Jump to content

Анбиқ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нусхаи вироиш аз 09:12, 6 Январ 2021 тавассути VASHGIRD (баҳс | ҳисса) (top: ислоҳи вожаҳо using AWB)
(фарқият) ←Нусхаи кӯҳнатар | Намоиши нусхаи феълӣ (фарқият) | Нусхаи навтарин→ (фарқият)

Анбиқ — асбобест барои бо роҳи тақтир ба ҷузвҳои таркибӣ ҷудо кардани омехтаи моеъҳо. Дар А. омехтаи моеъҳоро то ҷӯшидан гарм мекунанд. Моеъҳое, ки ҳарор. ҷӯшишашон гуногун аст, аз омехта тадриҷан буғ шуда, пас аз сард шудан дар конденсатор боз ба моеъ табдил меёбанд. Дар Осиёи Миёна, Эрон, Афғонистон, Покистон ва дигар мамлакатҳои Шарқ А. чун асбоби гулобкашӣ маъмул аст. А. дар саноати хӯрокворӣ (барои ҳосил кардани равғанҳои эфир, спиртҳо ва ғайра), коркарди нефт, химияи чӯб ва ғ. низ истифода мешавад.