Ғайбулло Афзалов
Афзалов Ғайбулло Авзалович | |
Таърихи таваллуд | 10 декабр 1948 |
Зодгоҳ | ноҳияи Балҷувон |
Афзалов Ғайбулло (10 декабри соли 1948, ҷамоати деҳоти Сарихосори ноҳияи Балҷувон) — ходими давлатӣ, сиёсатмадор, номзади илмҳои кишоварзӣ (2000). Корманди шоистаи ҶТ (1998).
Факултети байтории Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло ДАТ, 1969) ва Институти сиёсатшиносӣ ва роҳбарии шаҳри Тошканд (1991)-ро хатм кардааст. Фаъолияти кориашро соли 1969 аз вазифаи сардухтури байтории ноҳияи Темурмалик оғоз карда, солҳои 1970–73 сарбайтори хоҷагии зотпарварии «Ҳисор»-и ноҳияи Фархор, 1973–1975 сардори Идораи байтории ноҳояи Фархор, 1975–1977 сардухтури байтории вилояти Кӯлоб, 1977–86 сардори Раёсати хоҷагии қишлоқи вилояти Кӯлоб буд. Минбаъд то соли 1991 дар вазифаи роҳбарии ҳизбию давлатии ноҳияҳои Восеъ ва Кӯлоб кор кардааст. Солҳои 1991–1992 директори генералии Иттиҳодияи хоҷагии қишлоқи вилояти Кӯлоб, 1992–93 раиси колхози ба номи Ғайрат Сафарзодаи ноҳияи Восеъ, 1993–1995 ҷонишини раиси Комиҷроияи вилояти Хатлон, 1995–2000 директори генералии Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали ҶТ, 2000–2002 раиси ноҳияи Ҷилликӯли вилояти Хатлон буд. Ду даъват вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Солҳои 2002–05 узви Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ ва 2005–06 муовини раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ ва шуғли аҳолии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз декабри 2006 аввал иҷрокунанда, аз 27 феврали 2007 раиси вилояти Хатлон мебошад. Дар таҳия ва қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои соҳавӣ ва дигар санадҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ иштирок кардааст.
Бо медалҳои «Барои меҳнати шоён» (1980), «10-солагии Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2002), нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2010) сарфароз гардидааст.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.