Лашкар
Ягонҳои размӣ | ||
---|---|---|
Ягонҳо | Шумори нерӯҳо | Фармондеҳ |
Гурӯҳ | 2—5 | Размовар |
Рада | 5—10 | Размдор |
Таҳм | 10—50 | Таҳмбон |
Вашт | 50—150 | Сарвашт |
Гурдон | 150—700 | Саргурд |
Ҳанг | 700—1 500 | Сарҳанг |
Гунд | 1 500—5 000 | Гундсолор |
Лашкар | 5 000—20 000 | Лашкарсолор |
Сипоҳ | 20 000—40 000 | Сипаҳсолор |
Артиш | 40 000 + | Артишсолор |
Лашкар (форсӣ: لشکر[1]) — ягоне роҳкунишӣ дар шохаву зершохаҳои нерӯҳои мусаллаҳи бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аст, ки бузургтар аз гунд ва хурдтар аз сипоҳ буда ва таҷҳизоту ҷангафзорҳои лозим барои иҷрои амалиёти размӣ дорад[2]; дивизия[3][4].
Пешина
[вироиш | вироиши манбаъ]Лашкар ҳамчун ягони размӣ нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) падид омадаву бевара (порсии бостон: *baivara-) номида мешуда ва онро беварабад (порсии бостон: *baivarapati-) фармондеҳӣ мекард[5]. Бевара аз 10 ҳазора (порсии бостон: *hazāra-) ташкил мешуд ва 10 000 сарбозро дар бар мегирифт.
Бевара дар сипоҳи Ашкониён (250 то милод — 224), ки созмони радабандии даҳдаҳии сипоҳи Ҳахоманишиёнро ба кор гирифта буд[6], гунд (паҳлавӣ: gund < эҳтимолан аз *vr̥nda- ‘сипоҳ; гунд’ дар забони эронии бостон[7]) ном гирифта ва фармондеҳи он гунд-солор (паҳлавӣ: gund-sālār) хонда мешуд[8].
Дар сипоҳи Сосониён (224 — 651) низ ҳамин радабандӣ ва номгузорӣ ба кор мерафта, вале ҳар гунд аз чанд дирафш (порсии миёна: drafš) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме як ҳазор размандаро дар бар мегирифт[9]. Фармондеҳи гунд дар сипоҳи Сосониён низ гундсолор (порсии миёна: gund-sālār) номида мешуд[10].
Аммо аз миёнаҳои садаи V дар канори истилоҳи «гунд» истилоҳи «лашкар» (порсии миёна: laškar < порсии бостон: *raxša-kara- ‘посдоранда; поянда’ < эронии бостон: *raxš- + *kar- ‘посдорӣ кардан’)[7] низ ба кор мерафтааст[11]. Истилоҳи «лашкар» дар осори адабии форсӣ, бавижа «Шоҳнома», бисёр ба кор рафтааст. Чунончи, Фирдавсӣ гуфта:
Дар сипоҳи Сомониён, Ғазнавиён ва Салҷуқиён фармондеҳи лашкарро «солори лашкар» ва «амири лашкар» мегуфтанд[13]. Чунончи, «солори лашкар» дар «Шоҳнома» борҳо ба кор рафта ва аз бофтор чунин бар меояд, ки он мансабе поинтар аз сипаҳсолор буда ва мақоми ҷонишинӣ доштааст, чуноне ки генерал-лейтенант дар артишҳои урупоӣ муъовини генерал-полковник будааст:
Сипаҳро ба солори лашкар супурд,
Бирафту ҷаҳондидагонро бибурд[12].
Фарҳангистони Эрон бо пешниҳоди Анҷумани вожагузинии артиш дар соли 1935 «лашкар»-ро ҷойгузини истилоҳоти туркӣ-муғулии «тумон» (форсӣ: تومان < муғ. түмэн) ва фаронсавии «дивизюн» (форсӣ: دیویزیون < фр. division) ва «сарлашкар»-ро ҷойгузини «амири тумон» кард[14], ки ҳамакнун дар Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дараҷае баробар бо генерал-лейтенант аст.
«Лашкар» дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ва «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» оварда шудааст.
Бо таваҷуҳ ба ин додаҳо, истилоҳоти «лашкар» ва «лашкарсолор», ки дар пайравӣ аз «гундсолор» аз ибораи «солори лашкар» сохта шудааст, барои ҷойгузин кардани вомвожаи русии «дивизия» (аз лаҳӣ: dywizja < лот. dīvīsiō «бахш») ва дараҷаи низомии «генерал-лейтенант» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[15].
Корбурд
[вироиш | вироиши манбаъ]Лашкар аз 10 ҳазор то 20 ҳазор сарбозро дар бар мегирад. Дар бисёре аз артишҳо як лашкар аз чанд гунд ташкил мешавад. Лашкарҳо маъмулан бо шумораҳои тартибӣ номгузорӣ мешаванд (барои намуна, Лашкари 201 Русия дар Тоҷикистон). Ҳамчунин радаҳои гуногун ба номи лашкарҳо афзуда мешавад, чун лашкари пиёда, лашкари зиреҳӣ, лашкари савора.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 1, с. 596.
- ↑ Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392.. 7 Январ 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2018.
- ↑ Алиев Г. Г. канд. филол. наук. Персидско-русский и русско-персидский военный словарь / Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. — М.: Воениздат, 1972. — С. 238; 394. — 655 с. — 3 500 экз.
- ↑ Коллектив авторов. Том 3, статья «Дивизия» // Военная энциклопедия / Под ред. Грачёв П. С.. — М.: Воениздат, 1995. — С. 68—76. — 543 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-00748-9.
- ↑ J. Marquart, Untersuchungen zur Geschichte von Eran I, Göttingen, 1896, p. 19 n. 84
- ↑ Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
- ↑ 7.0 7.1 Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-58-3.
- ↑ Farrokh, Kaveh. Sassanian Elite Cavalry AD 224-642. Oxford: Osprey, 2005. ISBN 1841767131.. 7 Январ 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 сентябри 2021.
- ↑ Kaveh Farrokh, Gholamreza Karamian, Katarzyna Maksymiuk. A Synopsis of Sasanian Military Organization and Combat Units, Siedlce-Tehran 2018. — ISBN 978-83-62447-22-0. — c. 13
- ↑ Daryaee, Touraj. Sasanian Persia: The Rise and Fall of an Empire. — ISBN 978 1 85043 898 4.
- ↑ Tafazzoli A. Sasanian Society. I. Warriors. II. Scribes. III. Dehqāns. N.Y., 2000.
- ↑ 12.0 12.1 Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 5. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5.
- ↑ Ноҷӣ, Муҳаммадризо. Фарҳангу тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён. — Теҳрон: Амири Кабир, 1386. — С. 252. — 904 с. — ISBN 964-00-1086-3.
- ↑ Рустоӣ, Муҳсин. Вожагони низомии мусаввиби Фарҳангистони Эрон (1314 — 1320 ҳ.ш.) // Фаслномаи «Ганҷинаи аснод». Зимистони 1373, №16.. 15 Январ 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 апрели 2018.
- ↑ Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |