Кӯҳҳои Олтой
муғ. Алтайн нуруу муғ. ᠠᠯᠲᠠᠢ ᠶᠢᠨ ᠨᠢᠷᠤᠭᠤ ӯйғурӣ: ئالتاي تاغ تىزمىسى русӣ: Алтай муғ. ᠠᠯᠲᠠᠢ муғ. Алтай қаз.: Алтай таулары | |
Кишвар | |
---|---|
Мавқеият | Altai[d] |
Баландтарин нуқта | Belukha Mountain[d] |
Баландӣ аз сатҳи баҳр | 4 506 м |
Маводди созанда | Ҷинсҳои кӯҳии метаморфи |
Time period | Paleozoic[d] |
Дарозӣ |
|
Бар | 600 км |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Кӯҳҳои Олтой, или Олтой (муғ. Алтайн нуруу, олт. Алтай туулар, уйғӯрӣ ئالتاي تاغلىرى, қаз.: Алтай таулары, тув. Алдай даглары, чинии сода: 阿尔泰山脉, пинйин: Ā'ěrtài shānmài, палл.: Аэртай шаньмай) — системаи кӯҳиест дар Осиё, дар ҳудуди Қазоқистон, Русия, Муғулистон ва Чин.
Ҷуғрофиё
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Шимоли Fарб аз ҳамвории Сибири Ғарбӣ (812 т. ш) cap шуда, дар Ҷануби Шарқ то ҳамвории Гоби (106° т. ш.) ба масофаи 2000 километр тӯл кашидааст. Қаторкӯҳҳои Олтой ба қисмҳо ва шохаҳои зиёде тақсим шудаанд. Қуллаи баландтаринаш (Белуха — 4506 метр) дар қисми ғарбӣ воқест.
Олтой ба Олтои Аслӣ ё Советӣ, Олтойи Гоби ва Олтойи Муғул ҷудо мешавад. Олтои Советӣ дар кишвари Олтои РСФСР ва вилояти Қазоқистони Шарқии Республикаи Советии Сотсиалистии Қазоқистон ҷойгир аст. Дар Шимол онро ҷариҳо аз ҳамвории Сибири Ғарбӣ чудо мекунанд. Дар Шарқ ва Шимоли Шарқ бо Олтойи Муғул, Саяни Ғарбӣ ва кӯҳҳои ҳавзаи дарёи Лебед пайваст мебо- шад. Олтойи Гоби давоми Олтойи Муғул буда, дар территорияи РХМ ҷойгир шудааст. Тӯлаш 500 километр, баландиаш 1500—2500 метр, нуқтаи аз ҳама баландаш 3957 метр.
Олтой кишвари кӯҳии мураккабу чиндор аст, ки аз табақаҳои ҷинсҳои терригенӣ, карбонатӣ ва вулқонӣ, инчунин ҷинсҳои интрузивӣ таркиб ёфтааст. Ин ҷинсҳо аз охирҳои протерозоӣ то давраи карбон пайдо шудаанд. Аз рӯи сохти геологӣ ва таърихи инкишофи геологӣ Олтойро ба ду қисм чудо мекунанд: Олтойи каледонӣ (Олтои кӯҳӣ), ки қисми шимоли шарқии территорияи Олтойро ишғол мекунад; Олтои герсинӣ—Олтои Ҷануби Ғарбӣ (Олтои Маъдандор ва Ҷанубӣ).
Олтой аз сарватҳои зеризаминӣ бой аст. Дар Олтои Кӯҳӣ маъдани оҳан, симоб, тилло, металлҳои нодир ва дар Олтои Маъдандор металл- ҳои асил ва ранга мавҷуданд. Релефи кӯҳии Олтой пас аз орогенези герсинӣ пайдо шуда, дар давоми мезозой ҳамвор шудааст. Дар охири палеоген просесси баландшавии кӯҳҳо аз нав оғоз ёфта, дар охири неогену аввали антропоген авҷ гирифтааст.
