Jump to content

Оли Курт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Давлати Куртҳои Ҳирот)
Оли Курт
1244 — 1381


Пойтахт Ҳирот
Забон(ҳо) форсӣ
Шакли ҳукмронӣ подшоҳӣ

Сулолаи Куртҳо, ё Оли Курт (ар. آل کرت‎) — силсилае аз амирони тоҷик, ки аз солҳои 12441381 дар Хуросон истиқлол доштаанд. Сабаби куртҳо ном бурда шудани ин сулола он аст, ки асосгузораш Курт ном шахс мебошад. Сулолаи Куртҳои Ҳирот ба халқи курди ба шумо маълум ҳеч робитае надорад.

Аъзоёни сулолаи Куртҳо ҳанӯз дар замони мавҷудияти давлати Ғуриён ном бароварда, соҳиби мансабҳои калони давлатӣ шуда буданд. Масалан, Малик Саиди Курт яке аз лашкаркашони номии давлати Ғуриён буд. Набераи Курт — Иззуддин Умари Марғонӣ ҳам дар дарбори Ғиёсуддин Муҳаммади Ғурӣ ба мартабаҳои вазирӣ ва ноибин ӯ мушарраф гардида буд. Ба замми ин, вилояти Ҳиротро бародари Иззуддин — Тоҷиддини Марғонӣ идора мекард. Дар арафаи ҳуҷуми муғулҳо вилояти Ғур ба марказаш — Шаҳри Ҳайсор ба ихтиёри яке аз аъзоёни хонадони Куртхо — Рукнуддини Марғонӣ гузашт.

Вақте ки муғулхо вилояти Ғурро таъсис доданд, қалъаи Ҳайсорро, ки ниҳоят зебою дилкаш буд, вайрон накарда, ба пойтахти вилояти Ғур табдил доданд ва ҳокими нн вилоятро ҳокими тамоми Ғур таъйин карданд. Ҳамин тариқ, сулолаи Куртҳои Ҳирот давлати тоҷиконро дар собиқ қаламрави давлати Ғуриён аз нав эҳё карданд.

Шахси аввалине, ки аз сулолаи Куртҳои Ҳирот дар Ғур соли 1245 ҳукмронӣ кардааст, Рукнуддин ном набераи Шамсуддини Курт буд. Ӯ бо мақсади муайян гоҳ-гоҳ ба назди нойонҳои Муғул рафта, дар лашкаркашии онҳо иштирок мекард. Он вақт ҳанӯз давлатдории ин сулола аз доираи вилояти Ғур берун набаромада буд, чунки ба ин муғулҳо имконият намедоданд.

Баъд аз вафоти Рукнуддин бо амри нойони муғулии ин минтақа, ки Тоҳир-Баҳодур ном дошт. набераи Шамсуддин ҳокими Ғур таъйин карда шуд. Ӯ низ мисли бобояш танҳо дар Ғур ҳукмронӣ карда, дар ҷангҳои муғулҳо бар зидди Ҳиндустон иштирок мекард. Шамсуддини Курт дар ин лашкаркашиҳо ҳатто вазифаи элчии муғулҳоро иҷро карда, ба назди ҳокимони маҳаллии Ҳиндустон рафта, сулҳ мебаст. Ин рафтори Шамсуддин ба муғулҳо маъқул нашуда, ӯро аз ин вазифа сабукдӯш карданд, зеро бо «гуноҳи» Шамсуддин муғулҳо аз ғанимат маҳрум мешуданд. Вале баъди чанде муғулҳо ба хидмати Шамсуддин аз нав эҳтиёт пайдо намуданд.

Шамсуддин барои дар Ғур ва дар назди муғулҳо мустаҳкам кардани мавқею мақоми худ ҷидду ҷаҳд мекард. Барои ҳамин соли 1251 баҳри исботи садоқаташ ба хони бузург ба Туркистон меравад. Ин вақт Манку ном шоҳзода бар зидди шоҳзодагони дигари муғулӣ ҷанг мекард. Шамсуддин ба вазънят бо тезӣ ва дуруст баҳо дода, ба Манку ёрӣ расонд. Дар натиҷаи ин «садоқат»-и худ Шамсуддин пурра ба боварии Манку ноил шуд. Хони Бузурги Муғулистон ба ӯ ҳукмронии ҳудудҳои Афғонистон ва қисми Покистони кунуниро супорид.

