Jump to content

Рекҳа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Рекҳа
англ. Rekha
Ном ба ҳангоми таваллуд: англ. Bhanurekha Ganesan
Таърихи таваллуд: 10 октябр 1954(1954-10-10) (70 сол)
Зодгоҳ: Мадрас, иёлоти Мадрас, Ҳиндустон
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпеша, сароянда, сиёсатмадор
Корнома: 1966 ва 1958 — то ҳол
Ҷоизаҳо: Падма Шрӣ (2010)
IMDb: ID 0004334
 Парвандаҳо дар Викианбор

Бҳанурекҳа Ганешан (там. பானுரேகா கணேசன், ҳиндӣ: भानुरेखा गणेशन, англ. Bhanurekha Ganesan, [bʱəɳuɾe:kʰä: gəɳe:ʃən]; с.тав. 10 октябр 1954, Мадрас, Иёлоти Мадрас, Ҳиндустон), бисёртар бо номи саҳнавияш машҳур мебошад — Рекҳа (там. ரேகா, ҳиндӣ: रेखा, англ. Rekha, [ɾe:kʰä:]) — ҳунарпеша, сароянда, сиёсатмадори ҳинд. Ӯ асосан дар филмҳои бо забони ҳиндӣ нақш меофарад. Ӯ дорандаи ҷоизаҳои гуногун алалхусус Filmfare Awards дар номинатсияи беҳтарин нақши занона мебошад.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бҳанурекҳа Ганешан соли 1954 дар Мадрас (ҳоло Ченнай) дар оилаи актёри томилӣ Ҷемини Ганешан ва ҳунарпешаи синамои телугу Пушпаваллӣ таваллуд шудааст. Волидайни духтар оиладор нашудаанд, падар модарашро тарк кард, вақте ки духтарашон ҳанӯз хурд буд[4].

Рекҳа аввалин нақши худро дар соли 1966 дар филми телугуи коргардон Б.Н. Реддӣ Rangula Ratham, вақте ки ӯ ҳамагӣ 12-сола буд иҷро намудааст. Вай бо хоҳиши модараш аз паи волидонаш рафт, ҳарчанд қаблан орзуи стюардесса шуданро дошт. Пас аз имзои шартномаҳои аввалини худ, Рекҳа мактабро тарк кард, то ба касби актёрии худ тамаркуз кунад ва ба оилааш дар даромадаш кӯмак кунад. Вай ҳанӯз наврас буд, ӯ алакай дар як вақт дар якчанд филм нақш мебозид. Аз серкориаш ӯ худро аз давраи бачагӣ маҳрум ҳис мекард.

Дар соли 1969, вай дар филми каннадаии "Operation Jackpot Nalli C.I.D 999", дар муқобили актёри машҳури Карнатака Раҷкумар дебюти бузургсолиашро кард. Соли 1970, пас аз омӯхтани забони ҳиндӣ, актриса дар филми "Sawan Bhadon" дар Болливуд дебют кард. Филм муваффақияти тиҷоратӣ дошт ва Рекҳа машҳур шуд[5][6].

Ин давра оғози тағйирот дар намуди зоҳирии вай буд. Вай ба ороиш ва либоси худ диққати зиёд дод ва барои такмил додани актёрӣ ва талаффузи ҳиндии худ кор кард. Барои аз даст додани вазн, вай парҳез мекард, ҳаёти мунтазам ва боинтизом дошт ва барои беҳтар кардани фитнесаш йога машқ мекард.

Соли 1981 фильми «Umrao Jaan» ба намоиш гузошта шуд, ки он аз рӯи романи ҳамин ном сабт шудааст, ки вай дар он ҳам нависанда ва шоираро бозидааст. Филм муваффақияти тиҷоратӣ дошт ва нақши ӯ дар филм ба ӯ ҷоизаҳои зиёде, аз ҷумла Ҷоизаи Миллиро соҳиб шуд.

