Jump to content

Самарқанд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нусхаи вироиш аз 10:27, 18 апрели 2022 тавассути VASHGIRD (баҳс | ҳисса) (clean up using AWB)
Самарқанд
Нишони шаҳри Самарқанд
Донистаниҳо
Кишвар : Ӯзбекистон
Вилоят : Самарқанд
Замони таъсис : соли 742 пеш аз милод
Шаҳр аз : соли 742 пеш аз милод
Номҳои пешин : Мароқанд
Раиси шаҳр: Фурқат Раҳимов
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Координатаҳо : 38.3401 а.ш.; 38.4737 т.ш.
Паҳноварӣ : 120 км²
Шумораи ноҳияҳо : 4
Шумораи ҷамоатҳо : Номаълум
Мардум
Аҳолӣ (2018) : 529,9 ҳазор нафар
Зичии аҳолӣ  : 4416 нафар/км²
Забони расмӣ : ӯзбекӣ
Забонҳои гуфторӣ : тоҷикӣ, узбекӣ, форсӣ, русӣ
Мазҳаб : суннӣ, ҳанафӣ, масеҳӣ
Нишониҳо
Сарвожа :
ISO-намоя : SMK
Пешшумора : +998 66
Нишонии почта : 140100
Замон : UTC+5
Вебгоҳ : samarkand.blog Бойгонӣ шудааст 21 май 2019  сол.
Шумораи мошинҳо : 30 A (030-039)AA
Манзараи Самарқанд

Самарқанд — шаҳри қадима ва маркази вилояти Самарқанд и Ӯзбекистон аст ва қисмати зиёди мардуми ин шаҳри қадима тоҷик аст (суннӣ, ҳанафӣ). Масоҳати шаҳр 120,1 км кв аст ва дар он 504,4 ҳазор нафар (соли 2015) шаҳрванд зиндагӣ мекунанд. Самарқанд — яке аз шаҳрҳои қадимтарини дунё мебошад, ки дар асри VIII пеш аз милод бунёд шудааст. Соли 2001 Самарқанд ба феҳристи мероси умумибашарии фарҳангии ЮНЕСКО дохил карда шудааст. Дар таърихи қадим Самарқанд пойтахти Давлати Суғди қадим буда, дар сарчашмаи хаттии "Авесто" номбар гардидааст.

Номгузорӣ

Майдони Регистон
Мадрасаи Шердор
Мадрасаи Биби хонум ва хиёбони Самарқанд
Масҷид ва мақбараи Ал-Бухори
Масҷиди Ҳазрати Хизр
Мадрасаи Улугбек
Мадраса дар Самарқанд
Мақбараи Шоҳи Зинда
Мақбараи Гӯри Амир

Номгузории муосири — Самарқанд — аз калимаи суғдии Smʼrknδh бар меояд.[1]. Забоншиносон маънои asmara - санг ва қанд - шаҳр, яъне Самарқанд - "шаҳри сангин" маънидод мекунанд.

Таърих

Баъди заволи Суғд (асри VIII), Самарқанд дар асрҳои миёна пойтахти ҳукуматдории якчанд давлатҳои таърихӣ шуда буд.(Нигаред ба:Таърихи Тоҷикистон) Самарқанд аз замонҳои қадим яке аз марказҳои асосӣ ва муҳимтарини тамаддуни Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Аксар воқеаҳои иҷтимоию сиёсӣ, таърихӣ, илмию адабӣ ва фарҳангии халқи форси бо ин шаҳри тоҷикнишин алоқаи ногусастанӣ дорад. Бозёфтҳои бостоншиносӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳанӯз дар аҳди Кӯшониён (асрҳои I-IV мелод) Самарқанд шаҳри обод ва инкишофёфта будааст: осори биноҳои бошукӯҳ, устохонаҳои ҳунармандӣ, ҳайкалчаҳои гилин, зарфҳои сафол, порчаи зарф бо навиштаи суғдӣ инкишофи ҳунармандӣ ва мадании ин шаҳрро дар он замон тасдиқ мекунанд. Дар охири асри VI Самарқандро Хоқонии турк ва баъдан арабҳо (соли 712) истило карданд. Мардуми шаҳрро лозим омад, ки ба муқобили аҷнабиён муқобилати сахт нишон диҳанд ва шӯриш намоянд. Яке аз ин шӯришҳои халқӣ дар таърих бо номи Исёни Муқаннаъ (солҳои 776-783) машҳур аст. Дар замони салтанати сулолаи Сомониён (солҳои 875-999) Самарқанд ба шаҳри тараққикарда, ободу зебо ва нашъунамоёфта табдил ёфт. Дар ин давра ҳунармандӣ, косибӣ, обчакорӣ, зироати полизӣ, тиҷорат, хусусан бофандагӣ тараққӣ кард. Дар Самарқанд ҳамчунин коғаз ва шиша истеҳсол мешуд, ки дар кишварҳои дуру наздик шуҳрат доштанд. Инчунин ҳунармандони Самарқанд рикоб, лаҷом, тасма, деги мис истеҳсол мекарданд. Аз ин лиҳоз дар бозорҳои кишварҳои Шарқу Ғарб савдогарон матоъи симгун, парча, газворҳои сурх (мумарҷол), газворҳои синизӣ, шоҳӣ, хайма, шиша, деги мис, чормағз, мавиз мебурданд. Инкишофи ҳунармандӣ ба ривоҷи илму фарҳанг, адабиёт, забони форсии дарӣ ва форсии тоҷикӣ мусоидат кард. Илмҳои ҳисоб, нуҷум, ҷуғрофия, кимиё, тиб, таъриху фалсафа ва нақди шеър инкишоф ёфтанд. Инчунин дар Самарқанду Бухоро ҳунари шаҳрсозӣ, меъморӣ ва санъати ороишӣ тараққӣ кард. Кӯшку қасрҳо, корвонсаройҳо, бозорҳои тимдор, масҷидҳои ҷомеъ, боғҳо бунёд гардиданд. Кандакории сутуни сақфи биноҳо, гаҷкорӣ, ороиши зарфҳои сафолӣ ва филиззӣ бо маҳорат ва ҳунармандона сохта шудаанд. Чунончӣ, мақбараи Исмоили Сомонӣ дар Бухоро имрӯз ҳам бинандаро ба ҳайрат меоварад. Дар замони ҳукмронии Сомониён дар Самарқанд санъати мусиқӣ низ равнақ пайдо кард. Силсилаи оҳангу тарона ва сурудҳое эҷод шуданд, ки минбаъд бо номи «Дувоздаҳмақом»-у «Шашмақом» шуҳрат ёфтанд. Ҳамин тариқа, дар натиҷаи ҳуҷуми хоқони турк ва араб шаҳри Самарқанд ба харобазор табдил ёфта бошад ҳам, дар замони Сомониён яке аз шаҳрҳои ободу бузурги Осиёи Марказӣ маҳсуб мешуд. Дар ин шаҳр забону адабиёти форсии тоҷикӣ равнақ ёфт. Шоиру мутафаккирон ва табибони оламшумул тарбия ёфта ба воя расиданд ва аз худ осори ғании илмию адабии гаронмояе ба мерос гузоштанд. Аввалин шоироне, ки дар Самарқанд ба забони дарӣ шеър гуфтаанд, Абӯҳафси Суғдии Самарқандӣ, Абӯлянбағӣ, Аббос ибни Тархони Самарқандӣ (Абу Тақӣ) мебошанд. Зиёда аз он, ба таъкиди муаллифи тазкираи «Оташкада» Лутфалибеки Озар, нахустин гӯяндаи «Шоҳнома» Абӯмансур Муҳаммад ибни Аҳмади Дақиқӣ зода ва тарбиятдидаи Самарқанд аст. Сипаҳсолори шеъри Аҷам Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҷавонӣ аз Панҷрӯди Панҷакент омада, дар Самарқанд тарбия дида, ба камол расидааст. Аз ин ҷост, ки Самарқанд ҳамчун шаҳри тамаддунофарини халқи тоҷик дар инкишофи илму фарҳанг, забону адабиёти форсии тоҷикӣ саҳми беназир дорад. Аз асри XI қабилаҳои бодиянишини турк яке аз паси дигаре ба Самарқанд фурӯ рехтанд: қарахониён, туркони салҷуқӣ, дар миёнаи садаи XII қаракидониён. Истилогарон ба шаҳр зарари калон расониданд. Равнақи илму адаб ба дараҷае коста шуд. Бо вуҷуди он намояндагони аҳли илму адаб, аз қабили Рашидии Самарқандӣ, Сӯзании Самарқандӣ, Шатранҷии Самарқандӣ, Низомии Арӯзии Самарқандӣ, Заҳирии Самарқандӣ ва дигарон анъанаҳои илму фарҳангу адаби замони Сомониёнро идома дода, аз худ дар соҳаҳои мухталиф мероси пурарзише боқӣ гузоштанд. Дар ин давра қабл аз ҳама истеҳсоли маснуоти кулолӣ, шишагӣ ва фулузӣ инкишоф ёфт. Ба ин бозёфтҳои бостоншиносӣ, аз қабили зарфҳои сирдор ва косаву табақҳои бесири пурнақшунигор гувоҳ аст ва аз ривоҷи ҳунармандӣ дар Самарқанд дарак медиҳанд. Соли 1220 истилогарони муғул бо сарварии Чингизхон Самарқандро забт намуданд. Аҷнабиён шаҳрро ба куллӣ хароб карда, аксари аҳолиро аз дами теғ гузарониданд. Шаҳри қадимаи Афросиёб ба харобазор мубаддал гашт ва аз байн рафт. Аллома Бобоҷон Ғафуров дар асари машҳури «Тоҷикон» оид ба ҷангҳои шадиди мардуми шаҳр, қаҳрамонию ҷонфидоии онҳо сухан ронда, аз ҷумла навиштааст: «Пас аз афтодани истеҳкомоти қалъаи Самарқанд ҳазорон диловарон ба масҷиди ҷомеъ паноҳ бурда, душманро ба наздик шудан намонданд. Муғулҳо бо роҳе масҷидро оташ заданд. Вале мудофиакунандагон аз ин наҳаросида, дар ҷои худ нишастанд ва сӯхта мурданро аз таслим шудан ба душман авлотар донистанд».[2] Минбаъд низ муқобилат ва муборизаи мардуми шаҳр алайҳи ғосибони муғул заррае паст нашудааст, ки ба ин шӯриши бузурги халқии солҳои 1365-1366 гувоҳӣ медиҳад. Ва он дар таърих бо номи ҷунбиши Сарбадорон (бо сарвари толиби мадраса Мавлонозода) машҳур аст. Табиист, ки дар натиҷаи забткориҳои аҷнабиён ва бадбахтиҳои ба сари мардуми тоҷик овардаи муғулҳо оид ба равнақи илму адаби форсии тоҷикӣ дар садаи XIII сухан гуфтан ҷои гaп ҳам нест. Илму фарҳанг дар Самарқанд шикасти сахте дид. Аксар шоирону адибон, донишмандону мутафаккирон ба Туркия, Арабистону Ҳиндустон муҳоҷират намуданд.