Ин музофотҳо аз пойтахт — шаҳри Ҳирот идора карда мешуданд. Дар баробари ин Манкухон ба ҳамаи ҳокимони маҳаллии минтақаҳои номбурда фармуд, ки ба Шамсуддин итоат карда, ба ӯ кумаки молию пулӣ расонанд ва лашкар омода созанд. Ин лашкар ба ихтиёри Шамсуддин супурда шуд.

Иқтидори давлат

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба Шамсуддин лозим омад, ки ҳокимони маҳаллиро бо зӯрӣ ба зери итоати худ дарорад. Дар рафти ин кор ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шуд. Баъзан душманонаш ӯро туҳмат мекарданд. Тӯҳматҳое, ки хилофи манфиатҳои муғулҳо буданд, махсусан ба тахту тоҷи Шамсуддин тавфу хатари калон доштанд. Сарфи назар аз ин мушкилиҳо ӯ тавонист, ки «мағуна туҳматҳоро бартараф карда, дар тӯли 23 соли ҳукмронияш давлати Куртҳои Ҳиротро ободу зебо ва пурқувват гардонад.

Мустақилияти Шамсуддин ба қудрати давлати ӯ вобаста буд. Дар баробари пурзӯр шудани давлати Куртҳои Ҳирот Шамсудцин фармонҳои хонҳои Муғулро камтар нҷро мекард. Дар натиҷа соли 1278 Элхон Шамсуддинро бо фиреб ба Табрез хонд ва заҳр дода кушт.

Дар замони ҳукмронии Шамсуддин ба давлати Куртҳои Ҳирот қариб ҳамаи қаламрави Хуросон, қисми Ҳиндустони Ғарбии кунунӣ ва Сиистон тааллуқ дошт. Вале баъд аз ҳалок гардидани Шамсуддин давлати Куртҳо рӯ ба парокандагӣ ниҳод. Писари ӯ Рукнуддин, ки бо номи Шамсуддини Кехин ҳам маълум буд, ба ҷои падараш ба тахт нишаст, вале мисли вай ҳукмронӣ карда натавонист. Ӯ вақташро бештар дар қалъаи Хайсор мегузаронд. Дар сурати таҳдиди хавфе ба кишвар ба қалъа рафта пинҳон мешуд. Барои муҳофизату ободонии мамлакат кӯшиш намекард.

Дар ибтидои Солҳои 90-уми асри XIII ба тахти подшоҳии Куртҳо яке аз писарони Шамсуддин — Фахруддин нишаст. Ӯ аз усули давлатдории падараш норозӣ буд. Бо ҳамин сабаб ӯро падараш дар зиндон нигоҳ медошт. Вале Фахруддин ба воситаи яке аз лашкаркашони Элхон, ки Наврӯз ном дошт, аз зиндон гурехт. Баъд ба тахти Ҳирот соҳиб шуда, ҳудудҳои давлати Куртҳои Ҳиротро аз нав барқарор кард ва иқтидори онро афзун гардонд. Шоҳ Фахруддин дигар ба хони бузург — Элхон чандон итоат намекард. Мисоли зерин дар бораи мустақилияти Фахруддин шаҳодат медиҳад.

Соли 1304 Улҷойту ба тахти хони Муғул нишаст. Тамоми шоҳону ҳокимони давлатҳою вилоятҳои дохилии муғулҳо ба назди ӯ рафта, арзи дӯстию садоқат карданд. Шоҳ Фахруддин бошад, натанҳо ба назди хони нав нарафт, балки ба назди ӯ элчӣ ҳам нафиристод, ки аз номаш хони навро табрик гӯяд.

Аз саркашии Фахруддин Улҷойту ба каҳру ғазаб омада, соли 1306 бар зидди ӯ Донишманд ном лашкаркашро бо лашкари 10 — ҳазорнафара сафарбар намуд. Вале Донишманд аз тарафи сарлашкари Фахруддин — Муҳаммадн Сомӣ кушта шуд. Лашкари Улҷойту шикаст хӯрд. Ӯ аз ин ҳолат ба ташвиш афтода, ба тезӣ лашкари бузург ҷамъ карда, бо сардории Буҷой ном лашкаркаш бар зидди Фахруддин лашкари 30-ҳазорнафараро фиристонд. Баъди се моҳи дар муҳосираи муғулҳо будан Фахруддин дар Ҳирот, дар асари беморӣ вафот мекунад. Куртҳо муддате аз фазтидани Фахруддин хабаре паҳн накарданд.

