Аорист
Зоҳир
Аорист (юн. aoristos — номуайян) — шакли феълиест, ки замони ҳозира - ояндаи сиғаи шартӣ - хоҳишмандиро ифода мекунад. Аорист аз асоси замони ҳозира (рав, бин, хон) ба воситаи бандакҳои феълии сиғаи шартӣ - хоҳишмандӣ сохта мешавад: хонам, хонӣ, хонад, хонем, хонед, хонанд.Шакли аорист дар забони адабии тоҷик қадимӣ буда, ҳоло ҳам хусусияти замонӣ ва маъноии худро пурра нигоҳ доштааст.
Мисолҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ман бояд ба якчанд саволҳои худ ҷавоб гирам (Сотим Улуғзода).
- Кошки тухми муҳаббат ҳам туро, ҳам ӯро боло бардорад (Ҷалол Икромӣ).
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Қисми 1: Фонетика ва морфология. — Душанбе: Дониш, 1985. — 205саҳ.