Уктамҷон Пулодов
Уктамҷон Пулодов | |
Таърихи таваллуд: | 25 август 1936 |
Зодгоҳ: | Хуҷанд |
Таърихи даргузашт: | 2 август 1999 (62 сол) |
Навъи фаъолият: | бостоншинос, муаррих, рӯзноманигор |
Уктамҷон Пулодов — (20 августи 1936- 2 августи 1999, Хуҷанд) — бостоншинос, муаррих, рӯзноманигор ва тарҷумон, докторӣ илмҳои таърих (1995), профессор (1996). Собикадори кор. Узви ИР ИҶШС (1973).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]ДДОЛ ба номи С. М. Кировро хатм кардааст (1959). Ходими илмӣи осорхонаи таърихию кишваршиносии в. Ленинобод (1959-61), асссистенти кафедраи таърихи ИҶШС -и ДДОЛ (1961—1962), аспирант (1962—1965), ходими хурди илмӣ (1965—1969), ходими калони илмӣи Пажуҳишгоҳи таърихи АУ ҶШС Тоҷикистон (1976—1985), мудири шуъбаи таърихи ЭСТ (1969—1976). Аз с.1995 дотсент ва сипас профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров. Дар тахия ва чопи чилдҳои нахустини алифбои ва чилди махсуси чашнии ЭСТ «Таджикская ССР» иштирок кардааст. Иштироккунандаи тахкикоти экспедитсияи комплексии бостоншиносии Тоҷикистони Шимоли (1965—1984), экспедитсияи бостоншиносии Панчакент (1986—1991), экспедитсияи бостоншиносии Афгонистони Шимоли (1974—1979). Муаллифи бештар аз 350 асари илмӣ ва илмӣю оммави оид ба бостоншиносии куруни вустои Осиёи Миёна, таърих ва таърихи маданияти халқи тоҷик. Баъзе асарҳояш дар Эрон, Чехословакия, Олмон чоп шудаанд. Асарҳои А. П. Чехов, нависандагони араб, хинд, арман, романи А.Безуглов «Додситон», як катор филмҳои бадеиро ба тоҷики тарчума кардааст. Иштироккунандаи бисёр конфронсу хамоишҳои байналхалқи. Бо нишони сарисинагии Вазорати маълумоти оли ва махсуси ИҶШС такдиронида шудааст. Шахрванди фахрии ш. Линколни Иёлати Небраскаи ИМА (1999). Дар тахияи комуси «Хуҷанд» сахми назаррас гузоштааст.
Осори илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Уртакурган и Тирмизактеппа. (Материальная культура Уструшаны, вып.2). -Д., 1973 (соавтор);
- Чильхуджра (Материальная культура Уструшаны, вып.3). -Д., 1975;
- Камолиддин Бехзод. -Д., 1978; Санъати меъмории халқи тоҷик. -Д., 1978;
- Древности Шахристана. -Д., 1984;
- Что такое икта, суюргал и танхох. -Худжанд, 1998 (в соавтор.);
- Материальная культура тадж. народа в VI-нач. VIII в. — Худжанд, 1998.[1]