Вале оқибат ин хабар паҳн шуд. Сарлашкари Куртҳо Муҳаммади Сомй аз уҳдаи ҷанг бар зидди лашкари Буҷоӣ баромада натавониста, ба муғулҳо таслим шуд.

Фахруддин Ғиёсуддин ном бародаре дошт, ки аз ӯ ранҷида, ба дарбори Элхонҳо рафта, зиндагӣ мекард. Улҷойту ин шахсро соли 1307 ба ҷои Фахруддин ба тахти подшоҳии Куртҳо шинонд. Шоҳ Ғиёсуддин барои аз» нав обод кардани давлати Куртҳо шурӯъ карда, дар муддати кӯтоҳ ба мақсади хеш расид. Тамоми мулку вилоятҳои парокандари дар азрофи Ҳирот муттаҳид сохт. Аз ин муваффақиятҳои Ғиёсуддин муғулҳо аз нав ба ташвиш афтоданд. Душманонаш дар бораи ӯ ба Улҷойту хабарҳои дурӯғ мерасонданд. Барои ҳамин ӯ Ғиёсуддинро ба назди худ хонд. Ғиёсуддин барои эътимоди бештар пайдо намудан якчанд сол дар дарбори хони муғул монд. Ҳамин тариқ, ӯ тавонист, ки бегуноҳ будани худро исбот кунад. Хони муғулба садоқати Ғиёсуддин бовар кард.

Вай бо фармони Улҷойту дар вазифаи шоҳ ба Ҳирот баргашта, ба обод кардани кишвар камар баст. Ба тобеъони худ фармон медихад, ки тамоми шаҳру деҳоти Куртҳоро аз нав обод кунанд. Ҳокимияти Ғиёсуддин ҳамин тавр, дар тамоми қаламрави давлати Куртҳои Ҳирот аз нав барқарор гардид. Баъди вафоти Ғиёсуддин писараш — Шамсуддин, ки соли 1329 ба сари ҳокимият омад, аз уҳдаи идораи давлат набаромад. Ин буд, ки дар ин сарзамин бесару сомонӣ ҳукмрон гардид. Баъди соли 1330 ба сари қудрат омадани Муъизуддин дар Курт дигарғуниҳои бузург ба амал омаданд. Дар замони ҳукмронии ӯ давлати Элхонҳои Эрон соли 1335 шикаст хӯрд ва Муъизуддин давлати худро мустақил эълон кард. Давлати Элхонҳо қариб 20 сол вуҷуд дошт, вале бо вуҷуди ин алоқаи худро аз ин хонадон наканд. Муъизуддин бе мақсади бақои давлати Куртҳои Ҳирот ҳатто духтари шоҳи Элхонро ба занӣ гирифт. Дар замони ҳукмронии Муъизилдин, ки он 40 сол давом кард ҳудудҳои давлати Куртҳои Ҳирот дар самти шимолу ғарб аз давлати Сарбадорон то Нишопур васеъ шуд.

Барҳамхӯрии давлати Куртҳои Ҳирот ба номи Темур вобаста аст. Ӯ баъди дар Самарқанд ба сари қудрат омаданаш ҳокимияти худро дар Осиёи Марказӣ мустаҳкам карда, сипас ба тарафи Хуросону самтҳои дигар харакат кард. Соли 1381 Темур шаҳри Ҳиротро ишғол намуда, намояндаи охирини сулолаи Куртҳои Ҳирот — Ғиёсуддини Пиралиро бо аҳли оилааш асир гирифта ва ба Самарқанд бурда, баъди чанде ба қатл расонд. Бо ҳамин давлати Куртҳои Ҳирот аз байн рафт.

  • Peter Jackson (1986). The Cambridge History of Iran, Volume Six: The Timurid and Safavid Periods. ISBN 0-521-20094-6
  • Edward G. Browne (1926). A Literary History of Persia: The Tartar Dominion. ISBN 0-936347-66-X