Jump to content

Ҷузеппе Гарибалди

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷузеппе Гарибалди
итол. Giuseppe Garibaldi
3 феврал 1871 — 18 феврал 1871
29 март 1860 — 23 апрел 1860
1 июл 1860 — 17 декабр 1860
27 январ 1861 — 7 январ 1864
9 март 1864 — 7 сентябр 1865
23 декабр 1865 — 13 феврал 1867
8 апрел 1867 — 24 ноябр 1868
19 декабр 1874 — 3 октябр 1876
12 ноябр 1876 — 2 май 1880
23 май 1880 — 2 июн 1882

Таваллуд 4 июл 1807(1807-07-04)[1][2][3][…]
Даргузашт 2 июн 1882(1882-06-02)[1][2][5][…] (74 сол)
Мадфан
Ҳамсар Anita Garibaldi[d], Giuseppina Raimondi[d] ва Francesca Armosino[d]
Фарзандон Ricciotti Garibaldi[d], Rosa Garibaldi[d], Teresa Garibaldi[d], Clelia Garibaldi[d], Manlio Garibaldi[d], Rosita Garibaldi[d], Anita Garibaldi[d] ва Menotti Garibaldi[d]
Ҳизб
Соядаст
Ҷоизаҳо
Навъи артиш Royal Sardinian Army[d], Royal Italian Army[d], privateer[d] ва нерӯи заминӣ
Рутба Дарёсолор, генерал-майор ва генерал
Фармондеҳӣ National Navy of Uruguay[d], Hunters of the Alps[d], Redshirts[d], Army of the Vosges[d], International Legion[d] ва Нерӯи дарёӣ
Набардҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викитека Осор дар Викитека

Ҷузе́ппе Гариба́лди (итол. Giuseppe Garibaldi; 4 июл 1807, Нис — 2 июни 1882, ҷазираи Капрера) — генерал, қаҳрамони халқии Итолиё.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1833 ба ҷамъияти «Итолиёи ҷавон»-и Ҷузеппе Мадзини дохил шуда, ба муборизаи озодихоҳона ҳамроҳ гардид. Соли 1834 ҳамроҳи Ҷ. Мадзини ба Савойя ҳуҷум карда, пас аз нокомӣ ва маҳкумият ба қатл аз Итолиё фирор кард. Муддате дар оворагӣ ба сар бурда, пас аз он дар ҷанги ҷумҳурии Риу-Гранде ду Сул бар зидди Бразилия ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Уругвай иштирок намуд. Аз оғози инқилоби солҳои 1848-49 ба Итолиё омада, дар ҷанги Итолиё ва Австрия ҳамчун роҳбари дастаҳои ихтиёрӣ ширкат кард. Яке аз ташаббускорони эълони ҷумҳурии Рум ва роҳбарони мудофиаи Рум аз ҳуҷуми фаронсавиҳо. Пас аз шикасти ҷумҳурӣ боз рӯ ба фирор овард. Соли 1854 ба ватан баргашта, дар ҷазираи Капрера маскун шуд ва барои мубориза баҳри муттаҳид кардани Итолиё омодагӣ медид. Дар ҷанг бар зидди Австрия ва Фаронса дар соли 1859 фармондеҳи корпуси тирандозии шоҳи Пйемонт Виктор Эмануили ІІ буд. Соли 1860 таҳти роҳбарии ӯ дастаи ҳазорнафара ба ҷазираи Ситсилия ҳуҷум карда, онро тасарруф намуданд. Пас аз он Ҷузеппе Гарибалди ба самти нимҷазираи Аппенин ҳаракат карда, қувваҳои Неаполро шикаст дод ва онҳоро то Капуя маҷбур ба ақибнишинӣ кард. Тамоми минтақаи тасарруфнамудаи Ҷузеппе Гарибалди ба тобеияти шоҳ Виктор Эмануили ІІ даромад ва ниҳоят шоҳигарии муттаҳидаи Итолиё таъсис ёфт. Соли 1866 дар ҷанг бо Австрия ширкат карда, шикаст хӯрд. Дар асоси конвенсияи бо Наполеон имзогардида ҳукумати Итолиё вазифадор шуд, ки ба вилояти Папа ҳуҷум накунад ва онро дар мавриди ҳамлаи берунӣ муҳофизат намояд. Аммо Ҷузеппе Гарибалди соли 1867 мустақилона ба Рум ҳамла карда, қув-ваҳои Папаро дар Монтеротондо торумор намуд. Дар наздикии Ментана аз ҷониби фаронсавиҳо шикаст хӯрд ва ҳамлаи ӯ ба Рум ба нокомӣ анҷомид. Дар ҷанги Фаронса ва Пруссия (1870-71) фармондеҳи артиши Вогези фарон-савиҳо буд. Солҳои охири ҳаёташро дар ҷазираи Капрера гузаронида, ба эҷодиёт машғул буд. Номи Ҷузеппе Гарибалди рамзи мубориза барои озодӣ ва истиқлоли миллии итолиёиҳо гардидааст.

  • Мемуары. М., 1966 (бо забони русӣ).
  • Лурье А. Гарибальди. М., 1957.