Амонуллоҳхон
форсӣ: شاه امانالله خان | |
| |
10-умин Амири Афғонистон
|
|
28 феврали 1919 — 9 июни 1926 | |
Пешгузашта | Насруллоҳхон |
Ҷонишин | унвон барҳам хурд |
1-умин Шоҳи Афғонистон
|
|
9 июни 1926 — 14 январи 1929 | |
Пешгузашта | унвон таъсис ёфт |
Ҷонишин | Иноятуллоҳхон |
|
|
Таваллуд |
1 июн 1892[1][2][3][…] |
Даргузашт |
25 апрел 1960[4][1][2][…] (67 сол) |
Мадфан | |
Дудмон | Боракзай[d] |
Падар | Ҳабибуллоҳхон[d] |
Ҳамсар | Сурайё Тарзӣ[d] |
Эътиқод | ислом ва суннӣ |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Амануллоҳхон (форсӣ: شاه امانالله خان, 1 июн 1892, Пағмон, Аморати Афғонистон — 25 апрели 1960, Зюрих, Швейтсария) — ходими давлатӣ, подшоҳи Афғонистон (1919 – 1929), писари амир Ҳабибуллоҳхон.
Ҳукмронӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳанӯз замони салтанати падараш узви ҷамъияти машрутахоҳон бо номи «Ихвони афғон» (машҳур ба «Ҷавонафғонон») гардид. 27 феврали 1919 баъди кушта шудани падараш Ҳабибуллоҳхон ба тахти подшоҳӣ нишаста, машрутахоҳонро ба вазифаҳои муҳими давлатӣ таъйин намуд.
Истиқлоли афғонистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Амонуллоҳхон Афғонистонро пурра аз империяи Британия мустақил эълон кард, ки боиси сар задани ҷанги сеюми афғону англис гашт. Баъди Муоҳидаи сулҳ (18 августи 1919) Британия истиқлоли Афғонистонро эътироф кард. 20 феврали 1919 Афғонистон давлати мустақил эълон эълон карда шуд. Истиқлоли Афғонистонро қабл аз дигарон Русияи Советӣ пазируфт. 7 апрели 1919 Амонуллоҳхон бо мактуб ба В. И. Ленин муроҷиат карда, барои бо Русияи Советӣ бастани алоқаҳои дӯстона изҳори хоҳиш намуд. 27 майи 1919 бо имзои В. И. Ленин ва М. И. Калинин ҷавоби мактуби Амонуллоҳхон ба пойтахти Афғонистон – Кобул расид, ки дар он оид ба муқаррар намудани муносибатҳои ҳатаърихи дипломатӣ байни ин ду давлат мувофиқа шуда буд ва 28 феврали 1921 дар Москва шартнома ба имзо расид. Дертар (1926) шартнома байни СССР ва Афғонистон дар бораи бетарафӣ ва ба ҳамдигар ҳуҷум накардан баста шуд. Дар натиҷа, соли 1929 Армияи Сурх барои пахш кардани исёни тарафдорони англисҳо ба Афғонистон ёрии худро расонд (ин дохилшавии якуми Армияи Сурх ба Афғонистон буд). Дар навбати худ ҷавобан ба ин мадад Афғонистон солҳои 20–30 садаи XX дар торумор намудани дастаҳои босмачиён дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна кумак карда, дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бетарафиро ишғол намуд.
Ҳаёти сиёси, иқтисодӣ ва маданӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Амонуллоҳхон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании Афғонистон ислоҳот гузаронд. Соли 1923 аввалин Конститутсияи мамлакат (Низомномаи асосии давлати олияи Афғонистон) қабул гардид, ки барои ба шоҳии машрута табдил додани кишвар замина гузошт. Бо мақсади таҳкими ҳокимияти марказӣ Амонуллоҳхон баъзе имтиёзҳои сиёсию иқтисодии хонҳо – пешвоёни қабоилро масдуд сохт. Андози натуралӣ ба андози пулӣ иваз шуда, ба рушди муносиботи молию пулӣ дар деҳот мусоидат намуд. Ғуломӣ бекор ва озодии шахсӣ эълон шуда, ҳама сокинони мамлакат сарфи назар аз миллат, нажод, мазҳаб, вазъияти иҷтимоӣ дар назди қонун баробар, молу мулкашон дахлнопазир гардид. Таълими ҳатмии ибтидоӣ дар соҳаи маориф ҷорӣ гашт. Дар натиҷа мавқеи рӯҳониён маҳдуд ва онҳо аз манбаъҳои даромад бенасиб монданд. Норозигӣ аз ислоҳот ба шӯришҳои зиддиҳукуматии қабоили паштун овард, ҳарчанд мавқеи сиёсию иқтисодии Афғонистон тақвият ёфт.
Аз декабри 1927 то июни 1928 Амонуллоҳхон дар сафари дарозмуддати хориҷӣ қарор дошта, аз Ҳиндустон, Миср, Италия, Франсия, Британияи Кабир, СССР, Туркия ва Эрон дидан кард. Баъди бозгашт дар Пағмон Луи Ҷиргаро даъват кард ва ба гузарондани як силсила ислоҳоти радикалии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва низомӣ даст зад, ки бо эътирози васеи табақаҳои гуногуни аҳолӣ рӯ ба рӯ шуд. Ноябри 1928 як қисми қабоили шарқӣ шӯриш бардошта, бекор намудани ислоҳоти ғайришаръиро талаб карданд.
Шикаст
[вироиш | вироиши манбаъ]Амонуллоҳхон хусусан дар натиҷаи шӯриши Бачаи Саққо соли1929 маҷбуран аз тахту тоҷ даст кашида, тарки ватан намуд. Дар Сюрихи Швейтсария фавтида, дар Ҷалолобод мадфун аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 2.0 2.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ Proleksis enciklopedija, Opća i nacionalna enciklopedija (хорв.) — 2009.
- ↑ Аманулла-хан // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ Deutsche Nationalbibliothek Record #12012355X // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Life of Amir Amanullah Khan in pictures
- Amanulla Khan: Betrayal of Nadir Khan
- Ghazi Amanullah Khan City next to Jalalabad
- Ghazi Amanullah Khan City on YouTube
- Амонуллоҳхон ба «Родовод». Сарнаслҳои ва наслҳои дарахт
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.