Дар аҳди Темуриён (охири асри XIV ва асри XV) Самарқанд аз нав ба зеботарин ва ободтарин шаҳрҳои Шарқ ва бузургтарин маркази иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Вароруд табдил ёфт. Дар шаҳр корхонаҳои ҳунармандӣ, дӯконҳои савдо, тимҳо, чойхонаву ошхонаҳо, корвонсаройҳо, устохонаҳои яроқсозӣ, зарробхона ва маҳбас бунёд гардиданд. Саноеи нафиса, минётура, меъморӣ, кошинкорӣ, наққошӣ, кандакорӣ, маснуоти филиззӣ, саҳҳофӣ, лаввоҳӣ, истеҳсоли коғаз дар зинаи нави сифатӣ тараққӣ кард. Махсусан коғази самарқандӣ дар кишварҳои дуру наздик шуҳрат дошт. Илмҳои риёзиёт, нуҷум, ҳайат, ҳандаса, тиб пеш рафтанд. Бояд гуфт, ки охирин зичи нуҷумии муътабар маҳз дар Самарқанд эҷод шудааст. Ғайр аз ин асари таърихии Муҳаммад Абдураззоқи Самарқандӣ «Матлаъ-ус-саъдайн ва маҷмаъ-ул - баҳрайн» дар ҳамин давра ба забони форсии тоҷикӣ иншо шуд, ки воқеаҳои таърихии солҳои 1304 - 1469-ро фаро мегирад. Давлатшоҳи Самарқандӣ тазкираи машҳури худ «Тазкират-уш-шуаро»-ро эҷод кард. Муҳаққиқони барҷастаи форсу тоҷик Қозизодаи Румӣ, Хоҷаи Хурд, Содиқ, Мавлонои Хофӣ, Алоудавлаи Самарқандӣ, Ғиёсуддини Ҷамшид, Муини Кошонӣ, Салоҳуддини Мӯсавӣ, Алоуддини Қӯшчӣ ва чанде дигар дар Самарқанд зиндагӣ ва эҷод кардаанд. Классикони барҷастаи адабиёти форсии тоҷикӣ ва ӯзбекӣ Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоиӣ низ дар Самарқанд таҳсил ва такмили илм намудаанд. Ба ин маънӣ Самарқанд дар охири садаи XIV ва садаи XV аз марказҳои асосии илму фарҳанг ва забону адабиёти форсии тоҷикӣ ба шумор рафтааст. Дар бораи расадхонаи Улуғбек, манзараву фарҳангу ҳунармандони Самарқанд ва таърихи забти шаҳр аз ҷониби лашкари Шайбонихон дар соли 1501 Заҳируддини Муҳаммад Бобур дар асараш Бобурнома маълумоти нодир овардааст.[3] Дар садаи XVI шайбониёни Ӯзбек ба Вароруд ҳуҷум намуданд. Дар натиҷаи ғоратгарию тохтутозҳои қабилаҳои кӯчии ӯзбек шаҳру вилоятҳо хароб гашта, ғаллаву чорвои мардум ба яғмо рафт. Гуруснагии гушношуниде рух дод ва аҳолии бисёре аз гуруснагӣ талаф ёфтанд. Бобоҷон Ғафуров дар «Тоҷикон» аз «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Восифӣ, ки дар Самарқанд сукунат дошт ва шоҳиди бевоситаи бедодгарӣ ва гуруснагӣ буд, дар ин хусус пораеро иқтибос меоварад: «Дар ин сол (яъне соли 1512 мелодӣ) дар Самарқанд қаҳтӣ ва гаронӣ ба дараҷае расид, ки халоиқ, ба ҷуз қурси моҳу офтоб, ки дар дастархони фалак буд, дар дигар ҷой сурати нонро намедиданд ва гуруснагони фақир шабҳо ба ҷои хӯшаи гандум дар хаёли худ аз хирмани Парвин хӯша мечиданд». Восифӣ дар як шеъраш низ ин қаҳтӣ ва гуруснагиро тасвир карда, ба мардуми одӣ ҳамдардӣ баён намуда, нисбат ба сарватмандони ҳарису хабис бо нафрату кароҳат сухан рондааст:

«

Гандум зи ҳар кӣ кас талабад, орд мекунад,

Аз зарби мушт рустаи дандони вай тамом.
»

Садаи XVII низ асри тираву тор, асри инқирози илму адаб маҳсуб мешавад. Солҳои 1667-1687, яъне дар тӯли 20 сол зулму тааддии хон дар Самарқанд харобӣ ва қаҳтии даҳшатангезе рух дод ва ин қиматӣ, қаҳтӣ ба музофоту шаҳрҳои гирду атроф низ сироят намуд. Сайидои Насафӣ дар ин хусус мегӯяд:

«

Лаболаб шуд аз мурда бозору кӯй,

Ҷаҳон пок гардид аз мурдашӯй.
Бухоро тали Хоҷа Исҳоқ шуд,
Самарқанд як кӯчаи қоқ шуд.
Сайидои Насафӣ
»

Фоҷеаи мардуми Самарқанд дар тазкираи Малеҳои Самарқандӣ ин тавр тасвир шудааст: «Аз таърихи 1082 усрат (сахтӣ) ва тороҷ ва яғмое, ки дар Самарқанд воқеъ шуд, хусусан баъд аз мутасарриф шудани Анушахони Урганҷӣ Самарқандро ободияш ба вайронӣ, маъмурияш ба харобӣ мубаддал ва муқимонаш ҷилои ватан гардиданд, мусофират ихтиёр карданд ва асари бемурруватӣ ва беилтифотии Хоқони мансур (бо нусрат) Субҳонқулихон ба иттиҳоми он ки мурдуми Самарқанд Анушахонро бе ҷангу ҷидол ба Самарқанд дохил кардаанд, ҳукм ба қатли мардуми ӯ фармудаанд ва тоифае аз мардуми юзро гузошта аз паи ҷурме ҷурмонаҳо аз мардуми Самарқанд гирифтанд».[4] Бо ин ҳама тороҷгарӣ, ҷангу ҷидолҳо, ки боиси гуруснагиву қиматӣ ва қаҳтӣ мегардид, раванди иқтисодӣ ва маданию фарҳангии мардуми Самарқанд ба тамом қатъ нагашт. Маҳз маҳсули дасти эъҷозофарини ҳунармандони шаҳр буд, ки маҳсулоташон дар аксар музофотҳои Вароруд ва берун аз он дар мамолики Шарқ паҳн мешуданд. Самарқанд то нимаи садаи XIX дуюмин ва бузургтарин маркази ҳунармандию тиҷоратӣ дар аморати Бухоро ба шумор мерафт. Дар қиёси садаи XV илму фарҳанг ва адабиёт дар садаҳои XVI-XVII нисбатан сусттар бошад ҳам, ба ҳар ҳол як дараҷа пешрафт эҳсос мешавад. Дар ин асрҳо мунаҷҷимон Маҳмуд ибни Муҳаммад, Наҷмуддини Бирҷандӣ, Мирим Ҷалабӣ, табиб ва шоир Боқии Ҷарроҳ, Малеҳои шоир ва тазкиранавис, Муҳаммад Дарвеш, Дӯстӣ, Кафшӣ, Мавлоно Саъдуллоҳ Шоҳӣ, шоирон Афгор, Имтиҳон, Мулло Бақои Тамошо, Мулло Самеӣ, Мулҳам, Фитрати Зардӯзии Самарқандӣ, Мумтоз, Махмур, таърихнигор Саид Роқим ва дигарон дар Самарқанд зиндагӣ ва эҷод кардаанд. Дар ин давра санъати хаттотӣ ва минётура низ инкишоф ёфтааст. Бо вуҷуди ин мухоҷирати адибону донишмандони Самарқанд аз садаи XVI ба мамолики мухталиф шурӯъ шуд. Ба таъкиди муаллифи «Хизонаи омира» Ғуломалии Озод, бештар дар садаи XVII адибон, аз қабили Завқӣ, Турдӣ, Обидхон Мавлоно Дӯстӣ ва даҳҳо дигарон ба Ҳиндустон ҳиҷрат кардаанд. Маҳсули ҳамин равобит буд, ки дар шеъри шоирони Варорӯд сабки ҳиндӣ таъсир кард ва нақши амиқ гузошт.[5]

Ф.Беневини дар бораи Самарқанд нигоштааст:

«Самарқанд низ шаҳри бузург аст, вале ҳоло ними он холӣ буда, бо тохтутози ӯзбекҳо вайрон шудааст». Бумиёни тоҷик, ки аз дасти ӯзбек ба дод омада буданд, фарёдрасе надоштанд. Беневини боз мегӯяд: «тоҷик ва ҳирӣ (ҳиротӣ) пайваста ба Худо илтиҷо дорад, ки ӯро аз юғи тоқатнопазири ӯзбек раҳоӣ бахшад». Бинобар ин тоҷикон ягона роҳи халосиро аз зулму ситам дар ҷилои ватан медиданд. Аҳволи шаҳри Бухоро низ аз ин беҳтар набуд. Дар тӯли се соле, ки Ф. Беневини дар Бухоро буд, «аз ин шаҳр бештар аз чаҳор ҳазор кас ба Ҳинд муҳоҷират кардааст»

. Чунин буд аҳволи Вароруд дар чоряки аввали садаи XVIII.[5] Устод М. Шакурӣ оид ба вазъи фоҷеабори он замон андеша ронда, аз ҷумла навиштааст:

'«Ба замми ҳамаи инҳо биёбонгардҳо дар садаи XVIII ҳар тирамоҳ дар айни ҷамъоварии ҳосил чун мӯру малах омада, ҳама ҳосилро ба ғорат мебурданд ва нобуд мекарданд. Ин турктозии тирамоҳӣ боре ҳафт сол пайваста давом ёфт ва ба як ривоят, боре идомаи он бист сол буд. Яъне бист сл ҳар тирамоҳ омада, ҳосилро мебурданд! Хунрезӣ, қаҳтиву гуруснагии тӯлонӣ рӯй дод. Мардуми. бумӣ, яъне тоҷикон ҳазор-ҳазор талаф шуданд ва рӯй ба гурез ниҳоданд. Дар охири қарни XVIII дар Бухоро ду гузар одам монд. Дар Самарқанд касе намонд. Мадрасаҳои Регистони Самарқанд шағолхона шуданд. Дар бораи соли 1148 қамарӣ, яъне 1735 мелодӣ гуфтаанд: «Ба соли ҳазору саду чиҳлу ҳашт Самарқанд гардид монанди дашт»