Дар соли 1988 филми "Khoon Bhari Maang" бароварда шуд, ки сюжети он филми "Бозгашт ба Адан" -ро такрор мекунад. Барои иҷрои нақши зани зиште, ки ба хотири интиқом ҷарроҳии пластикӣ карда буд, Рекҳа ҷоизаи дуюм барои беҳтарин ҳунарпеша ва инчунин лақаби "зани хашмгин"-ро гирифт.

Дар соли 2014 Рекҳа розӣ шуд, ки дар филми "Fitoor" нақш бозӣ кунад, вале бо сабаби номаълум лоиҳаро тарк кард ва ба ҷои он ҳунарпеша Табу нақшро бозид. Худи ҳамон сол филми «Super Nani» ба намоиш гузошта шуд, ки қаҳрамони ӯ бо кӯмаки наберааш аз зани оддӣ ба мудели машҳур табдил меёбад[7].

Рекҳа дар тӯли фаъолияти худ дар беш аз 180 филм нақш бозидааст.

Ҳаёти шахсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Рекҳа соли 1990 бо соҳибкор Мукеш Агарвал издивоҷ кардааст. Шавҳари ҳунарпеша майли худкушӣ дошт ва дар ҳоле ки Рекҳа соли 1991 дар Лондон буд, Агарвал пас аз чанд кӯшиши бебарор, худро бо дупаттаи Рекҳа ба дор овехта, навиштаҷот гузоштааст: «Don’t blame anyone» / "Касеро гунаҳкор накун". Баъди ин фоҷиа ӯ дигар ба шавҳар набаромад[8].

Дар охири солҳои 1970-ум, вай бо Амитабҳ Баччан, ки дар он вақт аллакай бо ҳунарпешаи дигар Ҷая Баҳодурӣ издивоҷ карда буд, муносибати тӯлонӣ дошт. Рекҳа медонист, ки барои вай оилаи худро тарк намекунад, тамоми кишвар муносибатҳои онҳоро муҳокима мекард, аммо ин ошиқонро боз намедошт[9]. Дар соли 1982 Амитабҳ дар саҳнаи наворбардорӣ сахт маҷрӯҳ шуд ва чанд ҳафта дар ҳолати кома хобид. Пас аз баромадан аз кома, ӯ тасмим гирифт, ки аз ӯ ҷудо шавад ва ба назди оилааш баргашт. Ҳарчанд худи Рекҳа иртибот бо актёрро рад мекунад.

Актёр Винод Меҳра иддао кард, ки ӯ низ бо Рекҳа издивоҷ кардааст ва ӯ ӯро барои Амитабҳ Баччан тарк кардааст[10]. Аммо, Рекҳа далели ин издивоҷро рад мекунад ва ҳеҷ далели ҳуҷҷатии ин издивоҷ вуҷуд надорад.

Рекҳа ҳоло дар хонаи худ дар Мумбай бо ҷиянаш Навид ва дӯсти вафодор ва котибааш Фарзона зиндагӣ мекунад[11][12].

