Jump to content

Таърихи театр дар Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Таърихи ташаккул ва инкишофи театр дар Тоҷикистон ба 6 давра ҷудо мешавад:

  • Пайдоиши театри шўравии тоҷик (1919-1929);
  • Ташаккули театри касбӣ;
  • Рафъи мушкилот ва инкишофи баъдина (1934-1936);
  • Бо роҳи реализми сотсиалистӣ (1937-1941);
  • Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945);
  • Солҳои баъд аз ҷанг.
  • Солҳои бунёдкорӣ (1960-1970),
  • Давраи бозсозӣ (1970-1990)
  • Замони истиқлол (1991- то ҳоло)

Замони шӯравӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Театрро ба халқи тоҷик Инқилоби Октябрь эҳдо кард. Вале ин чунин маъноеро надорад, ки тоҷикон то инқилоб театри худро надоштанд. Заминаи асосии театри касбии тоҷик – анъанаҳои театри масхарабозҳо ва лўхтакбозҳо мебошанд. Тамошоҳои онҳо аз саҳнаҳои хурди ҳаҷвӣ, нақли ягон афсона ё воқеа иборат буд. Дар байни мардуми тоҷик намоишномаҳои ҳаҷвии «Нишаллопазӣ», «Раис», «Хатм», «Бобопирак» то солҳои авали Ҳокимияти Советӣ» хеле паҳн шуда буданд.

7 ноябри соли 1929 дар пойтахти Тоҷикистон аввалин театри касбии тоҷик таъсис меёбад (театри ба номи А. Лоҳутии имрўза). Бинои ин театр дар «Хонаи депҳқонон» (бинои театри русии ба номи В. Маяковский, ки ду сол пеш чаппа карда шуд) воқеъ буд ва аввалин спектакли калони вай драмаи «Ду коммунист» ном дошт. Дар он солҳо ташкили театр ва пайдо намудани ҳунармандон кори осон набуд. Баромади занҳо рўи саҳна аз нигоҳи суннатҳои қадимӣ умуман ғайри имкон буд. Ҳайати театр аз ҷумлаи артистони тоҷикӣ театрҳои Бухорову Самарқанд ва ҳаваскорон оҳиста-оҳиста зиёд мешуд. Барпокунанда ва аввалин режиссёри театри тоҷик Ҳомид Маҳмудов мебошад. Ба театри нави тоҷик пасу пеш Г. Бақоева, С. Тўйбоева, Ҳ. Раҳматуллоев, М. Қосимов,А. Бурҳонов, М. Халилов, Л. Латифов, А. Азимова ва дигарҳо меоянд. Дар ташаккул ёфтани театри касбии тоҷик саҳми режиссёрон ва бастакорони рус – Е. Мительман, А. Ленский, С. Баласанян калон аст[1].

Замони истиқлол

[вироиш | вироиши манбаъ]

Феълан дар Тоҷикистон 16 театри касбӣ ва 26 театри халқӣ фаъолият мекунанд, ки Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, Театри давлатии драмаи русии ба номи В. В. Маяковский, Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Хуҷанд ба номи Камоли Хуҷандӣ, Театри давлатии мусиқӣ -драмавии ба номи Т. Фозиловаи ш. Конибодом, Театри драмаи мусиқии ноҳияи Спитамен ба номи Шукур Бурҳонов, Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Ато Муҳаммадҷонов, Театри мусиқию мазҳакавиии шаҳри Хоруғ ба номи Меҳрубон Назаров, Театри мусиқию мазҳакавии шаҳри Кӯлоб ба номи Саидалӣ Вализода, Театри давлатии «Лӯхтак», Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара, Театри давлатии тамошобини ҷавон «Аҳорун» ба номи Муҳаммадҷон Қосимов, Театри давлатии намунавии минатураи «Оина» аз ҷумлаи онҳост. истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоии кишвар дигаргуниҳои зиёде ба вуҷуд овард. Аз ҷумла, театри тоҷик мустақил гардид. Яъне, он дар интихоби драма, ҳунарпеша (актёр), басаҳнагузорӣ, сафарҳои эҷодӣ озодӣ ба даст овард. Дар барномаҳои он намоишномаҳои асарҳои худӣ ва рӯҳи миллидошта бештар ва пурқувват гардид. Аммо кори театр ва робитаи он бо тамошобин то андозае ба мушкилот рубарў шуд. Ин аст, ки баъзе аз ҳунармандон андешае ҳосил намуданд, ки театр рисолаташро аз даст додааст. Дар кишвар фестивал-озмунҳои ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ бо номи «Парасту», ки соли 1988 бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи арбобони театрии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буд, дар ду сол як маротиба баргузор мегардад.[2]