Роза Отунбоева
Роза Исаковна Отунбаева | |
3 июли 2010 — 1 декабри 2011 | |
Нахуствазир |
худи ӯ (2010) Алмосбек Отамбоев (2010—2011) |
Пешгузашта | Курмонбек Боқиев |
Ҷонишин | Алмосбек Отамбоев |
7 апрел — 17 декабри 2010 | |
Президент |
Қурмонбек Боқиев худаш |
Пешгузашта | Дониёр Ҳусейнов |
Ҷонишин | Алмосбек Отамбоев |
декабри 2007 — майй 2010 | |
Ёвари намояндаи махсуси Дабири Кулли СММ оид ба ҳалкунии низоъ дар Гурҷистон/Абхозистон
|
|
майи 2002 — сентябрь 2004 | |
1997 — 2002 | |
Президент | Аскар Акаев |
майи 1994 — 1997 | |
Нахуствазир | Ҷумъагулов Апас |
Президент | Аскар Акаев |
Нахуствазир | Турсунбек Чинбишев |
Президент | Аскар Акаев |
Пешгузашта | Аднон Қарабоев |
Ҷонишин | Муродбек Имоналиев |
майи 1994 — июли 1992 | |
Президент | Аскар Акаев |
|
|
Таваллуд |
23 август 1950[1][2] (74 сол) |
Ном ҳангоми таваллуд | қирғ. Роза Исаковна Отунбаева |
Ҳизб |
беҳизб, КПСС (то 1991) |
Таҳсилот | |
Эътиқод | Агноститсизм |
Ҷоизаҳо | |
Ҷойҳои кор | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Роза Исаковна Отунбаева (23 август 1950, Ош, ҶШС Қирғизистон) — ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, сиёсатмадори Қирғизистон, собиқ Президенти Қирғизистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Роза Исаковна Отунбаева (23 августи соли 1950, дар ш. Ош, Қирғизистон)таваллуд шудааст.[3]. Ӯ дар оилаи нухбагони Қирғизистони Шӯравӣ ба дунё омадааст. Падари Отунбоева узви Додгоҳи Олӣ буд ва ӯ дар шароити нисбатан роҳат бузург шудааст. Мактабро дар ш. Ош хатм кардааст[4]. Соли 1972 факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Москваро (МГУ) хатм карда ба аспирантураи ҳамин Донишгоҳ дохил мешавад. Дар Олмон таҷрибаомӯзӣ кардааст.[5]. Ӯ дар вазифаҳои гуногуни дипломатӣ кор карда, инчунин ҳамчун сафири Дабири кулли СММ дар Гурҷистон адои вазифа намудааст. Ӯ дар баробари забонҳои русиву қирғизӣ бо забони англисӣ озод суҳбат мекунад ва зимни суханронӣ дар ҷаласаҳои бонуфузи байналмилалӣ ба тарҷумон ниёз надорад.
То расидан ба мақоми раисҷумҳур Роза Отунбоева дар аҳди ду президенти ахири кишвар, Аскар Акаев ва Қурмонбек Боқиев, ба сифати вазири умури хориҷӣ ва сафири Қирғизистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Британияи Кабир фаъолият карда буд. Аммо дар ҳар ду ҳукумат низ аз баҳри вазифа гузашт ва бо мухолифон пайваст. Ӯ баъди истеъфо аз мақоми дипломатӣ дар соли 2004 ҳамраиси ҷумбиши “Ота Ҷурт” ("Ватан") ва дар соли 2006 ҳамраиси ҳизби “Асаба” буд. Соли 2007 ҳамчун узви Ҳизби сотсиал-демократ намояндаи парлумон интихоб шуд.</ref>. Мактабро дар Ош хатм кардааст[5].
