣ ба таом, зикри Худованд, некӣ, шафқат, ғамхорӣ, бемуқовиматӣ (ахимса), умед ва ғ. мебинад. Афзоиши Б. озодии маънавии инсонро дар назар дошта, боиси тавсиаи эҳсосот мегардад. Бо Бҳакти баъзе ақидаҳои иҷтимоӣ (баробарии ҳама дар назди Худованд, инкори тақсимоти кастаҳо)-ро низ алоқаманд медонанд.

  • Радхакришнан С. Индийская философия / Перевод с английского. Т. 1. М., 1956;
  • Индийская философия. М., 2009.