Гварини, Гварино
Гварини, Гварино | |
---|---|
Иттилооти асосӣ | |
Таърихи таваллуд | 17 январ 1624[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 6 март 1683[4][1][5][…] (59 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Таҳсил: |
Гвари́но Гвари́ни (Guarino Guarini; 17 январ 1624, Мудено — 6 марти 1683, Милан, Итолиё) — меъмор, навозанда, риёзидони итолиёӣ; узви иттиҳоди театинсҳо, яке аз устодони барҷастаи барокко дар Итолиёи Шимолӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Рум таҳсил карда, бо эҷодиёти Ф. Барромини ошно шуд. Дар Моден, Мессин, Прага, Лиссабон, Порис кор кардааст. Асарҳои асосии худро дар даргоҳи герсоги бузурги Савоя офаридааст. Капеллаи Сантиссим Синдон дар калисои ҷомеи Сан-Ҷованни (1997–90), хори калисои ҷомеи Сан-Лоренсо (1668–87), қасри Кариняно (1679–81) дар Турин ва қалъаи Ракониҷи (1680) дар музофоти он аз ҷумлаи онҳоанд. Гварино Гварини барои ноил шудан ба зебоӣ ва пурамалии ниҳоӣ таъсири мураккаби рӯшноӣ ва усулҳои тазодҳои рангини нафисро, ки зебошиносии борокко ба онҳо асос ёфтааст, васеъ истифода бурдааст. Гварино Гварини муаллифи рисолаҳои риёзӣ, астрономӣ, фиқҳӣ ва меъморӣ мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Marconi N., Marconi N. GUARINI, Guarino (итол.) — 2003. — Vol. 60.
- ↑ RKDartists (нидерл.)
- ↑ Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Guarino Guarini (нидерл.)
- ↑ 6.0 6.1 Marconi N., Marconi N. GUARINI, Guarino (итол.) — 2003. — Vol. 60.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гварини Гварино // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.