Jump to content

Елена Алиева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Елена Алиева
Елена Ғуломовна Алиева
Таърихи таваллуд 1 феврал 1948(1948-02-01) (76 сол)
Зодгоҳ Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ тиб
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино

Елена Ғуломовна Алиева (01.02.1948, Душанбе) — пизишк, номзади илмҳои тиб. (1997), дотсент (2010). Фарзанди Алиев Ғулом Алиевич.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Елена Ғуломовна Алиева дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино таҳсил намуда (1965–72), ихтисоси пизишки муолиҷакорро соҳиб гаштааст. Ординатори клиникӣ (1972–74) ва ҳамзамон ассис.каф. физиологияи патологӣ (1974–83), ассис. (1983–97), муд. каф. варзиши шифоӣ ва назорати тиббӣ бо курси физиотерапияи ДДТТ (1997–2010) будааст. С. 1997 дар мавзӯи «Баъзе хусусиятҳои шароити меҳнати кормандони сехҳои электролизи истеҳсолоти алюминий ва таъсири майдонҳои магнитӣ ба маҷрои гардиши хурди хун» рисолаи номз. дифоъ кардааст. Аз с. 2010 – дотсенти кафедраи тарбияи ҷисмонии табобатӣ ва тибби Шарқи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи 28 тезис, 4 мақолаи илмӣ, 4 дастурамали таълимию методӣ, аз он ҷумла: «Значение раннего применения ЛФК и массажа в реабилитационном периоде больных с ревматоидным артритом» (маҷ. «Здравоохранение Таджикистана», Д., 1995, № 3); «Влияние одного из ведущих производственных факторов Таджикского алюминиевого завода на сосуды микроциркуляторного русла» (дар кит. «Медицина и здоровье», Д., 1997); «Роль длительных тренировок в лечении больных гипертонической болезнью» (Ахбори АИ ҶТ, Д., 2006, №1–2 (151); «Значение преформированных физических факторов в комплексном лечении больных с заболеваниями суставов» (Материалы 55-ой научно-практической конференции ТГМУ, Д., 2007) ва ғ. Бо чандин Ифтихорномаҳои Фахрии соҳавӣ қадр карда шудааст.[1]

  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6