Алассан Уаттара
фр. Alassane Ouattara | |
аз 11 апрели соли 2011 | |
Пешгузашта | Лоран Гбагбо |
3-умин Сарвазири Кот-д’Ивуар
|
|
7 ноябри соли 1990 — 9 декабри соли 1993 | |
Пешгузашта | вазифа барқарор шуд; Феликс Ҳуфует-Бойнӣ (то 1960) |
Ҷонишин | Даниэл Каблан Дункан |
|
|
Таваллуд |
1 январ 1942 (82 сол) |
Ном ҳангоми таваллуд | фр. Alassane Dramane Ouattara |
Ҳамсар | Доминика Уаттара |
Ҳизб | Ҳизби демократии Кот-д'Ивуар |
Таҳсилот | |
Касб | Иқтисодчӣ |
Эътиқод | Ислом |
Ҷоизаҳо | |
Вебгоҳ | ado.ci/accueil.php(фр.) |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Алассан Драман Уаттара (фр. Alassane Dramane Ouattara [alaˈsan wataˈʁa]; тав. 1 январи соли 1942, Димбокро, Африқои Ғарбии Фаронса) — сиёсатмадори ивуарӣ, сарвазири Кот-д’Ивуар аз моҳи ноябри соли 1990 — то декабри соли 1993, раиси ҳизби Иттифоқи ҷумҳурихоҳон, Президенти Кот-Д’Ивуар аз 4 декабри соли 2010, де факто аз 11 апрели 2011.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Алассан Уаттара дар қаламрави Кот-Д’Ивуари муосир таваллуд шудааст. Донишгоҳи Дрексел ва Донишгоҳи Пенсилванияро хатм кардааст. Вай дар Сандуқи байналмилалии пул (солҳои 1984—1988 Департаменти Африқои ХБАро роҳбарӣ мекард) ва дар Бонки марказии Иёлоти Африқои Ғарбӣ (солҳои 1988—1990 онро сарварӣ мекард) кор кардааст.
Соли 1990, президенти Кот-д’Ивуар Феликс Ҳуфует-Бойнӣ ӯро сардори департаменти байниидоравӣ оид ба субот ва рушд таъин кард. 7 ноябри соли 1990 вай сарвазир таъин шуд. 9 декабри соли 1993, пас аз ду рӯзи марги Ҳуфуе-Бойнӣ, Уаттара аз вазифаи сарвазир истеъфо дод. Солҳои 1994—1999 дар ХБА ба ҳайси муовини директори идоракунанда кор кардааст. Пеш аз интихоботи президентии 1995, Иттиҳоди оппозисиюни ҷумҳурихоҳон ният дошт, ки ӯро ҳамчун номзади ягона пешбарӣ кунад, аммо Уаттара баъдан аз ширкат дар интихобот даст кашид. 1 августи соли 1999 вай роҳбари «Иттифоқи ҷумҳурихоҳон» интихоб шуд.
Ба Уаттара иҷоза дода нашуд, ки дар интихоботи президентии соли 2000 ширкат кунад, зеро модараш аз Буркина-Фасо буд (баъдан шаҳрвандии ивуариро гирифт). Бар асоси қонуни асосии кишвар, танҳо номзаде, ки ҳарду волидайнаш аз зодаи ивуарӣ ҳастанд, на аз рӯи табиат, метавонанд барои курсии раёсати ҷумҳурӣ муроҷиат кунанд. Ҳамин тариқ, ҳамаи одамоне, ки дар издивоҷҳои омехта таваллуд шудаанд, аз муборизаи эҳтимолӣ барои курсии президентӣ хориҷ карда мешаванд. Ин ҳолат ҷудошавии бе ин ҳам дар ҷомеа аз рӯи хатти этникӣ ба вуҷуд омадаро боз ҳам шадидтар кард. То он вақт аз сеяк то нисфи аҳолии кишварро одамони хориҷӣ ташкил медоданд, ки асосан дар соҳаи кишоварзӣ пештар кор мекарданд, ки бинобар бад шудани вазъи иқтисодӣ ба таназзул афтоданд.