Сол Номгӯй Нақш Шарҳҳо Иқт.
1958 Inti Guttu Филми телугу (ҳунарпешаи кӯдак)
1966 Rangula Ratnam Филми телугу (ҳунарпешаи кӯдак) [13]
1969 Operation Jackpot Nalli C.I.D 999 Mona Филми Каннада (дебют дар нақши асосӣ) [14]
1970 Amma Kosam Geetha Филми телугу [15]
Sawan Bhadon Chanda [16]
1971 Haseenon Ka Devata Sunita / Chhabili [17]
Elaan Mala Mehta / Mary [18]
Dost Aur Dushman Намоиши махсус
Saaz Aur Sanam Pushpa [18]
1972 Zameen Aasmaan Kalpana [19]
Sazaa Courtesan Намоиши махсус
Gora Aur Kala Phoolwa [20]
Gaon Hamara Shaher Tumhara Parvati (Paro)
Ek Bechara Kavita [21]
Do Yaar Seema [22]
Double Cross Rekha [22]
Raampur Ka Lakshman Rekha Chaudhary [23]
1973 Mehmaan Sheela [22]
Khoon Khoon Rekha
Keemat Sudha [23]
Kashmakash Seeta [22]
Kahani Kismat Ki Rekha [23]
Dharma Asha/Radha Нақши дугона [24]
Barkha Bahar Ganga [22]
Anokhi Ada Neeta Gupta [25]
Namak Haraam Shyama [26]
1974 Woh Main Nahin Anjali [27]
Pran Jaye Par Vachan Na Jaye Janniya/Sheetal
Hawas Камео [28]
Duniya Ka Mela
Do Aankhen [22]
1975 Zorro Zorro [29]
Kahte Hain Mujhko Raja Rina
Dafaa 302 Rajkumari Rekhadevi [30]
Dharmatma Anu [31]
[32]
Aakraman Sheetal [33]
Dharam Karam Basanti [34]
1976 Suntan Sarita [22]
Khalifa Rekha [22]
Kabeela Shobha [22]
Do Anjaane Rekha Roy/Sunita Devi [35]
Aaj Ka Mahaatma Mala [36]
Nagin Sunita
1977 Saal Solvan Chadya Сарояндаи ҷашни арӯсӣ [22]
Ram Bharose Kiran [37]
Kachcha Chor Asha [38]
Farishta Ya Qatil [38]
Dildaar Lata [39]
Chakkar Pe Chakkar Shila Sahini [39]
Alaap Radha Kumari (Radhiya) [40]
Aap Ki Khatir Sarita [39]
Immaan Dharam Durga [40]
Khoon Pasina Chanda [40]
Palkon Ki Chhaon Mein Намоиши меҳмонӣ [22]
1978 Saawan Ke Geet Radha [22]
Ram Kasam Radha [22]
Rahu Ketu Tulsi [38]
Parmatma Deepa [22]
Muqaddar [22]
Karmayogi Rekha [22]
Bhola Bhala Champa [22]
Aakhri Daku
Ganga Ki Saugandh Dhaniya
Ghar Aarti Chandra Номзадӣ, Filmfare Best Actress Award
Kasme Vaade Рақоса Намоиши махсус
Do Musafir Bijli
Muqaddar Ka Sikander Zohrabai Номзадӣ—Filmfare Best Supporting Actress Award
1979 Muqabla Qawwali singer Намоиши махсус
Mr. Natwarlal Shanno
Jaani Dushman Champa
Prem Bandhan Mahua
Kartavya Nita
Suhaag Basanti
Do Shikaari Sunita
Ahinsa Radha
Gol Maal Камео
Naya Bakra Qawwali singer Намоиши махсус
1980 Ram Balram Shobha
Maang Bharo Sajana Radha
Khubsoorat Manju Dayal Ғолиб, Filmfare Best Actress Award
Judaai Gauri Номзадӣ, Filmfare Best Actress Award
Kali Ghata Rekha/Rashmi Нақши дугона
Jyoti Bane Jwala Courtesan Намоиши махсус
Jal Mahal Namita/Gayatri Devi/Rekha
Agreement Mala Mathur
Neeyat Rekha
Aanchal Tulsi
1981 Umrao Jaan Amiran/Umrao Jaan Ғолиб, National Film Award for Best Actress
Saajan Ki Saheli Moon-Moon Dhawan
Chehre Pe Chehra Daisy
Kalyug Supriya
Mangalsutra Gayatri B. Prasad
Khoon Aur Paani Champa
Daasi Tara
Silsila Chandni
Baseraa Purnima Kohli (Nima)
