Jump to content

Олами ҳайвоноти Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Олами ҳайвоноти Тоҷикистон хеле бой ва гугногунранг мебошад. Дар ҳудуди кишвар 49 намуди моҳӣ, 2 намуди ҷонвари дубаҳра, 44 намуди ҳайвоноти хазанда, 10 ҳазор ҳайвони бемуҳра, 85 намуди ҳайвоноти ширхор, ки дар байни онҳо ҳайвони нодир, чун гӯсфанди Марко Поло, хангул ва ё оҳуи хушзоти бухорӣ, ғизол зиндагӣ мекунад[1]. Намояндаҳои зиёди олами ҳайвонот ва рустаниҳои Тоҷикистон ба Китоби байналхалқии сурх ҳамчун навъҳои нодир ва ё аз байнрафтаистода, ки ҳифз ва диққати махсусро талаб менамоянд, ворид карда шудаанд.

Ҳайвоноти нодир

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз намуди ҳайвонҳои нодир муфлон (гӯсфанди ёбоӣ)-ро дучор омадан мумкин аст, ки муфлони тоҷикӣ (уриал) сарасли гӯсфандони хонагӣ ба шумор меравад.

Паланги барфӣ (ирбис) яке аз ҳайвонҳои даррандаи хушрӯй, чаққон ва бақувват буда, (дарозии он якҷоя бо думаш аз ду метр зиёдтар аст) — душмани чунин ҳайвоноти нодир, чун архари помирӣ — гӯсфан-ди кӯҳии калонтарин дар олам, ки вазнаш то ба 200 килограмм мерасад, бӯзи печидашох — морхур ба шумор меравад.

Дар яке аз гӯшаҳои беҳамтои табиат, мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», дар болооби Амударё ҳайвонот ва паррандаҳои нодире аз қабили паланг, гурбаи ваҳшӣ, кафтор (гиена), тазарви сиёҳтило, Кабки даштӣ — чил, уқоби морхӯр ва ҳамчунин хуки ваҳшӣ, қашқалдоқ, харгӯш, ҷайра мавҷуданд

Паланги туронӣ дар «Бешаи палангон» соли 1953 охирон маротиба ба қайд гирифта шуда буд. Хирси малла дар буттазорҳои ҷангали кӯҳӣ умр ба сар мебарад.

Дар баландии 3000—4000 метр аз сатҳи баҳр, дар Помир қутосро дидан мумкин аст. Ҳамчунин дар мавзеъҳои сербарф, ки рустанӣ хеле каманд, суғури Мензбира зиндагӣ мекунад.

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон паррандагони зиёде лона мегузоранд ва ё ба воситаи қаламрави кишвар муҳоҷират менамоянд, ки на кам аз 384 навъро ташкил медиҳанд.

Паррандагони хушхон — булбул, зарғилдоқ, залич (паррандаи майдаи зардчатоб аз ҷинси гунҷишк), дурроч ва дигарҳо ҳамеша водиву кӯҳсоронро бо овози хеш таровату кайфияти хосса мебахшанд ки баҳорон, ҳатто шабҳо овозашонро шунидан мумкин аст.

Дар ҳаво паррандагони азими дарранда ба мисоли уқоб, лошахӯру каргас (дарозии қанотҳояш то ба 2,5 метр мерасад) ва даррандагони каме хурдтар аз онҳо — калхоту шоҳин ҳамеша дар парвоз ва аз пайи туъмаи хешанд.

Дӯнгии кӯҳ ва қуллаҳои баланди онро бошад улари ҳимолоӣ ҷойи дӯстдоштаи хеш интихоб намудааст.

Кӯлҳои Помир бошад, макони дӯстдоштаи мурғони обӣ гаштааст, ки аз байни онҳо таваҷҷуҳи хоса-ро мурғобии кӯҳии ҳинду ва саҷаи тибетӣ ба худ ме кашад.

Дар марғзорҳои субалпӣ, ки бо рангҳои ҷилодоре оро ёфтаанд, навъҳои мухталифи ҳашарот мав ҷуданд, ки онҳо барои паррандагон манбаи ғизо ба шумор мераванд.

Аз паррандагони хушхон байни аҳолӣ кабки кӯҳӣ хеле маъмул аст, ки онро ҳатто дар хонаҳои шаҳр вохӯрдан мумкин аст. Кабки кӯҳӣ ва ё кеклии ҳамчун паррандаи хушхони хонагӣ нигоҳ дошта ме шавад.

Аз хазандагон морҳои заҳрнок — кубро, мори айнакдор, гурза, мори афъӣ ва намуди бисёри морҳои безаҳр вомехӯранд, ки адади онҳо аз даҳҳо зиед аст.

Дар дарё ва кӯлҳо зағорамоҳӣ, лаққамоҳӣ, гулмоҳӣ, бурутмоҳӣ ва амсоли инро дидан мумкин аст Дар поёноби дарёи Вахш моҳии аз қадим боқимон дабелбаракмоҳӣ (скафарингус) то имрӯз маҳфуз мондааст.

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Хуш омададед ба тоҷикистон. — Д., 2008, — 124 с.