Jump to content

Кӯҳҳои Атлас

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Кӯҳҳои Атлас
Нигора
Қитъа Африқо
Кишвар
Макони кунунӣ
Баландтарин нуқта Jbel Toubkal[d]
Баландӣ аз сатҳи баҳр 4 165 м
Time period Precambrian[d]
Дарозӣ
  • 2 550 км
Бар 300 км
Тасвири нақшаи мавқеият
 Парвандаҳо дар Викианбор

АТЛÁС, куҳҳои Атлас (ар. جبال الأطلس‎‎; название происходит аз юн. Ἄτλας — номи яке аз худоҳои юнонӣ Атлас) — силсилаи куҳҳо дар шимолу ғарбии Африқо, дар ҳудуди Марокаш, Алҷазоир ва Тунисоли дар шакли занҷираи канда-канда аз ғарб ба шимол ба масофаи 2000 км тӯл кашидааст. Аз якчанд қаторкуҳи мутавозӣ ва массивҳо иборат аст. Қисми шимолиаш якбора бурида шуда аз пойи он домани биёбони Саҳрои Кабир сар мешавад. Қисми ғарбиаш баланд ва релйефаш мураккаб буда, қисми шарқиаш (дар ҳудуди Алҷазоир ва Тунис) паст ва камбар аст. Қисми дар соҳили Баҳри Миёназамин будааш Телл-Атлас (2308 метр) ном дошта, назди гул. Гибралтар мавзеи Ар-Рифоъро (2456 метр, бо дарёҳои кӯтоҳи водиҳояшон сарсабз) ташкил додааст. Қисми ғарбии силсилаи Атлас (Атласи Баланд) зиёда аз даҳ қуллаи баландиашон бештар аз 4000 метр (куҳи Тубкал 4165 метр) дорад, ки мавзеи баландтарини Африқои Шимолӣ низ ҳисоб мешавад ва ин ҷо заминларза бисёр рух медиҳад. Атлас пирях надорад, вале баландии 2500 метр (дар шимол) ва 3500 метр (дар Ҷануб)-и Атлас макони барфҳои доимӣ мебошад. Дар нишебҳои рӯ ба Баҳри Миёназамин ва Уқёнуси Атлантик (1200–2000 метр) дарахтони булут, санавбар, пистаи куҳӣ, дар баландии 2600–2900 метр дарахтони сӯзанбарг мерӯянд. Баландкуҳҳо вазиши бодҳои уқёнусро монеъ шуда, бориши нисбатан зиёдро ба вуҷуд меоваранд (800–1000 мм, асосан дар зимистон); дар ҳудудҳои боқимонда бориши солона 400–700 мм ва дар ҷануби Атлас ҳамагӣ 100–200 мм мебошад. Манбаи аксари дарёҳои Атлас борон буда, тобистон мехушканд. Танҳо дарёҳои ҳавзаи Баҳри Миёназамин ва уқёнус пуробанд. Аз ҷумлаи ҳайвонот дар Атлас гӯсфанди ёлдори хосси маҳал (эндемӣ), бузи ёбоӣ, маймун, шағол бештар вомехӯранд. Дар доманакуҳҳои шимоли Атлас меваҳои маҳаллӣ – нон, гуав, навъҳои ситрус, зайтун, ангур мепарваранд, инчунин ҷав, гандум, ҷавдор, картошка ва дигарон зироатҳои полезӣ мекоранд. Олами ҳайвонот ва набототи Атлас аз тахрибкории одамон хеле коста гардидааст.[1]

Инҷоро ҳам бингаред

Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи

Манобеъ

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.57

[[Гурӯҳ:]]