Jump to content

Деҳоти Ёва

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҷамоати деҳоти Ёва яке аз ҷамоатҳои бонуфузи ноҳия буда, зиёда аз 40 ҳазор аҳолӣ дорад, ки асосан тоҷикон мебошанд. Масоҳати умумии ҷамоат 39018,31 га мебошад. Аз ҷануб деҳа қисман бо деҳаи Ғозиён ҳамҳудуд буда, як қисми он бо кӯҳи Рухак пайваста аст. Дар қисми ғарбии он деҳаи Деҳмой ҷойгир аст. Заминҳои хоҷагии деҳа дар соҳили чапи дарёи Сир доман паҳн намуда, бо ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳамҳудуд мебошад. Ҷамоати деҳоти Ёва соли 1918 ташкил шуда, то имрӯз ба он 20 нафар роҳбари намуданд, ки дар байни онҳо зани фаъолу ташаббускор Турсуной Бойматова собиқаи кории қариб бистсолаи роҳбарии ҷамоатро дорад. Дар айни замон ҷамоати Ёва аз 6239 хоҷагӣ иборат буда, дар он 40909 нафар аҳолӣ зиндаги мекунанд. Дар ҳудуди ҷамоат се хоҷаги ба номи Ҷ.Расулов, Раҳмон Набиев, Сирдарё мавҷуд аст. Ҷамоат аз 38 маҳалла, 22 деҳа, 131 кӯчаи иборат аст. Соҳаи асосии хоҷагии қишлоқи Ёва пахтакорӣ буда, мардуми он ба боғдорӣ, зироаткорӣ, чорводорӣ, кирмакпарварӣ ва ғайра аҳамият медиҳанд. Ёва зодгоҳи бисёр симоҳои шинохта ва мардони меҳнат мебошанд. Арбобони варзидаи ҳизбию давлатӣ Турнсун Ӯлҷабоев, Биҳоҷал Раҳимова, Темир Дадобоев, шоири Маъруф Муҳиддин Фарҳат, шоирони ӯзбекзабон Маҳмуд Тӯлқун, Абдулло Ҳушёр, нависандаи шинохтаи Тоҷик Қурбон Алӣ ва дигарон ба ин мисол шуда метавонанд. Дар ҷамоат корҳои маданӣ-маърифатӣ нағз ба роҳ монда шудааст. Дар озмуну мусобиқаҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ ҷамоат ҷойҳои намоёнро ишғол меуканд. Роҳбарияти ҷамоат, Шӯрои занон, иттифоқи ҷавонон, иттифоқи касаба, фаъолон ва саховатмандон барои пешравии ҷомеа ҳиссагузорӣ мекунанд. Ба истифода додани китобхона ва Маркази ҷавонон аз он шаҳодат медиҳад, ки баҳри маърифатнокӣ ва илму фарҳанг байни сокинони ҷамоат кӯшишҳо ба харҷ дода шуда истодааст. Инчунин дар ҳудуди ҷамоат 2 шӯъбаи алоқа, 1 меҳмонхона, 104 муассисаҳои хизматрасонӣ ва нуқтаҳои савдо, 1 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 1 литсеи касбу ҳунар, 1 гимназияи хусусии «Амид», 3 кӯдакистон, 10 мактабҳои таҳсилоти умуми, беморхона, китобхона, марказҳои саломатӣ, маркази солимгардонии хусусии «Юсуфзода» ҷойгир буда, бинои шӯъбаи бойгонии ноҳия дар ин мавзеъ мебошад. (Воситов А.А 4_40.01.01ра - 2016)