Мӯрча
Мӯрча | ||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Formicoidea.
|
||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||
Formicidae Latreille, 1802 | ||||||||||||
Мутародифот | ||||||||||||
Formicariae |
||||||||||||
Номенклатурный тип | ||||||||||||
Зероилаҳо | ||||||||||||
|
||||||||||||
|
Мурча (лот. Formicidae) — як оилаи ҳашарот, ки ба қатори пардаболҳо мансуб буда, ба таври иҷтимоӣ зиндагӣ мекунад.
Морфология
[вироиш | вироиши манбаъ]Мурча хелҳои гуногуни морфологӣ (модина ва наринаҳои болдор, модонаи бебол — «малика», мурчаҳои коргар ва ғайра) дорад. Бадани Мурча аз cap, сина ва шикам иборат аст; пойҳояш се ҷуфт мебошанд; муйлабчаҳояш бориканд; рагдавонии болҳояш нопурра ё хеле сода; аксарашон бол надоранд. 9 (ё 10) зероила (360 ҷинс)-и Мурча, ки қариб 7000 намудро дарбар мегирад, дар мамлакатҳои тропикӣ, субтропики ва муътадили кураи Замин паҳн шудааст. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ қариб 300 намудаш аз 46 ҷинс ва дар Тоҷикистон қариб 50 намудаш (Мурчаи аспак, Мурчаи зард, Мурчаи маллаи бешагӣ ва ғайра) зиндагӣ мекунад.
Мурчаҳо гуруҳ-гуруҳ дар мурҷаҳонаҳо зиндагӣ мекунанд. Дар мурҷаҳона одатан ба ғайр аз модина ва наринаҳои болдор як ё якчанд модинаи беболи тухмгузор («малика») ва бисёр мурчаҳои беболи коргар (модинаҳои аз ҷиҳати ҷинси инкишоф наёфта), ки табиатан ва аз рӯи сохти морфологи ба якчанд гуруҳҳо тақсим мешаванд (масалан, сари баъзе хелашон бисёр калон буда, «аскар»-ҳо ном доранд), ҳаёт мегузаронанд. Нарина ва модинаҳои болдор дар мурҷаҳона инкишоф меёбанд; дар фаслҳои гарми сол онҳо барои парвози ақд аз мурҷаҳона мебароянд; баъди ҷуфти ҷинсӣ нарина ҳалок мешавад, модина бошад, болашро гӯм карда, ба бунёд намудани мурҷаҳонаи нав шурӯъ мекунад. Модинаи беболи тухмгузор («малика») тухм мегузорад. мурчаҳои коргар (дарозии танашон аз 0,8 то 30 мм) асосан дар мурҷаҳонаю берун аз он кор мекунанд. мурчаҳои саркалон («аскарҳо») вазифаи посбонии мурчахона ва тақсими сайдро ба ҷо меоранд.
Ҳаёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳаёти оилаи мурчаҳо хусусан мурчаҳои дараҷаи олӣ гуногун ва мураккаб аст. Асоси мавҷудияти оиларо мубодилаи ғизо дар байни фардҳо ва муносибати ҳамдигарии маликаи тухмгузор ва мурчаҳои коргар ташкил ме- диҳанд. Баъзан якчанд оилаи мурчаҳо колонияи дӯстона ташкил намуда, якҷоя зиндагӣ мекунанд. Онҳо ҷои зисташонро якҷоя муҳофизат мекунанд ва ба он ҷо мурчаҳои бегонаро омадан намемонанд. Ҳаёти як ҷатор мурчаҳо ба намудҳои муайяни рустаниҳо вобаста аст. Масалан, баъзеи онҳо
дар сӯрохиҳои кундаи дарахтҳо лона месозанд, баъзеи дигарашон бошанд, моддаҳое махсусе, ки рустаниҳо ҷудо мекунанд, мехӯранд. мурчаҳо барои ҳимояи худ моеъи сӯзонанда (кислотаи Мурча) ҷудо мекунанд. Хурокашон ғалладона, ҳашарот, шираи ширинчаҳо ва ғайраҳо мебошад. Аксари мурчаҳо ҳашароти фоидаоваранд. Масалан, мурчаҳои маллаи бешагӣ аз ҷинси Formisa дар биотсенози беша мақоми калон доранд; онҳо ҳайвонҳои бемуҳраи майдаро нобуд мекунанд. Вале баъзеи онҳо (мурчаҳое, ки хурокворӣ, чӯб ва ғайраро мехӯранд) ба хоҷагии халқ зарар мерасонанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Жизн животных, т. 3, М., 1969.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.