Габрово
Шаҳр | |||||
булғорӣ: Габрово[1] англ. Gabrovo[1] | |||||
|
|||||
42°51′ с. ш. 25°19′ в. д.HGЯO | |||||
Кишвар | Булғория | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Таъсис | 1477 | ||||
Масоҳат |
|
||||
Баландии марказ | 392 ± 1 м | ||||
Минтақаи замонӣ | DAZD[d] | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ | |||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||
Пешшумораи телефон | 066 | ||||
Нишонаи почта | 5300 | ||||
|
|||||
gabrovo.bg | |||||
|
|||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Га́брово (булғорӣ: Габрово) — шаҳр дар Булғория. Маркази маъмурии вилояти ҳамном, дар қисми марказии мамлакат, дар соҳили дарёи Янтра ва доманаи кӯҳҳои Стара-Планина ҷойгир аст. Аҳолиаш 59, 6 ҳазор нафар (2014).
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Одамон дар Габрово асрҳои 4-5 м сокин шудаанд. Дар давраи авҷи шоҳигарии Булғориёни дувум (асрҳои 13-14) маркази ҳунари оҳангарӣ ва савдо буд. Баъди истиқрори ҳокимияти сулолаи Усмониҳо ба яке аз марказҳои муҳоҷират табдил ёфт. Аз соли 1878 дар ҳайати Булғория. Габрово яке аз қадимтарин, бузургтарин ва муҳимтарин марказҳои саноати сабук (корхонаҳои бофандагӣ, пӯст, чарму пойафзор), мошинасозӣ (дастгоҳҳои бофандагӣ ва филиззбурӣ, асбобҳои тиббии электронӣ) мебошад.
Ёдгориҳои меъморӣ: калисои Успенский, Бурҷи соатдор ва ғ. Осорхонаи мардумшиносӣ зери осмони кушод, театри драма ва театри лухтак дорад. Габрово-ро пойтахти ҳаҷву мутоибаи ҷаҳонӣ мешуморанд. Аз соли 1973 дар Габрово ҳар сол фестивали байналмилалии ҳаҷву зарофатгӯӣ ва карнавали кӯдакона баргузор мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Габрово // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.