Бозори молӣ
Зоҳир
Бозори молӣ, бозори молявӣ — низоми муносибатҳоест, ки дар он аз нав тақсим кардани захираҳои молӣ тавассути миёнаравони молӣ сурат мегирад.
Бозори молӣ аз бозори сармоя ва бозори пул иборат мебошад. Дар бозори молӣ гардиши сармоя, пешниҳоди қарз, амалиёти табодули пул ва воридсозии маблағҳои молӣ дар истеҳсолот ба амал меояд. Маҷмӯи талаботу пешниҳодот ба сармояи қарздиҳандагон ва гирандагони он дар кишварҳои гуногун бозори молиявии ҷаҳониро ба вуҷуд меорад.
Низомҳои бозори молӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Таърихан ду низоми асосии бозори молӣ ташаккул ёфтааст:
- низоми молиявие, ки ба маблағгузории бонкии ба ном навъи байниқитъавӣ такя дорад;
- низоми молиявие, ки ба бозори коғазҳои қиматнок ва низоми маблағгузорони ниҳодӣ (ширкатҳои суғуртавӣ, хазинаҳои маблағгузорӣ ва нафақавӣ ё навъи амрикоӣ-англисӣ) вобаста аст.
Навъҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бозори молӣ ба навъҳои зерин ҷудо мешавад:
- бозори сармояҳо, бозори сармояи саҳомӣ (бозори саҳомӣ),
- бозори сармояи қарзӣ (бозори вомбаргҳо ва векселҳо),
- бозори пул, бозори олатҳои истеҳсолот (дериватҳо),
- бозори асъор (форекс).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бозори молиявӣ / Ш. Раҳимзода // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.