Jump to content

Адабиёти атиқа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Адабиёти атиқа, адабиёте, ки дар ду давлати қадимӣ ва машҳури дунё — Юнон ва Рим аз садаи IX то мелоди то садаи V офарида шудааст. Атиқа аз калимаи лотинии antiquitas гирифта шуда, маънояш (даври) «бостон», «қадим» аст.

Таърихи пайдоиши атиқа

[вироиш | вироиши манбаъ]

Офарандагони адабиёти атиқа, гузаштагони мустақими адабиёт, фарҳангу маданияти кишварҳои Европаи муосир мебошанд. Тасаввурот оид ба мавқеи инсон дар табиат, оид ба мавқеи адабиёт дар ҷомеа, оид ба тақсимбандии адабиёт ба намудҳо — эпос, лирика, драма ва навъҳои (жанрҳои) адабиёт, оид ба санъатҳои бадеӣ, авзони шеър, хусусиятҳои забони адабиёт ва ғайра, ки дар Юнони Қадим бунёд ёфта, ба Руми Бостон дода шуданд, дар асрҳои миёна дар Европа маъмул гардиданд. Ин тасаввурот, анъанаҳои адабӣ аз Рум ба Европаи Ғарбӣ, аз Константинополи Юнон ба Европаи Ҷанубу Шарқӣ ва ба Россия густариш ёфтанд. Осори Адабиёти атиқа дар Европа на танҳо мутолиа ва омӯхта мешуданд, балки намунаи эҷоди бадеии мукаммали идеалӣ ба шумор мерафтанд ва дар давраи Эҳё ва класситсизм намуна барои тақлид буданд.

Намудҳои атиқа

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ҳамин давра мафҳумҳои «санъати атиқа», «таърихи атиқа», «фалсафаи атиқа», «маданияти атиқа» ба миён омаданд. Осори пурарзиши дар ин соҳаҳо офаридашуда барои тамоми башарият аҳамияти калон доштанд. Адабиёти атиқа бо навъи адабии эпос (ҳамоса, достон)-и қаҳрамонӣ, бо «Иллиада» ва «Одиссея»-и Ҳомер оғоз ёфтааст. Шоир Вергилий (70 — 19 то мелод) дар тақлид ба Ҳомер достони «Энеида»-ро эҷод кард. Дар ин достон аз Эней ном паҳлавон ва ҳамсафонаш сухан меравад, ки аз шаҳри Троя бо киштиҳо ба ҳудуди Италия расиданд ва дар ин ҷо зиндагӣ ихтиёр намуданд. Бозмондагон (насл)-и онҳо баъдан шаҳри Римро бунёд гузоштанд. Овидий (43 то м. — 17) донишномаи манзуми устураҳоро бо номи «Метаморфозаҳо» офаридааст. Достонҳо дар мавзӯъҳои рӯз ҳам офарида мешуданд (достони «Ферсалия»-и шоири румӣ Лукан (39 — 65) — оид ба ҷанги Юлий Сезар ба муқобили ҷумҳурихоҳон). Ба ғайр аз достонҳои қаҳрамонӣ ва таърихӣ дар Адабиёти атиқа достонҳои андарзӣ низ вуҷуд доштанд (асари Ҳесиод «Меҳнат ва рӯзгор» — оид ба заҳмату зиндагонии кишоварзи поквиҷдон; маҷмӯа Вергилий «Георгики» — «Шеърҳо дар васфи кишоварзон», китоби Лукретсий «Оид ба моҳияти ашё» — дар бораи офаринишу сохтори коинот, инсон ва ҷомеа). Яке аз навъҳои маълуму машҳур дар Адабиёти атиқа фоҷиа (манзум) буд. Се нафар шоири бузурги юнонӣ — Эсхил, Софокл, Еврипид ва файласуфу шоири румӣ Сенека бузургони фоҷиа ба шумор мераванд. Номгӯи баъзе фоҷиаҳои Адабиёти атиқа бадин қарор аст: «Прометей», «Ҳеракл», «Шоҳ Эдип», «Ҳафт муборизи зидди Фива», «Фед­ра», «Ифигения дар Авлида», «Агаменон», «Электра» ва ғайра Навъи дигари Адабиёти атиқа мазҳака буд ва эҷодкорони он Аристофан, Менандр (343—291 то м.) дар Юнон ва Плавту (вафот 184) Терентсий (195 то м. — 159) дар Рум мебошанд. Намояндагони навъи адабии лирика низ дар Адабиёти атиқа арзи вуҷуд намудаанд. Анакреонт (570—478 то м.) шаробу ишқ, хушгузаронии умр, Пиндар (518—442 то м.) зиндагии хирадмандона, шоири румӣ Горатсий (65 то м. — 8) эзидон ва қаҳрамононро васф мекарданд. Навиштаҳои ин шоирон барои сурудан таъйин гардида буданд. Шеърҳо — хитобаҳоро, ки барои шунавандагон мехонданд, «элегия» меномиданд. Ин навъ ашъор, ки шоирони румӣ Тибули (50 — 19 то м.), Проперсий (таваллуд 50 то м) ва Овидий эҷод кардаанд, мазмунҳову мавзӯъҳои ишқиро дар бар мегирифтанд. Элегияи хурд «эпиграмма» («катиба») ном дошт. Шоир Марсиал (40 — 104) эпиграммаҳои ҳаҷвӣ менавишт. Осори мансур дар Адабиёти атиқа нисбат ба осори манзум камшумор буд («Дафнис ва Хлоя»-и Лонг, «Сатирикон»-и Петроний, «Хари тилоӣ»-и Апулей ва ғайра). Ин навъ осорро насри ғайриҷиддии барои мардуми одӣ таъйингардида медонистанд. Насри ҷиддӣ, орӣ аз хаёлоти бадеӣ осори таърихнигорон Ҳеродот, Фукидид (460—400 то м.), Тит Ливий (59 то м. — 17), Татсит (55 — 120) ба шумор мерафтанд. Осори дигари мансурро, ки хусусияти андарзӣ, ахлоқомӯзӣ дошт, файласуфони Юнони Қадим Афлотун, Плутарх (таърихнигор ҳам буд) эҷод кардаанд. Осори мансури бо санъатҳои бадеӣ ороста, бо забони ширину бадеияти баланд эҷодшуда нигоштаҳои нотиқон (ораторҳо; воизон) буд, ки машҳуртаринашон Ситсерон (106 — 43) мебошад.

