Пантуркизм
Пантуркизм (форсӣ: پانترکیسم), туркгароӣ — ҷунбише сиёсӣ аст, ки тайи даҳаи 1880 дар миёни равшанфикрони турк шакл гирифт ва ҳадафи он, иттиҳоди фарҳангию сиёсии ҳама ақвоми турк аст. Бар пояи он, тамоми мардумоне, ки турктабор ҳастанд ё ба забонҳои туркӣ сухан мегӯяанд, бояд таҳти як миллат ва раҳбаре воҳид дар давлате воҳиду мустақил муттаҳид шаванд[1][2].
Ҳадаф
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳадафи пантуркизм гирд овардани ҳамаи туркзбонон, аз ҷумла туркзабонон Туркия, Озарбойҷон, Қибрис, Булғория, Нимҷазираи Балкан, Осиёи Марказӣ, Ироқ, Эрон, Афғонистон, Туркистони Чин, Қафқоз, Қрим, Қафқози Ҷанубӣ, Тотористон, ҳаволи рӯди Волга, Туркманистон ва Сибир аст[2].
Аз миёни ақвоми туркзбоне, ки имрӯза турк ном гирифтаанд бисёре аз ақвоми номбрда дар зери дар таърихи қадим ҳечгоҳ худ ва қавми худро тарк наменомиданд. Дар мавриди бахше аз ин ақвоми сокини Осиёи Миёна танҳо пас аз ворид шудани назарияи пантуркизм тавассути Ормин Вомберии яҳудӣ ва фиристодаи пинҳонии вазорати умури хориҷа Бритониё ба минтақа ин ном рафта-рафта барои ин ақвом низ ривоҷ ёфт[3].
Туркгароҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Исмоил Гаспринский яке аз поягузорони ҷараёнҳои ҷадидия ва пантуркизм дар императории Русия буд. Cарвари маҳаллии ҳизби «Иттиҳод ва тараққӣ» Зиё Гёкалп дар байни ҷавонтуркони Туркия ақидаҳои туркгароӣ ва миллатгароиро тарғиб мекард. Зиё Гӯкалп дар матбуоти даврӣ бо мақолаву асарҳои публитсистӣ ва шеъру достонҳои ҳадафрас бар зидди сиёсати зӯроваронаи Султон Абдулҳамиди II баромад мекард. Зиё Гӯкалп ғояи асосии пантуркизмро дар асараш «Туркгароӣ, исломгароӣ ва ҷадидгароӣ» (1913) баён кардааст. Дар асари дигараш «Асосҳои пантуркизм» (1923) бунёди давлати ягонаи туркнажодонро дар Туронзамин — аз соҳилҳои баҳри Сиёҳ то Ёқутистону Туркистони Шарқӣ ташвиқ намуда, ақидаҳои асосгузорони маънавии пантуркизм Юсуф Оқчур-уғлӣ (Юсуф) ва Исмоил Гаспринскийро ривоҷ додаст.[4].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ "Pan-Turkism". Encyclopædia Britannica Online. Encyclopædia Britannica. 2009. https://www.britannica.com/EBchecked/topic/440700/Pan-Turkism. Retrieved 19 Jul 2009. "Political movement of the late 19th and early 20th centuries, which had as its goal the political union of all Turkish-speaking peoples in the Ottoman Empire, Russia, China, Iran, and Afghanistan.". Пантуркизм
- ↑ 2.0 2.1 ضا، عنایت الله، «پانترکیسم»، دائرةالمعارف بزرگ اسلامی، جلد ۱۳، چاپ اول: ۱۳۸۳ ش، تهران، شابک: شابک ۹۶۴−۷۰۲۵−۲۵−۴، صص ۵۴۹-۵۵۶
- ↑ Landau, Jacob (1995). Pan-Turkism: From Irredentism To Cooperation. Indiana University Press. ISBN 978-0-253-20960-3.
- ↑ Младотурецкая революция — статья из Большой советской энциклопедии.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Идеология буржуазного национализма в Турции в период младотурок (1908—1914). Боку, 1966
- Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ. Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон. Душанбе, 2012
- Taha Parla: ''The social and political thought of Ziya Gökalp : 1876—1924''. Leiden 1985
- Mihran Dabag: ''Jungtürkische Visionen und der Völkermord an den Armeniern'', in: Dabag / Platt: ''Genozid und Moderne'' (Band 1), Opladen 1998. ISBN 3-8100-1822-8