Устод Айнӣ низ дар «Таърихи амирони Манғитияи Бухоро» дар бораи воқеаҳои соли 1800 ишорае дорад: «Самарқанд дер боз хароб шуда, ба ҷуз се-чор хонавори шаҳрдарун ҷунбандае ва иморате дар он ҷо намонда буд».[6] Маълум мешавад, ки Самарқанд аз соли 1735 то 1880, яъне дар тӯли 65 сол ба худ наомада будааст. Минбаъд Самарқанд аз нав, ба таъбири М. Шакурӣ, ҷон тирифт, вале Марву Балх ба тамом аз байн рафтанд ва танҳо харобаҳои ин ду шаҳр боқӣ мондаасту бас. Табиист, ки дар ин давраи тираву тор касбу ҳунар, илму фарҳангу адаб дар Самарқанд аз инкишоф бозмонд. Ба гуфти Тӯрақул Зеҳнӣ, дар ин аҳд шоирони соҳибдевон кам низ гузаштаанд.

Дар тасарруфи Русия

Бозори Сиёб
Хунармандӣ дар Самарқанд

2 майи соли 1868 Русияи шоҳӣ шаҳри Самарқандро ба тасарруфи худ даровард. Табиист, ки ба ҳайати Русия дохил шудани Вароруд баъзе паҳлуҳои мусбат ҳам дошт. Аввалан, низоъу ҷангҳои байниқабилавие, ки аз он мардуми бумию заҳматкаш осеб медиданд, барҳам хӯрд. Сониян, дар шаҳру музофотҳое, ки дар тасарруфи русҳо қарор доштанд, ғуломдорӣ ва хариду фурӯши ғуломон қатъиян манъ карда шуд. Ва ҳол он ки дар аморати Бухоро ин амали нангин идома дошт. Баъди ба Русия ҳамроҳ карда шудани Самарқанд косибӣ, ҳунармандӣ, бофандагӣ хеле ривоҷ ёфт. Дар охири садаи XIX ва ибтидои садаи XX дар Самарқанд заводҳои пахта, пилла, чарм, шаробкашӣ ба кор шурӯъ карданд. Аз ҷониби Красноводск соли 1888 ба Самарқанд роҳи оҳан кашида шуд. Симои шаҳр низ тадриҷан тағйир меёфт. Дар ҷануби ғарбии он шаҳри нави ҳозиразамон, хиёбонҳои васеву рост, иморатҳои сохти аврупойӣ бунёд ёфтанд. Соли 1870 аввалин шифохона беморонро қабул кард. Дар шаҳр чандин литсейю, мактаб, китобхона (соли 1870), музеи таърих (соли 1874), барои занону кӯдакон беморхонаи махсус (соли 1885) кушода шуд. Дар муҳити адабӣ Сипандӣ, Ҳодӣ, Фикрӣ, Писандӣ, Туғрал, Ҷуръат, Саидаҳмади Васлӣ, Муҳаммад Абдураҳим ва дигарон фаъолият доштанд. Соли 1904 дар Самарқанд нахустин рӯзномаи сотсиал-демократҳо бо унвони «Самарқанд» таъсис ёфт. Бо ин ҳама тағйироти иҷтимоию иқтисодӣ, маданию фарҳангӣ Самарқанд ба ҳар ҳол мустамликаи Русия буд. Сохтори шоҳии Русия заҳматкашонро пайваста дар шиканҷа нигоҳ медошт. Зеро Русия дар Варорӯд тартиботи мустамликавиро ҷорӣ менамуд. Бинобар ин мардуми бумӣ зулму тааддии дуҷонибаи истисморгарон - ҳам маҳаллӣ ва ҳам русро мекашиданд. Варорӯд ба манбаи моли хом табдил ёфт. Корбарӣ дар маҳкамаҳо мисли пешин аз рӯи шариат идома дошт. Хурдтарин эътирози мардум бераҳмона пахш карда мешуд. Дар Самарқанд аз рӯзҳои аввали истилои Русия алайҳи аҷнабиён шӯру ошӯбҳои халқӣ рух медод. Вале исёну ошӯбҳо махсусан дар солҳои инқилоби якуми рус (соли 1905) ва мардикоргирӣ барои корҳои ақибгоҳи Ҷанги якуми ҷаҳон авҷ гирифт: коргарон, косибон, ҳунармандони шаҳр ва ноҳияҳои гирду атрофи он корпартоӣ мекарданд, ба намоишҳои оммавӣ мебаромаданд. Дар айни авҷи шӯришу ошӯбҳо гумоштаи сиёсии Русияи шоҳӣ ба губернатори ҳарбии вилояти Сирдарё 27 июли соли 1906 навишта буд: «Мувофиқи баъзе овозаҳое, ки то ба мо расид, сартҳои Самарқанду Фарғонаву Тошкент аз Бухоро таппончаву милтиқ харида гирифта мерафтаанд. Дар Самарқанд ҳавлие набудааст, ки милтиқу таппонча надошта бошад».[7] Б.Ғафуров оид ба аҳволи вазнин ва тоқатфарсои мардикорон ва коргарони мавсимии заводу фабрикаҳои Самарқанду Фарғона ва сохтмони роҳи оҳан, ки корҳои вазнин бар дӯшашон буд, сухан ронда, як рубоии машҳури халқиро аз силсилаи шеърҳои ғарибӣ меоварад, ки ҳолати рӯҳонии тоҷиконро хеле муассир ва ба дарду алам баён месозад:

«

Дар ғарибӣ гашта-гашта, ранги зард овардаам,

Ранги зардамро ба пеши аҳли дард овардаам.
Ранги зардамро бубину аз хазонам ёд кун!
Дар сари қабрам нишину як даме фарёд кун! [8]
»

Ин буд аҳволи тоҷикони Самарқанд баъди тасарруфи Русия ва дар арафаи инқилоби болшевикӣ ва «инқилоби» Бухоро. Ҳамин тариқа, аз даврони қадим дар тӯли таърих мардуми Самарқанд чандин бор ҷилои ватан карда, дар аксои олам паҳну парешон шудаанд, ки имрӯз ҳам аҷдоди онҳоро дар тамоми мамолики дунё вохоҳем хӯрд. Бо вуҷуди ин Самарқанд дар ҳар давру замон муҳимтарин маркази илму фарҳанг ва забону адабиёти форсии тоҷикӣ ба шумор рафтааст. Олими машҳури Эрон Сайид Нафисӣ дар ин хусус дар мақолаи «Сарзамини поки ниёконам» навиштааст: «Шуарои Туркистон маъруфтарин ашъори форсиро сурудаанд. Шаҳрҳои бузург ва ободи ин ноҳия, ки аз қадимтарин шаҳрҳои Эрон шумурда мешаванд, мисли Самарқанд ва Бухоро ва Балх ва ғайра то замоне, ки авлоди Тимур салтанат кардааст, ҳамеша дорулмуаллими Эрон буданд. Ҳанӯз бадеътарин ва зеботарин шоҳкориҳои меъморон ва кошисозони Эронро дар Бухоро ва Балху Самарқанд метавон ёфт. Бузургони Эрон ағлаб аз ин сарзамин бархостаанд. Ҳар китоби форсиро, ки мехонем, ҳамеша моро ба ёди ин водии ниёгон меандозад, чӣ қадар падарони мо дар он ҷо мадфун шудаанд! То авосити қарни дувоздаҳум сатре аз таърихи Эрон нест, ки як бор исми Бухоро ё Самарқанд ва ё Балх дар он бурда нашуда бошад. Орзуи ман он аст, ки ин сарзамини поки ниёгони худро зиёрат кунам ва як бор дар умри хеш ин забони ширини порсиро аз даҳони самарқандиёну бухороиён бишунавам».[9]

Замони муосир

Бинои ҳукумати вилояти Самарқанд
кучаҳои Самарқанд
фавораҳои Самарқанд
хиёбони назди мақбараи Биби Хонум
фавораҳои Самарқанд

Самарқанд аз 15 январи соли 1938 маркази вилояти Самарқанд аст, ки дар қисми марказии Ӯзбекистон ҷойгир аст. Аксари аҳолиаш тоҷикзабон ҳастанд. Иқлими вилоят мӯътадили континенталӣ буда, қариб 300 рӯзи сол офтобӣ аст, дарозии рӯз дар тобистон 15 соат мебошад. Маркази маъмурӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии вилояти Самарқанд, шаҳри Самарқанд мебошад, ки аз шаҳри Тошканд 354 км дуртар ҷойгир шудааст.

