Абдушукури Абдусаттор
Абдушукур Абдусатторов | |
Таърихи таваллуд | 28 апрел 1954 |
Зодгоҳ | Конибодом, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 22 март 2021 (66 сол) |
Маҳалли даргузашт | шаҳри Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | Маркази методии ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ ва корҳои маданию маърифатӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон |
Абдушукури Абдусаттор (тахаллус Беҳрӯз; 28 апрели 1954, Конибодом, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС — 22 марти 2021, Душанбе, Тоҷикистон) — адабиётшинос, мунаққид ва шоири тоҷик, доктори илмҳои филология (2003), профессор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2000).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдушукур Абдусаттор (Абдусатторов) 28 апрели соли 1954 дар шаҳри Конибодом ба ҷаҳон омадааст. Соли 1976 бахши арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст. Баъди хатми донишгоҳ дар давоми солҳои 1976—1994, ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои миёнаи Ҳисору Конибодом, муҳаррир ва мудири шуъбаи Маркази методии ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ ва корҳои маданию маърифатӣ, котиби масъули маҷаллаи «Адаб» адои вазифа намудааст. Аз соли 1994 то соли 2021 дар кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз солҳои ҳаштодуми қарни бистум мақолаву гузоришоти ӯ дар масъалаҳои мухталифи адабиёти гузашта ва муосири тоҷик мунтазам чоп шудааст. Беҳтарин навиштаҳояш дар китобҳои «Руъияти Қуръон дар шеър» (1998), «Ҷилои ситораҳо» (2000), «Арабият ва адабиёти аҳди Ғазнавиён» (2002), «Равобити адабии Арабу Аҷам дар асри XI» (2004), «Асрори шеъри марғуб» (2004) ва ғ. фароҳам омадаанд. Таъдоде аз мақолаҳояш дар Эрону Афғонистон ба табъ расидаанд. Дар таҳлил ва нашри осори шоирони аҳди Сомониён, мунтахаботи Сӯзании Самарқандӣ, мухтасари осори илмии Забеҳуллоҳи Сафо, баргузидаи рубоиёти шоирони форсу тоҷик саҳми назаррас гузоштааст.[1]
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи зиёда аз 300 мақола ва рисолаҳои илмӣ-оммавӣ оид ба масъалаҳои адабиёти гузашта ва муосири тоҷик: «Фазоили Қуръон» (1992), «Талмеҳ дар шеъри аҳди Сомониён» (1998), «Шоирони аҳди Сомониён» (1999; ҳамроҳи Х. Шарифов), «Қиссаи подшоҳони Сомонӣ» (1999; ҳамроҳи Х. Шарифов). Дар таҳия ва ба чоп омода сохтани ду ҷилди аввали китоби «Таърихи адабиёт дар Эрон»-и Забеҳуллоҳи Сафо иштирок кардааст (2001, 2006). Инчунин «Таърихи адабиёти араб» (2009) ва «Мунтахаби девон»-и Сӯзании Самарқандиро ба чоп расонидааст (2009). Ӯ бо тахалл. Беҳрӯз шеър ҳам эҷод мекунад, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва маҷмӯаҳои «Навсафар» (1985), «Кокули бом» (1985), «Хордаста» (1987), «Сарчашмаи бадбахтиҳо» (1987), «Нешханд» (1990), «Эй нашъа балои ҷон шудастӣ» (2002) ва ғ. ба табъ расидаанд.
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдушукури Абдусаттор 22 марти 2021 дар синни 67-солагӣ бар асари сактаи дил даргузашт[2].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 18 ISBN 978-99947-2-379-9
- ↑ Sputnik Тоҷикистон. Даргузашти профессор ва адабиётшиносу шоир Абдушукури Абдусаттор(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (23 марти 2021). 28 апрели 2021 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абдушукури Абдусаттор / М. Нарзиқул // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 28 апрел
- Зодагони соли 1954
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Конибодом
- Даргузаштагони 22 март
- Даргузаштагони соли 2021
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Докторони улуми филология
- Олимон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Филологони Тоҷикистон
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон