Jump to content

Ҷаҳиш

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҷаҳиш (фар. Mutation, англисӣ Mutation), як тағйири генетикӣ аст, ки сифоти зистии бархе аз афроди як гунаро тағйир медиҳад. Ба иборати дақиқтар, ҷаҳишҳо тағйироте дар таволи DNA ҳастанд. Ҷаҳишҳо метавонанд дар ҳар бахше аз DNA рух диҳанд.

Дар ҳар яке аз фаъолитҳои силлули назири фарояндҳои ҳаммонандсозӣ, рӯйнависӣ, тарҷума, таркиб муҷаддад ё навтаркибии курумузумҳо ва буруз ва зуҳури иттилооти генетикӣ эҳтимоли хато ва иштибоҳ вуҷуд дорад.

Дар мавридҳои нодир мумкин аст тағйири худ ба худи дар қисмате аз DNA рух диҳад. Ин тағйир, ки ҷаҳиш номида мешавад, мумкин аст тағйир дар рамз эҷод намуда ва ба тавлиди як пратарини ноқиси мунҷар шавад. Гоҳе натиҷаи холис ба сурати тағйире дар зоҳири фард ё тағйире дар як шахс қобили андозагирии мавҷуди зинда, ба номи вежагӣ ё сифати мушоҳида мегардад. Тайи фароянди ҷаҳиш, як ген мумкин аст ба ду ё чанд шакли мутафовит  тағйир ёбад.

Ҷаҳиши бадеӣ

Ҷаҳиш дар варзиш, ҳаракатест, ки дар анвои варзиш ва варзиши сабук ҳангоми машқҳои ҷисмонӣ ва мусобиқаи навъҳои муайяни варзиш (варзиши парашютӣ, ҷаҳиш дар батут, ҷаҳиш дар об ва трамплин, ҷаҳиши варзиши сабул, гимнастикаи варзишӣ, гимнастикаи бадеӣ, акробатика ва лижаҳои обӣ) зоҳир мегардад.