Jump to content

Абдураҳмон Бухоризода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдураҳмон Бухоризода
Абдураҳмон Латифович Бухоризода
Таърихи таваллуд 3 ноябр 1910(1910-11-03)
Зодгоҳ Самарқанд
Таърихи даргузашт 24 сентябр 1987(1987-09-24) (76 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор

Абдураҳмон Латифович Бухоризода — (3 ноябри 1910, шаҳри Самарқанд24 сентябри 1987, шаҳри Душанбе) - омӯзгор, олим, доктори илмҳои филологӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар оилаи маорифпарвари тоҷик Мирзо Бухорӣ ба дунё омадааст. Дар курси дусолаи муаллимтайёркунии Самарқанд хондааст (1924-1926), Институти маорифи Тошкандро хатм кардааст (1928). Ҳамон сол бо роҳхати Комиссариати маориф ба Тоҷикистон омадааст: муаллими забон ва адабиёти тоҷики Мактаби марказии ҳизбӣ, мудири кафедраи Мактаби олии коммунистӣ (1928-1934), роҳбари Саруправленияи санъат ҶШС Тоҷикистон, муҳаррири масъули рӯзномаи “Барои маорифи коммунистӣ” (1934-1936), директори Институти педагогии ғоибона (1936-1938), муаллим ва директори аввалин мактаби миёнаи шаҳри Сталинобод (1938-1941), сардори Управленияи мактабхо, ҷонишини Комиссари маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1941-1944), муҳаррири гурӯҳи нашрияи Совети Комиссарони Халқи ИҶШС дар Москва ва дар айни замон Институти забон ва мафкураи АИ СССР (1944-1946), муҳаррири масъули рӯзномаи “Газетаи муаллимон” (1946-1948), мудири кабинети забон ва адабиёти тоҷикии Институти такмили ихтисоси муаллимон, декани факултети таъриху филологияи УДТ (ҳоло – ДМТ) ба номи В.И.Ленин (1948-1959). Дар давраи роҳбарии ӯ, аксар олимону адибони шинохтаи Тоҷикистон дар факулта таҳсил намуда аз ӯ дарс омӯхтаанд. Минбаъд, ӯ дар УДТ ҳамчун профессор, фаъолияти омӯзгориашро то миёнаи солҳои 80 давом додааст. Аз соли 1959 то 1962 – мудири сектори луғати Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АИ Тоҷикистон.Аз соли 1962 то охири умр фаъолияти илмиву педагогиашро дарУДТ ба номи В.И.Ленин идома додаст. 24 сентябри 1987дар шаҳри Душанбе даргузашт.

Муаллифи аввалин ду китоби дарсӣ барои синфҳои 3 ва 4-уми мактабҳои лотиниасос (1932, 1934). Муаллифи мақолаҳои илмӣ доир ба забоншиносӣ ва этимологияи калимаю ибораҳо, ки дар китоби “Саргузашти калимаҳо” (Д., 2005) гирд оварда шудаанд. Хусусан дар тадвину таҳрири луғатҳои истилоҳоти соҳавӣ, луғатҳои дузабона, алалхусус асари дуҷилдаи “Фарҳанги забони тоҷикӣ” хидмати шоиста дорад.


  • Энциклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. - Душанбе,2008. - С. 69.