Президенти Қирғизистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар натиҷаи тазоҳуроти зиддиҳукуматии Президент Қурмонбек Боқиев 7 апрели соли 2010 раиси Ҳукумати муваққати Қирғизистон шуд. Роза Отунбоева, нахустин раиси ҷумҳурии зан дар қаламрави Осиёи Марказӣ муддати якуним сол – аз моҳи майи соли 2010 то декабри соли 2011 президенти Қирғизистон буд.[6] Бузургтарин мушкиле, ки Отунбоева баъди расидан ба қудрат дошт, таҳкими суботу оромӣ дар кишвар ва ҷилавгирӣ аз суқути иқтисод буд. Ӯ зоҳиран, аз қавмпарастӣ ва фасодкорӣ орӣ аст, аз иллате, ки қариб ҳамаи раҳбарони минтақа ба он гирифтор шудаанд. Ӯ ба хотири ҳифзи пули давлат, бо ҳавопаймоҳои маъмулӣ ба хориҷа сафар мекард. Отунбоева ба хабарнигорони "Радиои Озодӣ" чунин гуфтааст.
«Мо моҳи ноябр (2011) интихоботи президентӣ баргузор мекунем, ман бояд аз ин мақоми раёсати ҷуҳмур канор биравам. Ман мехоҳам ин дафъа барои ин бахши ҷаҳон намунае бошам, ки аз мақом рафтан ва бо қудрат “падруд” гуфтан имкон дорад. Ин муҳимтарин амалест, ки бояд дар Осиёи Марказӣ анҷом шавад»
[5]. Моҳи декабри соли 2011, баъд аз интихоботи навбатӣ ба мансаби Президенти Қирғизистон аз мақомаш рафт ва ба ҷои ӯ дар курсии аввал дар ин кишвар президенти навинтихобшуда Алмосбек Отамбоев нишаст.
Фаъолияти ҷамъиятӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳоло ин сиёсатмадори Қирғизистон раҳбарии Бунёди «Ташаббуси Роза Отунбоева»-ро ба уҳда дорад, ки бар сари мушкилоти иҷтимоии ҷомеа – кӯдакону занон тамаркуз кардааст.[6]
Оила
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз шавҳараш ҷудо шудааст. Модари як духтар Карачач ва писар Атай мебошад.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Интервью с Розой Отунбаевой 04.02.2005: «Из-за наших митингов ӯ Акаева была истерика» Бойгонӣ шудааст 21 ноябри 2007 сол.
- Интервью с Розой Отунбаевой 29.03.2005: «Мы хотели, чтобы киргизская революция была красивой»
- Интервью с Розой Отунбаевой 24 марта 2005: «Это не крестьянское восстание» Бойгонӣ шудааст 29 сентябри 2007 сол.
- Интервью с Розой Отунбаевой 12 января 2010: «Роза Отунбаева: Исмаил Исаков стал жертвой мести»
- Тень Коканда над Киргизией ЭХО планеты Бойгонӣ шудааст 13 апрели 2010 сол.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ Munzinger Personen (нем.)
- ↑ Александр Князев. Государственный переворот 24 марта 2005 г. в Киргизии Бойгонӣ шудааст 8 марти 2012 сол.. Бишкек, 2007. С. 46.
- ↑ У нас в гостях Отунбаева Роза Исаковна(пайванди дастнорас), Форум — «Открытый Кыргызстан», on-line интервью
- ↑ 5.0 5.1 5.2 Шукуфаҳо ва хорҳои як соли Роза Отунбоева(пайванди дастнорас)
- ↑ 6.0 6.1 Отунбоева: "Бо рафтани президент умри сиёсии ӯ ба охир намерасад"
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 23 август
- Зодагони соли 1950
- Зодагони Иттиҳоди Шӯравӣ
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Президентҳои Қирғизистон
- Ходимони давлатии Қирғизистон
- Сиёсатмадорони Қирғизистон
- Дипломатҳои Қирғизистон
- Вазирони корҳои хориҷӣ
- Сиёсатмадорони асри XXI
- Сарварони асри XXI