Велма Барфилд
англ. Margie Velma Barfield | |
Ном ҳангоми таваллуд | англ. Margie Velma Bullard |
Таърихи таваллуд | 29 октябр 1932 |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 2 ноябр 1984 (52 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша | силсилақотил |
Марҷ Велма Буллард Барфилд (англ. Margie Velma Bullard Barfield; *29 октябри 1932 ; † 2 ноябри 1984) — сиосилақотили амрикоӣ буд. Вай аввалин зане буд, ки дар Иёлоти Муттаҳида пас аз барқарор шудани ҳукми қатл дар соли 1976 дар Каролинаи Шимолӣ бо сӯзандоруи марговар эъдом шуд.
Дар деҳоти Каролинаи Ҷанубӣ таваллуд шуда, дар Каролинаи Шимолӣ ба воя расидааст. Падару модараш бисёр ҷанг мекарданд, ва ӯ модарашро барои посух надодан ба дашномҳои падараш бад медид.
Велма Барфилд ду шавҳар, шарики ҳаёт ва чаҳор корфарморо бо арсен заҳролуд кард. Аввалин куштор, ки ба ӯ нисбат дода шуд, шавҳари аввалаш буд. Ҳангоми сӯхтани хона ӯ бар асари заҳролудшавӣ аз дуд ба ҳалокат расидааст. Дар ҷараёни мурофиа вай изҳор дошт, ки ҳамаи қурбониёнро барои маблағгузории истеъмоли маводи мухаддир куштааст. Ӯ ҳаммуаллифи китоби "Зан дар қатори марг" аст ва дархости ба таъхир андохтани иҷрои ҳукмро рад кардааст.
2 ноябри 1984 ҳукми қатл бо тариқи ворид кардани маводи марговар тариқи сӯзандору, вақте ки ӯ 52 сола шуд, яъне 7 сол пас аз қатлҳо, иҷро шуд. Ӯ аввалин зане дар ИМА гашт, ки пас аз соли 1961 бо ҳукми додситон ба қатл расонида шуд.