Анбиқ
Зоҳир
Анбиқ — асбобест барои бо роҳи тақтир ба ҷузвҳои таркибӣ ҷудо кардани омехтаи моеъҳо. Дар А. омехтаи моеъҳоро то ҷӯшидан гарм мекунанд. Моеъҳое, ки ҳарор. ҷӯшишашон гуногун аст, аз омехта тадриҷан буғ шуда, пас аз сард шудан дар конденсатор боз ба моеъ табдил меёбанд. Дар Осиёи Миёна, Эрон, Афғонистон, Покистон ва дигар мамлакатҳои Шарқ А. чун асбоби гулобкашӣ маъмул аст. А. дар саноати хӯрокворӣ (барои ҳосил кардани равғанҳои эфир, спиртҳо ва ғайра), коркарди нефт, химияи чӯб ва ғ. низ истифода мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Анбиқ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.