Фарҳанги тоҷикӣ

Нахустин шеърҳои поягузори адабиёти форс-тоҷик, Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Самарқанд офарида шудаанд. Олимон то имрӯз рӯйи ҳунари шеъргӯии ӯ дар гӯшаҳои мухталифи дунё кор мебаранд. Ўдгориҳои меъмории ин шаҳри бостониву бӯстонӣ, махсусан қисмати Регистони он, беҳтарин намунаҳои ҳунари шаҳрсозии Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбанд. Дар ин ҷо се мадраса – Улуғбек (солҳои 1417-1420), Шердор (1619-1636), Тилокорӣ (1647-1660) ва манораҳои пурнақшу нигор қомат афрохтаанд. Дасти Регистон пеши назари оламиён таърихи чандҳазорсоларо сафҳагардонӣ мекунад. Таассуф, ки на ҳама саҳифаҳои ин китоби бузург то ба мо хоно расидаанд. Ҳамаи роҳҳои Самарқанд рӯзгоре ба Регистон пайванди ногусастание доштанд. Аз ҷумла, шаш кӯчаи шаҳр ба «Тоқи телпакфурӯшон», ки дар асри XV бунёд гардидааст, мепайваст. Дар аҳди Амир Темур ва Мирзо Улуғбек Регистон ба майдони асосии тиҷоратӣ табдил ёфт. Имрӯз низ Регистон, ба сифати маркази тиҷорату ҳунармандӣ, аҳамияташро гум накардааст. Бо ташаббуси роҳбари мамлакат, баъди таҷдиду тармим ба ҷойи баргузории Ҷашнвораи байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» ва дигар чорабиниҳо табдил дода шудани Регистон, обрӯю эътибори майдон, шаҳри Самарқанд, мусиқии миллӣ ва Ӯзбекистонро дар сартосари олам густариш дод. Ба туфайли Ҷашнвора оламиён дар бораи мамлакати мо, мероси ғании фарҳангӣ, урфу одат ва арзишҳои миллии халқҳои он беш аз пеш ошноӣ пайдо карданд. Мадрасаи Улуғбек, ки ҳангоми дар қайди ҳаёт будани олими бузург бунёд гардидааст, дар қарни XV муассисаи бузурги илмӣ ва таълимии Осиёи Марказӣ маҳсуб меёфт. Дар ин ҷо, дар баробари илмҳои динӣ, фанҳои дунявӣ, аз қабили математика, астрономия ва фалсафа таълим дода мешуданд. «Афлотуни сонӣ» – Қозизодаи Румӣ дар ин мадраса ба толибилмон аз илми фалакиёт сабақ додааст. Дар ин даргоҳ шоирон ва мутафаккирони бузург Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ таҳсил доштаанд. Дар таърих гоҳо ҳодисаҳои ҳайратангези мантиқӣ ба вуқӯъ мепайванданд. Дар нимаи дуюми қарни IX милодӣ поягузори адабиёти форс-тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз Самарқанд ба Бухоро рафт ва ба шарофати ӯ дар Бухоро доираи адабии муқтадире ташаккул ёфт. Баъди ҳазор сол таърих чунин бори масъулиятро ба дӯши фарзанди Бухоро – поягузори адабиёти навини тоҷик Садриддин Айнӣ гузошт. Вақте ин марди фозил аз Бухоро ба Самарқанд омад, ба шарофати ӯ дар нимаи аввали садаи ХХ доираи адабӣ эҳё гардид. Аҳли адабу фарҳанги Самарқанд, дар баробари устод Садриддин Айнӣ, дар ташаккули адабиёт ва мактабу маорифи навини тоҷик саҳми арзанда гузоштанд. Ҳам акнун аҳли адабу фарҳанги Самарқанд ба рушду таҳкими ҳавзаи ба худ хоси адабиёт ва мактабу маорифи тоҷикони ҷумҳурӣ саҳми босазо мегузоранд. Адабиёти ҳавза имрӯз, бе эҷодиёти пурбори шоиру нависандагони самарқандӣ: Болта Ортиқзода, Салим Кенҷа, Адаш Истад, Нор Остонзода, Ҳаёт Неъмат, Акбар Пирӯзӣ, Бахтиёр Ҷумъаев, Солеҳ Саидмурод, Нормурод Каримзода, Ӯктами Иброҳим, Зоҳир Ҳасанзода, Ҳазрат Сабоҳӣ, Тошқул Азимов, Маҳбуба Турсунова, Маҳбуба Неъматзода, Асадулло Шукуров, Хоҷа, Шаҳзода Назарзода, Парисо, Дилшоди Фарҳодзод ва дигарон тасаввурнопазир аст. Олимони Самарқанд Холиқ Мирзозода, Раззоқ Ғаффоров, Воҳид Абдулло, Ботур Валихоҷаев, Шавкат Шукуров, Садрӣ Саъдиев, Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода, Аслиддин Қамарзода, Ҷумъа Ҳамроҳ, Абдусалом Самадов ва дигарон тӯли даҳсолаҳои зиёд ба равшан намудани паҳлӯҳои ноаёни адабиёт, ташкили кори матбуот ва мактабу маорифи тоҷик бори заҳмат кашидаанд. Хоссатан, мақолаҳои доир ба адабиёти давраи истиқлол ва намояндагони он таълифнамудаи олимони адабиётшинос Садрӣ Саъдиев, Аслиддин Қамарзода, Ҷумъа Ҳамроҳ ва Абдусалом Самадов ба рушди адабиёти тоҷики ҳавза такони нав бахшиданд. Маҷмӯаҳои дастҷамъии тӯли солҳои гуногун, ба сифати мураттиб, ба хонандагон пешниҳоднамудаи Турақул Зеҳнӣ, Садрӣ Саъдиев – «Суханварони сайқали рӯйи замин» (Душанбе, 1973), Аслиддин Қамарзода– «Гулдастаи Самарқанд» (Душанбе – Тошканд, соли 1989), «Гулшани адаб» (Ширкати саҳҳомии табъу нашри «Шарқ», Тошканд, 2007) ва «Мадҳи Самарқанд» («Муҳаррир», шаҳри Тошканд, с.2013) далели онанд, ки дар ин ҳавза адабиёти тоҷик бо қадамҳои ба худ хос пеш меравад. Бояд ёдрас намуд, ки имрӯз баъзе намояндагони ҳавзаи адабиёти тоҷики Ӯзбекистон панҷа ба панҷаи суханварони ҳамзабони хориҷии худ зада метавонанд.[10]

Рӯзномаи тоҷикӣ

Дар вилояти Самарқанд нашрияи Овози Самарқанд (рӯзнома) мунтазам нашр мешавад. Дар саҳифаҳои рӯзнома мақолаҳои пурмӯҳтавои олимони шинохта, чакидаҳои хомаи шоиру нависандагону лавҳаю очеркҳои омӯзгорону шоирони пешқадам ва хабарнигорони ҷамоатии касбу корашон гуногун пайваста чоп мешаванд. Арбобони шоистаи илм Ботурхон Валихоҷаев, Холиқ Мирзозода, Абдураҳим Муқимов, Акбар Адхамов, Абдусалом Саидов эҷодкорони забардаст Болта Ортиқзода ва Ҳамроқули Даврон ҳамкори доимии рӯзнома буданд. Имрӯз ҳам ин анъана давом дорад. Олимони намоён Садрӣ Саъдиев, Аслиддин Қамарзода, Санъат Муҳаммадиев, Хуршед Абдусамиев, Ҷумъа Ҳамроҳ, Ота Аҳроров, Абдусалом Самадов бо мақолаҳои пурдолузарби худ дар байни муштариён маҳбубияти хоса доранд. Нависандаю шоирони шинохта Салим Кенҷа, Адаш Истад, Акбар Пирӯзӣ, Нормурод Каримзода, Худоназари Оқсоӣ, Худойбердӣ Саидзода, Ҳусейн Рашидӣ, Маҳбуба Неъматзода, Маҳбуба Турсунова, Хоҷа (Норхоҷа Чоризода), Парисо бо шеъру ҳикояҳои худ саҳифаҳои адабии рӯзномаро хонданбоб менамоянд.