Дар даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2010, Алассан Уаттара тақрибан 33 дарсади овозҳоро ба даст оварда, ба даври дуввум роҳ ёфт[1]. Бино ба маълумоти муқаддамотӣ, ӯ дар даври дуввуми интихобот пирӯз шудааст, аммо ин хабар боиси нооромиҳо ва баста шудани марзҳои кишвар шудааст[2][3]. Пас аз интихоботи президентӣ дар Кот-д'Ивуар, бӯҳрони шадиди сиёсӣ сар зад, ки то 11 апрели соли 2011, вақте ки тарафдорони Уаттара бар қаламрави ин кишвар ва Абиҷан назоратро барқарор карданд, президент Лоран Гбагбо боздошт шуд ва Уаттара президенти нав шуд. 21 май дар Ямусукро расман ба вазифаи президенти Кот-д'Ивуар шуруъ кард[4].
17 феврали соли 2011 ӯ раиси Иттиҳоди иқтисодии кишварҳои Африқои Ғарбӣ (ИИКАҒ) интихоб шуд.
Президентӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Барномаи барқарорсозии иқтисодиёти кишвар пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ташаббус нишон дод. Бо клуби порисӣ дар бораи пурра бекор кардани қарзи давлатт розӣ шуд. Нақшаи рушди миллии кишвар қабул гардид, ки қисми муҳими он мусоидат ба қолибияти сармоягузории кишвар буд, меъёрҳои зарурии қонунгузорӣ қабул карда шуданд, иҷозатномадиҳӣ содда карда шуд. Дар нақша инчунин лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, барқарорсозии роҳҳо, роҳи оҳан ва пулҳо пешбинӣ шудаанд. Ҳукумат инчунин ба баланд бардоштани рақобатпазирии дохилии иқтисодиёт таваҷҷӯҳ зоҳир намуд; соли 2016 зарурати аз инҳисорӣ баровардани нерӯи барқ ва об, ки минтақаҳои мушкилталабанд, эълон шуда буд. Дар айни замон, иқтисодиёти Кот-д'Ивуар яке аз босуръат рушдёбанда дар ҷаҳон аст, ки афзоиши 9% дар як солро нишон [5].
Оҳиста-оҳиста Уаттара тавонист ба муколамаи сиёсӣ бо ҷонибдорони Гбагбо ноил шавад. Маҷлиси миллӣ ва интихоботи маҳаллӣ дар солҳои 2012 ва 2013 баргузор шуд (Ҳизби PFI-и Гбагбо онҳоро бойкот кард). Солҳои 2013-2014 афви сиёсӣ баргузор шуд: маҳбусони маъруфи сиёсӣ, ҷонибдорони Гбагбо аз маҳбас озод шуданд ва анҷумани Фронти Халқии Ивуар баргузор шуд. Дар ҳоле ки худи Гбагбо ба мурофиа дар Гаага омодагӣ медид, PFI дар интихоботи президентии соли 2015 ширкат дошт.
Соли 2015, Уаттара дубора интихоб шуд (ӯ дар даври аввал зиёда аз 80% овозҳоро гирифт).
Дар интихоботи ноябри соли 2020 53,9% интихобкунандагон қабул шуд, ки 94,27% ба тарафдории Алассан Уаттара овоз доданд[6].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Второй тур президентских выборов пройдет в Кот-д’Ивуаре 21 ноября, РИА Новости (7 ноябри 2010). Бойгонӣ шудааст 14 марти 2016 сол. Проверено 10 ноябри 2010.
- ↑ Cote d'Ivoire borders ordered shut, Al Jazeera (2 Декабри 2010). Бойгонӣ шудааст 27 феврали 2016 сол. Проверено 3 Декабри 2010.
- ↑ Кот-д’Ивуар закрыл границы из-за возможных беспорядков, Lenta.ru (3 Декабри 2010). Бойгонӣ шудааст 27 Январ 2012 сол. Проверено 3 Декабри 2010.
- ↑ ECOWAS elects Ouattara as new chairman Бойгонӣ шудааст 12 июли 2012 сол.(англ.)
- ↑ Кусов, Виталий. Алассан Уаттара: президент Кот д'Ивуара, биография и правление(рус.), Правители Африки: XXI век. Бойгонӣ шудааст 20 июли 2018 сол. Проверено 20 июли 2018.
- ↑ www.africanews.com/(пайванди дастнорас — таърих).
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зодагони 1 январ
- Зодагони соли 1942
- Зодагони Кот-Д’Ивуар
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)
- Президентҳои Кот-д'Ивуар
- Сарвазирони Кот-д'Ивуар
- Сиёсатмадорон аз рӯи алифбо
- Сиёсатмадорони Кот-д'Ивуар
- Сарварони асри XXI
- Сиёсатмадорони асри XX
- Сиёсатмадорони асри XXI