Jump to content

Нуруллоҳ Абдуллоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нуруллои Абдулло
Нурулло Абдуллоев
Таърихи таваллуд: 6 ноябр 1948(1948-11-06) (76 сол)
Зодгоҳ: деҳаи Лучоб, ноҳияи Варзоб
Навъи фаъолият: ҳунарпеша ва драматург
Забони осор: тоҷикӣ
Ҷоизаҳо: Ордени Дӯстӣ Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

Нурулло Абдулло́ев (Нуруллои Абдулло; 6 ноябр]]и 1948, деҳаи Лучоб, ноҳияи Варзоб) — ҳунарпеша ва драматург, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2005).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи шуъбаи актёрии Донишкадаи ДДСТ ба номи М. Турсунзода (1975). Фаъолияти кориаш ҳанӯз ҳангоми донишҷӯӣ ба сифати коргари саҳна дар Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ шурӯъ шуда, аз соли 1975 чун актёр ва режиссёр дар театри номбурда фаъолият менамояд. Абдуллоев маҳорати баланди ҳунарӣ дорад, ҷаҳони ботинии қаҳрамононашро хуб дарк мекунад ва амиқ мекушояд. Дар саҳнаи театр беш аз 150 рол бозидааст.

Нақшҳои театрӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ролҳои беҳтаринаш дар театр: Муфаттиш («Бадқасд»-и А. Чехов), Аврангзеб («Зебуннисо»-и М. Шералӣ ва Ш. Қиёмов), Ноиби қозикалон («Алломаи Адҳам ва дигарон»-и С. Улуғзода), Леонидик («Марати бечораи ман»-и А. Арбузов), Гратсио («Ҳамлет»-и У. Шекспир), Шокиров («Раъно»-и Н. Исломов), Абдулло («Қиёми Лоҳутӣ»-и А. Атобоев), Вахтанг Мебуке («Вақте ки шаҳр хуфта буд»-и А. Чхаидзе), Креонт («Шоҳ Эдип»-и Софокл), Моҳрӯй («Ғуруби Аҷам»-и Ҷ. Қуддус), Амир Наср («Шоҳ Исмоили Сомонӣ»-и М. Бахтӣ), А. Раҳимбоев («Драмаи миллат»-и С. Айюбӣ) ва ғайра Дар театри драмаи русии ба номи В. Маяковский низ як силсила ролҳо бозидааст.

Нақшҳо дар синамо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳамчун актёри кино истеъдодаш дар бисёр филмҳои бадеии тоҷикӣ, аз қабили «Тирпаронӣ дар ағба», «Дом барои шағолон», «Духтарони «Суғдиён», «Нахи нуқратоб», «Марди роҳ» ва ғайра зуҳур кардааст. Дар киностудияҳои ИДМ ва Эрон низ ролҳо бозидааст. Абдуллоев дар филмҳои телевизионии тоҷикии «Тақвими интизорӣ», «Зистан мехоҳад», «Оғози умри ҷовид», «Ҷомӣ ва Навоӣ», «Дар орзӯи падар» ва ғайра ролҳои хотирмон иҷро кардааст.

Барномаи «Беғараз панд»

[вироиш | вироиши манбаъ]

Беш аз ду даҳсола барандаи барномаи телевизионии «Беғараз панд» мебошад.

Асарҳои саҳнавӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи асарҳои калонҳаҷми драмавии «Кӯҳистонӣ», «Афсонаҳои мӯйсафед», «Ҷеғ зан, Искандарата», «Хонадомод», «Куҷо равонаем?», «Шикасти умед», «Ҷанҷоли сари пода» ва ғайра мебошад. Пйесаҳояш на танҳо дар театрҳои ҷумҳурӣ, балки дар театрҳои шаҳрҳои Москва, Налчик, Хабаровски Федератсияи Россия, Токио ба саҳна гузошта шудаанд. Як қатор пйесаҳои калонҳаҷми адибони хориҷиро ба тоҷикӣ гардондааст.

Унвону ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз соли 1994 узви ИН Тоҷикистон мебошад. Бо ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардидааст.

  • Кӯргиреҳ, Д., 2001;
  • 21 танзи қарни 21, Д., 2010.