Ghungroo Ki Awaaz Kajal/Kiran Gomes/Rani
Ek Hi Bhool Sadhana Srivastav
Chashme Buddoor Камео
1982 Vijeta Neelima
Mehndi Rang Layegi Kalpana
Ghazab Jamuna
Jeevan Dhaara Sangeeta Shrivastav Номзадӣ, Filmfare Best Actress Award
Raaste Pyar Ke Gauri
Apna Bana Lo Roopadevi
Deedar-E-Yaar Husna
1983 Prem Tapasya Bela
Nishaan Rita
Film Hi Film Камео
Mujhe Insaaf Chahiye Shakuntala Номзадӣ, Filmfare Best Supporting Actress Award
Agar Tum Na Hote Purnima Mehra/Radha Bedi Нақши дугона
1984 Bindiya Chamkegi Radha
Maati Maangey Khoon Shyamlee (Courtesan)
Asha Jyoti Asha
Baazi Asha
Zameen Aasmaan Kanchan gupta
Utsav Vasantsena
Jhutha Sach Alka
Paan Khaye Saiyan Hamaar Камео Филми Баҳоҷпурӣ
1985 Ram Tere Kitne Nam Mrs. Radha Aloknath Gupta
Faasle Maya
Jhoothi Kalpana Srivastav
1986 Sadaa Suhagan Laxmi
Musafir Saraswati Pillai
Insaaf Ki Awaaz Inspector Jhansi Rani
Jaal Amita S. Singh / Meenabai
Locket Shalu
Janbaaz Овозхони опера дар суруди "Pyaar Do Pyaar Lo" Намоиши махсус
1987 Pyar Ki Jeet Soni
Ijaazat Sudha
Apne Apne Sharda Kapoor
Sansar Uma Sharma
Jaan Hatheli Pe Geeta Verma
Khazana Anita Mathur
1988 Soorma Bhopali Камео
Khoon Bhari Maang Aarti Verma/Jyoti Ғолия, Filmfare Best Actress Award
Ek Naya Rishta Aarti Saxena
Biwi Ho To Aisi Shalu Mehra
Akarshan Худ
1989 Kasam Suhaag Ki Surajmukhi/Shama
Clerk Mrs. Sneh Kapoor
Souten Ki Beti Radha S. Verma
Ladaai Shakuntala Verma
Bhrashtachar Bhavani
Bahurani Madhuri/Malti Chaudhary
1990 Sheshnaag Champa
Mera Pati Sirf Mera Hai Sharda Dayal Sharma
Azaad Desh Ke Gulam Bharti Bhandari
Amiri Garibi Sona
Aag Ka Darya
1991 Yeh Aag Kab Bujhegi Professor Radha
Phool Bane Angaray Namrata Singh Номзадӣ, Filmfare Best Actress Award
1992 Insaaf Ki Devi Sadhana Verma
1993 Geetanjali Anjali Mehra/Geeta Bhardwaj
1994 Madam X Madam X/Sonu Нақши дугона
1995 Nishana Bharti
Ab Insaf Hoga Jankidevi Prasad
1996 Aurat Aurat Aurat Sita Vajpai
Khiladiyon Ka Khiladi Maya Ғолиб, Filmfare Best Supporting Actress Award
Kama Sutra: A Tale of Love Rasa Devi (Омӯзгор)
1997 Aastha: In the Prison of Spring Mansi
Udaan Varsha Sahay
1998 Qila Yamini
1999 Mother Asha Britannia
2000 Bulandi Lakshmi
2001 Zubeidaa Maharani Mandira Devi
Censor Ms. Shrivastav
Mujhe Meri Biwi Se Bachaao Kamini Mathur
Lajja Ramdulaari Номзадӣ, Filmfare Best Supporting Actress Award
2002 Dil Hai Tumhaara Saritaji
2003 Bhoot Sarita
Koi... Mil Gaya Sonia Mehra Номзадӣ, Filmfare Best Supporting Actress Award
2005 Bachke Rehna
Re Baba
Rukmini/Richa/Gurpreet
Parineeta Moulin Rouge singer in "Kaisi Paheli Zindagaani" Намоиши махсус
2006 Kudiyon Ka Hai Zamana Mayuri
Krrish Sonia S. Mehra Номзадӣ, Filmfare Best Supporting Actress Award
2007 Yatra Lajwanti
Om Shanti Om Камео
2010 Sadiyaan Amrit
2013 Krrish 3 Sonia Mehra
2014 Super Nani Bharti Bhatia
2015 Shamitabh Худ
2018 Yamla Pagla Deewana: Phir Se Камео дар "Rafta Rafta Medley"

