Jump to content

Апулей

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Апулей
Таърихи таваллуд: тақрибан 125[1][2][3]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: тақрибан 170[3]
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: нависанда, файласуф, румоннавис, шоир, rhetorician, пизишк
Забони осор: лотинӣ[4][5]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Апуле́й (лот. Apuleius; тақрибан 125[1][2][3], M'Daourouch[d], Вилояти Суқ-Аҳрос[1]тақрибан 170[3], Carthage[d]) — нависандаи Руми Қадим.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Карфагену Афина таҳсил ва муддате дар Рим зиндагонӣ кардааст. Пас аз бозгашт ба Ватан ҳамчун нотиқ шӯҳрат ёфтааст. Апулей бо забонҳои юнонӣ ва лотинӣ асарҳо менавишт. Аз Апулей то ба замони мо романи «Метаморфозаҳо дар XI китоб» (бо номи «Хари тиллоӣ» низ машҳур аст), «Апология ё Нутқ дар ҳимояи худ аз тӯҳмати ҷодугарон», «Флоридаҳо» — маҷмӯаи порчаҳои нутқ ва муншаоти пуртакаллуфаш омада расидааст. Дар романи «Хари тиллоӣ» тарзи маишат ва урфу одати музофоти Рими садаи 2 инъикос ёфтааст. Дар китоб 11 новеллаи иловагие вуҷуд доранд, ки аз онҳо афсонаи Амур ва Психея хеле машҳур буда, чандин бор аз ҷониби шоирону нависандагони баъдинаи мамлакатҳои гуногун аз нав таҳрир шудааст. Аз сужетҳои романи Апулей Ҷ. Боккаччо, М. Сервантес, Г. Филдинг ва дигарон дар асарҳои худ истифода бурдаанд.