Ваколатнома
Ваколатнома (وكالتنامة) — ин ҳуҷҷате аст, ки аз ҷониби як шахс ба шахси дигар барои пешниҳод намудан дар назди шахси сеюм, дода шудааст.
2. Ваколатнома - ҳуҷҷат аст. Ҳар як шахс бояд ҳуқуқҳои худро худаш дар муносибатҳои шаҳрвандӣ ба амал барорад. Аммо дар мавриди бо фаъолияти дигар банд будан, нотоб будан, ба ҷои дигар рафтан ва ғайра он шахс метавонад аз хизмати шахси дигар истифода намояд. Ба чунин рафтор роҳбарони шахсони ҳуқуқӣ ҳам ҳуқуқ доранд. Дар чунин мавридҳо онҳо метавонанд ба номи шахсе, ки ба он боварӣ доранд, барои аз номи онҳо дар муносибатҳои шаҳрвандӣ баромад кардан ваколатнома диҳанд. Мувофиқи талаби ваколатнома аз тарафи як шахс ба шахси дигар додани ваколати муайяни хаттӣ барои намояндагӣ дар назди шахси сеюм дода мешавад.
Ваколатнома бо мақсади содир намудани як ва ё якчанд амали ҳуқуқӣ (юридикӣ) дода мешавад. Дар қонун пешбинӣ шудааст, ки ваколатнома дар шакли одӣ (яъне дар шакли хаттии одӣ) ва дар кадом мавридҳо бояд аз тасдиқи мақомоти нотариалӣ гузаронида шавад. Ваколат доира, ҳадди амали вакил аст. Ваколати вакил аз тарафи вакилкунанда дар ваколатнома муайян карда мешавад. Вакил бояд дар доираи ваколати ба он додашуда амал кунад. Бе розигии вакилкунанда аз он ҳад баромада наметавонад. Вакил вазифадор аст, ки ваколати ба ӯ додашударо худаш ба амал барорад. Ҳолатҳои ба шахси дигар супоридани ваколат дар қонун амиқ муайян карда шудааст.
Ваколат ҳуқуқҳои соҳибмулк аст. Мувофиқи талаби қонун соҳибмулк доир ба молу мулки худ се ваколат дорад:
- ҳуқуқи дар тасарруфи худ нигоҳ доштани молу мулк,
- ҳуқуқ ба истифода намудани молу мулки худ;
- ҳуқуқ ба ихтиёрдорӣ намудани молу мулк. [1]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 116