Jump to content

Катибаи Бобур

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Катибаи Бобур — катибаи рӯи сангие, ки бо дасти cултон Заҳируддин Муҳаммад Бобур (форсӣ: ظهیرالدین محمد بابُر‎) — арбоби давлатӣ, сипаҳсолор, вақоеънигор, шоир, рӯйи санг навишта шудааст. Бобур солҳои 15111512 ҳангоми дар кӯҳистони Масчо паноҳ бурданаш, дар лаби чашмаи поёнтари мазори деҳаи Оббурдон дар руйи санг байти Саъдии Шерозӣ-ро аз асараш «Бӯстон» навиштааст.
Санги мазкур ҳоло дар Осорхонаи миллии бостонии Тоиҷикистон дар бахши осори давраи Исломӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Катибаи Бобур соли 1953 аз тарафи муаррих академик, он вақта аспиранти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикиситон Аҳрор Мухторов дар ноҳияи Масчоҳ назди чашмаи Озухаки Деҳаи Оббурдон ёфт шудааст. Худи А. Мухторов оид ба кашфиёташ чунин менависад: Хатти рӯи санг аз деҳаи Оббурдон ягона матнест, ки то ҳол аз мероси бо дасти худи Бобур навишташуда пайдо шуд. Аз рӯи хабаре, ки доир ба ин хат дар «Бобурнома» зикр ёфтааст, муаллифи ин сатрҳо соли 1953 ба кофтукоби он ба Масчоҳ рафта сангро дар ҳамон ҷое, ки онро Бобур дар асараш тасвир кардааст, пайдо намуд.[1]
Оид ба мақолаи мазкур дар 40 давлати дунё мақолаҳо ва маълумот нашр шудаанд. Соли 1960 дар Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ламаносов ва соли 1985 дар Эрмитажи Санкт-Петербург катибаи мазкур ба намоиш гузошта шуд.

Маълумот оид ба катиба

[вироиш | вироиши манбаъ]

Андозаи санг 51х45х16 буда навиштаҷоти Бобур дар ҳудуди 20х30 ин санг ҷойгир аст. Хатти навишта шуда форсӣ буд бо тарзи хатти настаълиқ хаттотӣ шудааст.
Мисраҳо аз "Бӯстон"-и Саъдӣ гирифта шуда ба ин тариқанд:

« Шунидам, ки Ҷамшеди фаррухсиришт,

Ба сарчашмае бар ба санге навишт:
Бар ин чашма чун мо басе дам заданд
Бирафтанд, то чашм барҳам заданд.
Гирифтем олам ба мардию зӯр
Валекин набурдем бо худ ба гӯр

»

Харраҳу (биканд) Бобур соли 917 -и ҳиҷрӣ баробар бо 1512-и мелодӣ.


катибаи Бобур, мисрае аз шеър ки дар қисми чаппи санг канда шудааст

Ду байти дигар дар қисмати чапи санг канда шудаанд ва аз мисраҳои аввалу охир ҷудоаанд, ки ин байтанд:

« "Бар ин чашма чун мо басе дам заданд"

Бирафтанд, то чашм барҳам заданд.

»
  1. А. Мухторов. Санг ҳам диле дорад. Душанбе соли 1999. саҳ 32