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Record #61838591 // VIAF(бис.)[Dublin, Ohio]: OCLC, 2003.
  2. Notable Names Database (ингл.) — 2002.
  3. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  4. Who is Rekha?(пайванди дастнорас — таърих). NDTV (10 октябри 2012).
  5. Sahadevan, Sonup. When a 15-year-old Rekha was allegedly molested by actor Biswajeet, The Indian Express (9 Декабри 2016). Бойгонӣ шудааст 26 сентябри 2020  сол. Проверено 25 Декабри 2016.
  6. Raaj, Shaheen. Rekha: timeless beauty. Deccan Herald(пайванди дастнорас — таърих) (12 июни 2005).
  7. First look: 'Super Nani' theatrical trailer released … — Mid-Day(пайванди дастнорас — таърих).
  8. Dinesh Raheja, Jitendra Kothari. The Hundred Luminaries of Hindi Cinema.
  9. Ever gorgeous(англ.). The Hindu (16 October 2010). 4 июли 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 июни 2011.
  10. Hindustan Times.com — Specials: Amitabh Bachchan
  11. News, Breaking News, National news, Latest Bollywood News, Sports News, Business News & Political News | Times of India(пайванди дастнорас — таърих). 4 июли 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 апрели 2012.
  12. Rekha on Rekha(англ.). Rediff.com(пайванди дастнорас — таърих) (7 June 2004).
  13. Usman, 2016, p. 34.
  14. Nathan, Archana Rekha before Bollywood: A gawky teenager, a Bond girl. Scroll.in (10 October 2017).
  15. Want to return to Tollywood: Rekha, The New Indian Express (18 November 2019).
  16. Ganti, 2004, p. 133.
  17. Usman, 2016, p. 47.
  18. 18.0 18.1 Usman, 2016, p. 64.
  19. Zameen Aasman (1972). Bollywood Hungama.
  20. Gora Aur Kala (1972). Bollywood Hungama.
  21. Usman, 2016, p. 65.
  22. 22.00 22.01 22.02 22.03 22.04 22.05 22.06 22.07 22.08 22.09 22.10 22.11 22.12 22.13 22.14 22.15 22.16 Rajadhyaksha, Willemen, p. 186.
  23. 23.0 23.1 23.2 Usman, 2016, p. 72.
  24. Kohli, Suresh. Dharma (1973), The Hindu (2 May 2013).
  25. Anokhi Ada (1973), The Hindu (15 September 2016).
  26. Lokapally, Vijay. Namak Haraam (1973), The Hindu (26 June 2014).
  27. Lokapally, Vijay. Woh Main Nahin (1974), The Hindu (15 October 2015).
  28. Usman, 2016, p. 121.
  29. Desi superheroes of Bollywood.
  30. Usman, 2016, p. 82.
  31. Kohli, Suresh. Dharmatma (1975), The Hindu (17 January 2013).
  32. Usman, 2016, p. 74.
  33. Kumar, Anuj. Aakraman (1975), The Hindu (29 June 2017).
  34. Salam, Ziya Us. Dharam Karam (1975), The Hindu (18 February 2016).
  35. Usman, 2016, p. 81.
  36. Aaj Ka Mahaatma (1976). British Film Institute. 8 июли 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 феврали 2023.
  37. Ram Bhorose (1977). British Film Institute.
  38. 38.0 38.1 38.2 Usman, 2016, p. 97.
  39. 39.0 39.1 39.2 Usman, 2016, p. 94.
  40. 40.0 40.1 40.2 Usman, 2016, p. 92.