Ёдгориҳои таърихии Самарқанд

Самарқанд ёдгориҳои бои таърихии 3 ҳазорсола дорад ва аксарияташон дар давраи сулолаи Темуриён сохта шудаанд. Самарқанди бостонӣ аз қади­мулайём бо меъмориҳои таърихиаш дар ҷаҳон маълуму машҳур аст. Имрӯз дар вилоят 31 осорхона ва 64 зиёратгоҳ мавҷуд буда, дар соли 2014 қариб 5 миллион нафар аҳолии мампакат ва бештар аз 200 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ ин ҷойҳоро тамошо карданд.[10]

Дар Самарқанд ёдгориҳои бостонии қадимие, мавҷуданд, ки монанди ёдгориҳои бостонии Мисри қадим, Хитой, Ҳиндустон,Юнони қадим ва Рим машҳур ҳастанд.

Шеърҳо дар васфи Самарқанд

«

«Самарқанд сайқали рӯи замин аст,

Ҳавояш фораму хокаш маҳин аст.
Агар хоҳӣ бубинӣ ту биҳиште,
Ҳамин асту ҳамин асту ҳамин аст.
Ғазал гарчӣ арӯси шеър, аммо,
Самарқанд аз ғазал ҳам нозанин аст.
Ба олам чун Самарқанд офариданд,
Нидои офаридгор: «Офарин!» аст».
«Кам Афросиёб аз қасри Рум нест,
Хуросон бо Самарқанд оҳанин аст.
Хуросон, Балху Марву Рашту Хуҷанд,
Сувайдо бар замин аз худ ҳамин аст.
Ба сӯи Каҳкашон роҳ аз Самарқанд,
Ба арш ӯро чӣ Хуршеди зарин аст.
Ба мисли Оби раҳмат нест обе,
Бубин оби Зарафшон ангубин аст.
Зи роҳи Каҳкашон роҳ то ба Меъроҷ,
Ба даври Каҳкашон чархи барин аст.
Самарқанд устувори чархмеҳвар,
Чу имон чархи меҳвар бар замин аст.
Самарқандам дуо аз Ҳақ гирифтаст,
Зарангушти Хуросонро нигин аст.
Таҳамтан мисли он Испитамон кист,
Ки Шоҳе Зинда дар марзаш яқин аст.
Чароғи равшан аз партав Самарқанд,
Ба Регистон ду тан Мавло қарин аст.
Чӣ хуш нуре баланд аз марзи покаш,
Самарқанд осмони Ҳинду Чин аст.
Ба нони Осиё манзуру машҳур,
Ки Қасри Хонум аз ӯ шаҳнишин аст.
Ки чун Испитамон шерафкани гурд,
Ҷилои партави Ҳақ бар ҷабин аст.
Ба дӯш оташ гузашт аз Каҳкашон маҳ,
Панаҳдижи Самарқанд оҳанин аст.
Ба хун оғушта дар сангар гаҳе дил,
Ба бун оғушта гар дар хун матин аст.
Ба савдо рафту рафт аз каф Хуросон,
Чу хуршед аз азал бар рағми кин аст.
«Ба авҷи Кибриё паҳлӯи аҷз аст»,
Биҳишти боғаш аз ангуру тин аст.
Ба Тӯрон Рустаму Сӯҳроб огоҳ,
Ба Рахши тездав Рустам ба зин аст.
Зи аҳди Суғдшаҳр овори нақд аст,
Ки аз ӯ қиссаҳои дилнишин аст.
Танини сози овоз аз Хуросон,
Раҳин аз Кибриё бар мо яқин аст…
Хирад бар дӯши ирфони Самарқанд,
Самарқанд кӯҳнаву нав нозанин аст.
»

Аҳолӣ

Сол (ҳазор нафар)
1897 55,1
1912 83,2
1925 115,0
1950 180,0
2002 380,7
2015 504,4

Пайвандҳо

  1. Лурье П. Б. Историко-лингвистический анализ согдийской топонимики. Дисс. на соиск. уч. ст. канд. фил. наук. СПб. 2004.— Стр. 39, 110
  2. Б.Ғафуров. Тоҷикон, - Д.:«Ирфон»,1998, с.604
  3. http://www.ziyouz.uz/ru/literatura/period-temuridov-xiv-xv-vv/109--14831530 Захириддин Мухаммад Бабур (1483—1530)/О произведении "Бабур-наме"
  4. Аслҳо ва наслҳо.-Д.,2013,- с.6ғ7
  5. 5.0 5.1 Аслҳо ва наслҳо.-Д.,2013,- с.8
  6. Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ. Фитнаи инқилоб дар Бухоро. Аббос Алиев. – Д.: Шуҷоиён, 2010, с. 65.
  7. С. Айнӣ, Куллиёт. Д.: «Ирфон»,1966,- ҷ. 10,-соли 19.
  8. Б.Ғафуров. Тоҷикон. Китоби дуюм. - Д.: «Ирфон»,1998, с. 248.
  9. Аслҳо ва наслҳо.-Д., 2013,- с.8
  10. 10.0 10.1 «Овози Самарқанд». 12 апрели 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 марти 2016.