Заминсохт
[вироиш | вироиши манбаъ]Кафидаҳои қадима ва нав боиси ҷойивазкунии замин ва ниҳоят боиси пайдоиши релефи мураккаби ҳозира гардиданд. Дар ташаккули релеф яхбандиҳои давраи чорумин ва эрозияи дарёҳо роли қалон бозидаанд. Қаторкӯҳҳои баландтарин (зиёда аз 3200 —4000 метр)—Катун, Чуяи Шимолию Ҷанубӣ ва ғайра дар қисми марказӣ ва щарқии Олтои Советӣ воқеанд. Онҳо нишебиҳои ростфуромада, теғаҳои шахдор, қуллаҳои сершумори дастнорас доранд.
Дар Шимол ва Ғарб қаторкӯҳҳои ба Олтой хоси баландиашон миёна (1500—2500 метр) ҷой гирифтаанд, ки теғаҳояшон ҳамвор ва нишебиҳояшон ростфуромадаанд. Аксари қаторкӯҳҳоро хамиҳои калони тектоникии байникӯҳӣ («даштҳо») аз ҳам ҷудо мекунанд. Иқлими Олтой— континентӣ. Зимистонаш хунуки давомнок.
Ҳарорати моҳи январ аз —15°С то —28, —32° Ся (дар дашти Чуя ҳарорат ҳадди ақал — 60°С). Тобистони баландкӯҳҳо кӯтоҳмуддат ва салқин; ҳарорати миёнаи июл дар минтақаҳои баландиашон 1000 метр аз 14, 16° С зиёд нест. Олтой ноҳияи нисбатан сербориш аст. Боришоти солона дар нишебиҳои ғарбӣ ва шимоли шарқӣ то 800—1200 миллиметр (дар баъзе ҷойҳо то 2000 миллиметр) ва дар Ҷануби Шарқ то 200—300 миллиметр (дашти Чуя то 100 миллиметр). Дар кӯҳҳои баланд бештар аз 1000 пирях (майдони умумиашон зиёда аз 800 километр2) мавчуд аст.
Дар Олтой дарёҳо бисёранд. Манбаи онҳо барфу борон; баҳору тобистон обхез мешаванд. Дарёҳои пуробу калонтарин: Катун, Бухтарма, Бия, Чуя. Зиёда аз 3500 кӯл ҳаст, калонтарини онҳо: Телес ва Марқакул. Ландшафтҳои Олтой— даштҳои кӯҳӣ, бешаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳӣ. Даштҳои кӯҳӣ асосан ба доманакӯҳҳо ва кӯҳҳои паст (дар Шимол то 500—600 метр, дар Ҷануб то 1000—1500 метр) хосанд. Дар хамиҳои беоби қисми марказии Олтой низ растаниҳои даштӣ ме- рӯянд.
Ландшафти кӯҳӣ қариб 70 %’ территорияи Олтойро фаро гирифтааст. Бешаҳо махсусан дар кӯҳҳои паст ва баландиашон миёна (дар шимол 1700—2000 метр, дар қисмҳои марказӣ ва шарқӣ 2200—2450 метр) паҳн гаштаанд. Ландшафти баландкӯҳ танқо ба қаторкӯҳҳои ниҳоят баланд хос аст. Марғзорҳои сералафи он чарогоҳҳои хеле хубанд. Дар бораи иқтисодиёти Олтой нигаред мақолаҳои Олтой (кишвар), Қазоқистони Шарқӣ,вилоят) ва Кӯҳистони Олтой (вилояти Автономӣ).
Тадқиқи табиати Олтой дар асри 18 аз тарафи олимони рус cap шуда буд. Соли 1842 П. А. Чихачёв, 1844 Г. Е. Шуровский ва як гурӯҳ инженерони дигар тадқиқотҳои геологӣ бурданд. Соли 1826 К. Ф. Ледебур флораи Олтойро омӯхт. Экспедисияҳои В. А. Обручев ва тадқиқотҳои В. В. Сапожников натиҷаҳои муҳим доданд. Дар давраи советӣ геологҳои Вазорати геология, олимони Университети Томск ва экспедисияҳои Академияи Фагнҳои СССР ба омӯзиши ҳаматарафаи Олтой машғуланд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Олтой // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).