Зулфиқор
Зулфиқор, зулфақор (ар. ذوالفقار — муҳрадор) — лақаби шамшери маъруфи Алӣ ибни Абутолиб.
Ваҷҳи тасмия
[вироиш | вироиши манбаъ]Ваҷҳи тасмияаш қатори муҳраҳо ё харошҳои пасту ҳамвор доштани пушти он аст. Зулфиқор дар даврони тоисломӣ низ шуҳрат доштааст. Дар асл ба Мунаббеҳ ибни Ҳаҷҷоҷ ё Ос ибни Мунаббеҳ мутааллиқ будааст. Онро ҳазрати Муҳаммад (с) дар ҷанги Бадр ба даст оварда, дар ҷанги Уҳуд ба Алӣ (вақте ки шамшери Алӣ шикаст) бахшидааст. Алӣ (а) бо зулфиқор аз Муҳаммад дифоъ карда, душманро ақиб рондааст. Доир ба далерии Алӣ (а) байни мардум зарбулмасали «Ло фато илло Алӣ, ло сайфа илло Зулфиқор» («Ҳеч ҷавонмарде ҷуз Алӣ ва ҳеч шамшере ҷуз Зулфиқор нест») роиҷ аст. Минбаъд зулфиқор ҳамчун рамзи қудрат ва шуҷоат дар миёни мусулмонон вирди забонҳо шуд. Дар мавриди шакли зулфиқор андешаҳои мухталиф мавҷуданд. Зулфиқор мисли шамшерҳои арабии қадим дудама буда, як дами он дандонадор будааст. Вале дар тасаввуроти минбаъда нӯги зулфиқор ду шоха (теға, забона) дошта, дар тасвирҳо онро, маъмулан, душоха кашидаанд. Зулфиқор дар шеъри классикии форс-тоҷик фаровон истифода шудааст:
Яке аждаҳо буд дар чанги шер,
Ба дасти Алӣ Зулфақори Алӣ.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зулфиқор / М. Нурова // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — С. 360. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.