Дар Адабиёти атиқа инсон, воқеияти табиӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ, муносибати инсону табиат, масъалаҳои муҳимми давр, тазодҳо, эҳсосот инъикос ёфтаанд. Адибон шуҷоату диловарӣ, ватандӯстӣ ва одамиятро васф кардаанд. Инсони тасвирнамудаи онҳо ҷисман пурзӯр аст, маънавиёти бой дорад. Адибони Европа дар тамоми давраҳои эҷоди худ ба Адабиёти атиқа муроҷиат намудаанд ва ин анъана идома дорад. Таъсири Адабиёти атиқа ба адабиёти Шарқ аз асрҳои миёна шурӯъ шуда, имрӯз ҳам қатъ нагардидааст. Адабиёти атиқа ба фалсафа (машшоиён), математика, таърих, ҷуғрофия, ҳандаса, санъат, маданият ва дигар соҳаҳои илму фанни Машриқзамин, аз ҷумла Эрону Осиёи Марказӣ бевосита ва ё ба тавассути тарҷумаҳои арабии осори юнониён таъсир расондааст. Ин таъсир дар адабиёт муфид ва самарабахш буд. «Поэтика» ва «Риторика»-и Арас­ту аз асарҳое буданд, ки адабиётшиносону файласуфони арабзабон ва тоҷик Ибни Рушд, Абуалии Сино, Форобӣ, Насируддини Тусӣ онҳоро омӯхтаанд ва шарҳу тафсир кардаанд. Сарчашмаи чанде аз достонҳои адабиёти классикии форс-тоҷик — «Вомиқ ва Азро», «Саломон ва Абсол» ва ғайра адабиёти юнонӣ мебошад. Дар офаридани «Искандарнома»-ҳо ҳам аз манбаъҳои юнонӣ истифода шудааст. Баъзе қаҳрамонони ин қабил асарҳо юнонианд ва бо ҳамон номи юнониашон амал мекунанд. Асарҳои Ҷумъа Одина, Сорбон, Ато Ҳамдам ва дигарон дар бораи Искандар ва Спитамен дар заминаи манбаъҳои юнонӣ офарида шудаанд. Нависанда Бароталӣ Абдураҳмон романашро дар бораи Куруши Кабир бо истифода аз сарчашмаҳои юнонӣ нигоштааст. Дар театрҳои Тоҷикистон драмаҳои адибони даврони атиқа намоиш дода мешаванд, ки «Шоҳ Эдип»-и Софокл (дар нақши асосӣ Ҳошим Гадоев) намунае аз онҳо мебошад.

  • Фанни шеър (Доир ба санъати шеърӣ), Д., 1985;
  • Саидов С., Боқиев Ҳ., Таърихи адабиёти хориҷа (Адабиёти Юнону Руми бос­тон), Д., 2007;
  • Фарҳанги адабиёти ҷаҳон, дар 6 ҷ., Т., 1384;
  • Тронский И. М., История античной литературы, М., 1983.