Чарлз Гловер Баркла
англ. Charles Glover Barkla | |
Таърихи таваллуд | 7 июн 1877[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 23 октябр 1944[1][2][3][…] (67 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | atomic physics[d] ва физики ҳастаӣ[d] |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Oliver Lodge[d] |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Чарлз Гловер Ба́ркла (англ. Charles Glover Barkla; 1877—1944) — физикдони англис.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Чарлз Гловер Баркла хатмкардаи Донишгоҳи Ливерпул (1899). Солҳои 1899 −1902 таҳти роҳбарии Ҷ. Ҷ. Томсон дар Донишгоҳи Кембриҷ кор кардааст. Солҳои 1909-13 профессор физикаи Коллеҷи шоҳии Донишгоҳи Лондон ва аз соли 1913 то охири умр мудири кафедраи натурфалсафаи Донишгоҳи Эдинбург буд. Дар соҳаи физикаи атом, физикаи ядро ва афканишоти рентгенӣ таҳқиқот гузарондааст. Чарлз Гловер афканишоти тавсифии рентгении унсурҳои кимиёӣ ва таркиби флюуорессентии афканишоти парокандаи рентгениро кашф кард. Барои кашф ва таҳқиқоти афканишоти тавсифии рентгенӣ сазовори Чарлз Гловер Баркла Ҷоизаи Нобел дар бахши физика гардид (1917). Ӯ инчунин қутбнокшавии афканишоти рентгениро ошкор намуд, ки барои тавсифи нурҳои рентгенӣ ҳамчун афканишоти электромагнитӣ аҳаммияти калон дошт.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Архив по истории математики Мактьютор — 1994.
- ↑ 2.0 2.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 3.0 3.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баркла Чарлз Гловер // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 7 июн
- Зодагони соли 1877
- Зодагони Англия
- Даргузаштагони 23 октябр
- Даргузаштагони соли 1944
- Даргузаштагони Британияи Кабир
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Барандагони Ҷоизаи Нобел дар бахши физика
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Мақолаҳои хурд дар бораи донишмандон
- Олимони Британиёи Кабир
- Олимони асри XX