Бозии чашмбаста
Бозии чашмбаста, бозии нодид — як навъ бозиест дар шатранҷ, ки бозикун (ба танҳоӣ ё якҷо бо рақиб) бидуни он ки ба тахтаи шатранҷ нигарад, ҳаракати муҳраҳоро (бо такя бар нерӯи ҳофиза) эълом медорад.
Аз афроде, ки бори нахуст бо чашми баста шатранҷ бозидааст, Саййид ибни Ҷубайд (фавт 714) ёдоварӣ шудааст. Дар Аврупо бозии чашмбаста нахустин бор соли 1265 ёдовар мешавад. Алоуддин Алӣ-аш-Шатранҷӣ, яке аз донишмандон ва адибони дарбори Темури Курагон (1336—1405), ки дар империяи ӯ устоди беназири шатранҷ буд, чашмбаста бо 4 нафар шатранҷ мебозид. Филидор — устоди фаронсавӣ (асри 18) бо се нафар, Пол Марфии амрикоӣ (асри 19) бо 10 нафар устодони мумтоз зӯрозмоӣ кардааст.
Рекордҳои бозии чашмбаста дар асри 20 чандин бор тағйир хӯрд. Соли 1902 Гарри Пилсбери (ИМА) дар Маскав дар баробари 22 рақиб бо чашми баста бозӣ кард, ки ин рақобат бо натиҷаи як бохту се мусовӣ ва 17 пирӯзӣ ба нафъи Пилсбери анҷом ёфт. Пас аз 2 сол В. Острагискийи рус бо 23 шатранҷбоз маҳорат санҷид. Ҳамин тариқ, гроссмейстерҳо Рети, Брейер, Алёхин, Калтановский ва Найдорф дидори ҳамзамон бо чашми бастаро то 45 тахта боло бурданд. Соли 1960 Янош Флеш (Маҷористон) бо 52 нафар бозии чашмбаста орост, ки ҳама корозмудаву касбӣ буданд. Флеш танҳо дар се дидор бохт ва дар 18-тои дигар ба мусовӣ расида, 31 бозиро бурд. Темур Гараев, гроссмейстери тоторитабори амрикоӣ соли 2016 бо 48 тахта бозии чашми баста доир намуд ва ин дидори вай дар китоби Рекордҳои Гиннес сабт ёфтааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бозии чашмбаста // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.