Jump to content

Бери-бери

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бери-бери
ИхтисосEndocrinology, асабшиносӣ, дилшиносӣ Edit this on Wikidata
Бери-бери
Касалии бери-бери дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ
Касалии бери-бери дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ
МКБ-10 E51.151.1.
МКБ-9 265.0265.0
DiseasesDB 14107
MedlinePlus 000339
eMedicine med/221 
MeSH D001602

Бе́ри-бе́ри (авитаминози B1) — бемориест, ки бинобар дар организм кам будани витамини В1, хусусан тиамин, сар мезанад.

Ниёзи организми мардҳо ба витамини В1 дар як шабонарӯз 1,6-2,5 мг, занҳо — 1,3-2,2 мг ва кӯдакон аз 0,5 то 1,7 мг аст. Беморӣ фаъолияти силсилаи дилу рагҳоро халалдор сохта, тан лоғар мешавад, варам мекунад. Бери-бери дар мамолики Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ бисёр ба мушоҳида мерасад. Сабаби беморӣ истеъмоли зиёди биринҷ аст. Бери-бери феълан кам дучор меояд. Ҷараёни беморӣ шадид ва музмин аст. Бери-бери метавонад оқибати бад ба бор орад. Беморро дар шифохона табобат мекунанд. Ғизо бояд ба миқдори зиёд сафеда дошта бошад.